Home News Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо њайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2021-02-01
3272

       Рўзи 30 январи соли 2021 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдукодирзода баргузор гардид.

        Маҷлис ба масъалаҳои шарҳи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз нуқтаи назари Ислом ва муқовимат бо экстремизми динӣ ва терроризм, инчунин пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои радикалӣ бахшида шуда буд.

        Зимни суханронии худ Раиси Шўрои уламо қайд карданд, ки экстремизм ва терроризм, ки таҳти шиорњои исломї амал мекунанд, нерӯи харобиовари ақлу ҷисми инсон мебошанд ва бояд ба муќобили ин падидањо мубориза бурд.

"Идеологҳои экстремизм ва терроризм ғояҳои таҳаммулнопазириро ба вуҷуд меоранд, ба хориҷ кардани намояндагони динҳои дигар аз сарзаминҳое, ки дар он ҷо мусалмонон зиндагӣ мекунанд, даъват мекунанд ва бо мақомот мубориза эълон мекунанд, ки ин метавонад ба мушкилот оварда расонад" - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Раиси Шўрои уламо мусалмонони Тоҷикистон, мубориза бо ин падидаҳо бидуни корҳои густурдаи тарбиявӣ, огоҳ кардани табақаҳои васеи ҷомеа, бахусус ҷавонон, аз арзишҳои ҳамсоягии нек, таҳаммулпазирии мазҳабӣ, муколама ва ҳамкорӣ ғайриимкон аст.

"Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд дар тарбияи ҷавонон ва аз байн бурдани чунин падидаҳои харобиовар, аз қабили экстремизм ва терроризм саҳмгузор бошем", - таъкид дошт ӯ.

Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода дар суханронии худ ҳамчунин дар бораи корҳои анљомдодаи Шӯрои уламои кишвар дар мавриди ба ҷавонон расонидани арзишҳои воқеию аслии Ислом ва мазҳаби ҳанафӣ, равона сохтани онҳо ба созандагӣ, бунёдкорӣ ва дурӣ аз ҳар гуна гурӯҳҳои тундрав ва вазифаҳое, ки барои мо аҳамияти иҷтимоӣ доранд, қайд карданд.

 

Pray time in Dushanbe

16.04.2024

More
Fajr04:14
Zuhr12:40
Asr17:14
Maghrib19:13
Isha20:44
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More