Home News Саидмукаррам Абдулқодирзода: «Наҳзат барои фош нашудани амалҳои душманонааш ходимони давлатӣ ва олимонро ба қатл мерасонид»

Саидмукаррам Абдулқодирзода: «Наҳзат барои фош нашудани амалҳои душманонааш ходимони давлатӣ ва олимонро ба қатл мерасонид»

Саидмукаррам Абдулқодирзода: «Наҳзат барои фош нашудани амалҳои душманонааш ходимони давлатӣ ва олимонро ба қатл мерасонид»
2019-02-07
1022

6 феврали соли равон ҷиҳати пешгирии амалҳои тахрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ дар толори Муфтиёти Ҷумҳурии Туркия Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — Туркия: муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардид. Дар он Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён, Раиси Шӯрои маҷлиси Муфтиёти Туркия Экрем Келеш, Сардори Сарраёсати муносибатҳои байналмилалии Муфтиёти Туркия Эрдал Аталай ходимони дин, олимон ва дигар маъмурияти Муфтиёти Туркия ширкат доштанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зимни суханронӣ дар он нишаст таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Туркия дар масъалаҳои вобаста ба мубориза ба зидди терроризм ва ифротгароии хушунатомез мавқеи ҳамсон доранд. Кишвари мо дар раванди мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар симои Туркия шарики боэътимоди хешро мебинад ва аз талошҳои кишвари дӯст барои истиқрори сулҳу субот дар минтақаи Шарқи Наздик ҷонибдорӣ менамояд. Зеро Тоҷикистону Туркия дар мубориза ба зидди терроризм ва ифротгароӣ манфиатҳои муштарак доранд, ки ниҳояташ ободиву оромӣ ва сулҳу субот дар минтақаву ҷаҳон аст.

Абдулқодирзода, ки дар мавзӯи “Тоҷикистон — Туркия: муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” суҳбат мекард, афзудки “Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми шарифи он аз ибтидо кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ дар кишвари дӯсту бародари Туркияро маҳкум карда, ҷонибдориашро аз ҳукумати қонунии он баён намуд ва омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар самти мубориза бо ин падидаи шум эълон намуд. Ҳамин тартиб, кишвари мо низ аз ҳамкории ҷониби Туркия дар раванди мубориза бо омилони амалҳои террористӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд”.

Ба гуфтаи ӯ, терроризм ва ифротгароии хушунатомез (экстремизм) тӯли чанд соли охир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида, ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гардида, амалҳои террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси ба ҳам задани низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта, аз ҷумла занон ва кӯдакон гардидаву рушди минбаъдаи кишварҳоро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст:

“Ин амалҳо собит месозанд, ки терроризм ҳама арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар менамояд. Амалҳои харобиовари ин ҳаракатҳо ва гурӯҳҳо тақрибан ба идеологияе мубаддал гардидаву дар минтақаҳои гуногуни сайёра пайравони худро пайдо мекунад”, — афзуд Абдулқодирзода.

Махсус таъкид гардид, ки омили аз ҳама таҳаммулнопазир дар ин раванд роҳандозии амалҳои террористӣ ҳам аз ҷониби кишварҳои алоҳида ва ҳам аз ҷониби гурӯҳу ҳаракатҳои номатлуб буда, аммо ба номи дини муқаддаси ислом рабт дода мешавад. Ҳол он ки Паёмбари гиромии ислом (с) фармудаанд: “Аз уммати ман нест касе, ки байни мусулмонон тафриқаангезӣ мекунад”.

Онҳое ин иттиҳомро ба муқобили ислом нигаронидаанд, ғофил аз онанд, ки дини муқаддаси илоҳӣ аз ибтидои зуҳури худ аз арзишҳои баланди ҳифзи ҷон, мол ва эътибори инсон ҳимоят мекунад:

“Ифротият ва терроризм ҳеҷ созгорӣ бо ислом ва рӯҳияи динӣ надошт ва надорад. Аъмоли хушунатомез ва бардоштҳои ифротӣ ҳеҷ ҷойгоҳе дар дини муқаддаси ислом надорад”, – гуфт Абдулқодирзода ва ба ҳайси далел аз ояти 256-уми сураи “Бақара”мисол овард, ки “Дар дин ҷабр кардан (раво) нест”.

Ва ҳам афзуд:

“Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст” (Сураи Нисо, ояти 93).

“Бар асоси ин оятҳо метавон таъкид намуд, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, тахрибкории имрӯзаи гурӯҳҳо, созмону ҳаракатҳои ба ном “исломӣ” роҳи ғалат буда, бар мухолифи аҳдофи олии дини муқаддас сурат мегиранд”,-таъкид кард Раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки “… терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад”.

Бешубҳа, агар имрӯз аз як тараф кӯшишҳои исломӣ сохтани фаъолиятҳои террористӣ, раванди идорашавандаи қудратҳои алоҳидаи сиёсии манфиатдор дар муқобили ислом бошад, аз тарафи дигар, натиҷаи суиистифода аз номи муқаддаси дин бардоштҳои нодуруст аз номи ислом, дин ва шариат аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида дар роҳи дастрасӣ ба ҳадафҳои ғаразноки онҳо мебошад. Барои мисол, гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Шарқи наздик маҳз бо истифода аз ин ном амнияту суботи минтақаро барҳам зада, амалҳои харобиовар анҷом медод.

