Home News Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди қурбон

Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи Иди саиди қурбон

Қарори  Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи рўзи  Иди саиди қурбон
2021-07-14
4121

      Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон қарор қабул кард. Раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аъзои Шўроро ба муносибати даҳаи Зулҳиҷҷа ва омад-омади Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфтанд. Раиси Маркази исломӣ қайд карданд, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи Иди саиди қурбон дар кишвар ба рўзи сешанбе 20-уми июл рост меояд.

          Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи сешанбе 20-уми июли соли 2021 таҷлил карда шавад.
  2. Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 06:30 дақиқа муайян карда шавад.

        Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шўро ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Pray time in Dushanbe

23.04.2024

More
Fajr04:01
Zuhr12:40
Asr17:21
Maghrib19:20
Isha20:51
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More