Дар ин ҷо Абдуқодирзода аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Туркия мисол овард, ки дастандаркоронашон роҳбарону пайравони ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро буданд:

“Ҷанги хунини бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки садҳо ҳазор кушта ба ҷой гузошт, маҳз бо дасисаи ташкилоти террористии наҳзати ислом сар зад. Ҷиҳати қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба охир расонидани кушторҳои наҳзат Ҳукумати кишварро зарур омад, ки соли 1997 бо гуруҳи мазкур созишномаи сулҳ ба имзо расонид. Баъдан барои нигоҳ доштани сулҳи истиқрор ба онҳо ҳатто мақомҳои баланди давлатӣ дода шуда буд, вале мутаассифона, аъзои ин ташкилоти ифротӣ ба ҳама ин имкониятҳо қаноат накарда, моҳи сентябри соли 2015 бо роҳбарии муовини аввали Вазири мудофиаи Тоҷикистон ба кӯшиши табадулоти низомӣ дар кишвари мо даст заданд. Саркардагони кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Ҷумҳурии Туркия низ соли 2016 пайравони ҳамин гуна ҳаракатҳо буданд”,-гуфт Абдулқодирзода ва “Дар муттаҳидӣ ва ҳамдигарқадркунӣ тамоми хайру баракати илоҳӣ аст ва тафриқаву ихтилоф сабаби азоби илоҳӣ аст”, — ҳадис овард ӯ.

С.Абдулқодирзода дар бораи амалҳои террористии наҳзат изҳори назар намуда, таъкид кард, ки аъзои ташкилоти террористии мазкур 150 ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расонида, сабаби тарк намудани як миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардиданд. Раиси Шӯрои уламо зикр намуд, ки тарафдори созмони террористии наҳзат теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимонро қатл кардаанд. Дар ин росто С.Абдуқодирзода ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонид, ки ташкилоти мазкур аз ҷониби кишварҳои шиамазҳаб таъсис ва пурра маблағгузорӣ гардида, аъзои он бо дастури “сарпарастони хайрхоҳ” ба куштор ва қатл даст мезананд.

Ҳамин тартиб роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар бораи ақидаҳои гурӯҳи террористии наҳзат изҳори назар намуда, тазаккур дод, ки аъзо ва роҳбарони наҳзат, ки афроди манфиатҷӯ ҳастанд, барои онҳо ақида ва ҳисси миллӣ умуман вуҷуд надорад, зеро роҳбари созмони террористии наҳзат вақте ба назди салафиҳо меравад, худро тарафдори ақидаи онҳо мегирад, вақте ба назди аҳли ташайюъ меравад, албатта, шиа мешавад ва айни ҳол, ки дар кишварҳои аврупоӣ ҳаст, шояд тарафдори ақидаи онҳо бошад. Пас, аз ин амалҳои мунофиқонаи наҳзат бармеояд, ки барои ба даст овардани маблағи муфт ва ё манфиати дигар ин афрод аз баҳри миллати хеш мегузаранд.

Ба ақидаи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари ҳамкории сиёсӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар ин раванд, ниҳодҳои динии ду кишвар низ, ки аз нуфузи қобили мулоҳиза дар ҷомеаҳои мусулмониамон бархӯрдоранд, метавонанд ҷиҳати пешгирӣ аз гароишҳои номатлуб ҳамкории муносиб ба роҳ монанд:

“Мо метавонем бо истифода аз шароити мусоиди озодиҳои динӣ ва виҷдонӣ, ки ҳукуматҳои кишварҳои мо фароҳам овардаанд, барои таҳкими ваҳдати мусулмонон, пайравии арзишҳои анъанавии мазҳаби ҳанафӣ ва дар ин замина, таъмини пойдори субот ҷаҳд намоем.

Ниҳодҳои динии ду кишварро ҳамзамон лозим меояд, ки дар самти пешгирӣ аз иттиҳомоти ношоиста дар баробари дини мубини ислом, мубориза бо падидаҳои шум ва пешгирӣ аз пайвасти пайравони дини муқаддас ба гурӯҳҳои машкук аз василаҳои мавҷуда, роҳандозии барномаҳои мухталиф ва муколама истифода намоянд”, — изҳор дошт Абдулқодирзода.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки сарфи назар аз мавқеъҳои духӯраи кишварҳои алоҳида, ҷомеаи исломиро зарур аст, то дар ин раванд мавқеи устувори худро барои ҷаҳониён ба намоиш гузорад. Зеро ин ду падидаи ҳамзоди саратонӣ на ба минтақаи мушаххасе маҳдуд мешаванд ва на хоси дин ва мазҳаби хосе мебошанд. Аз сӯи дигар, наметавон танҳо бо роҳҳои аслиҳаи низомӣ бо он мубориза кард:

“Танзим ва тақвияти арзишҳои фарҳангӣ ва динӣ, таъмини озодиҳои виҷдонӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аз роҳҳои муассири мубориза дар ин раванд метавонад бошад. Мо ва шумо дар ин самт равонем”,-гуфт дар хотимаи суҳбаташ Раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» бо иштироки зиёди мутахассисони соҳаҳои мухталиф баргузор гардид.

Pray time in Dushanbe

20.06.2019

More
Fajr03:15
Zuhr13:00
Asr17:59
Maghrib20:00
Isha21:30
Speeches by the President
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

More