Адовати бемаънои “гурӯҳи 24”
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо яке аз давлатҳои рӯ ба инкишофниҳода буда, дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон марҳила ба марҳила рушд менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳои қудратманд на ҳамеша барои кишвари мо таъсири мусбат мерасонанд. Ҳамин аст, ки тайи чанд соли охир намояндагони гурӯҳҳои ифротгаро бо ҳар як восита кушиш намуданд ҷавонони кишвари моро фирефта намуда, онҳоро дар доми худ кашида бо ҳадафҳои бемаънои худ онҳоро барои ноором гардонидани Тоҷикистони азиз истифода баранд. Яке аз ин гуруҳҳо гуруҳи дар Тоҷикистон мамнуъи ба номи гуруҳи 24 мебошад. Ин гуруҳро соҳибкори фирори аз Тоҷикистон ба номи Умарали Қуватов таъсис дода буд, тирамоҳи соли 2014 мамнуъ эълон шуд. «Гуруҳи 24», як созмони мухолифи хукумати Точикистон ба ҳисоб меравад. Харакати сиёсии дар Точикистон феълан мамнуъгардидаи «Гурухи 24»дар моҳҳои охир яке аз гуруҳҳои мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии қарор гирифтааст, ки бо сиёсатҳои носанчида ва кушиши бефоида ва дахолати муғризона ба сиёсати пешгирифтаи ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз Аврупо истода санги маломат бар болои миллат зада истодааст. Имрузҳо дар шабакаҳои интернети (Ютуб ё Инстограм) дар барномаи маъруф ба номи Садои мардум суханҳое ба забон оварда истодаанд, ки сабаби тафриқаву фитна дар байни мардуми шарифи тоҷик мебошад. Аз қамулайём дар ҳамаи даврҳо бар зидди пешрафт ва тарақиёти давлату миллат ва ё халқиятҳо боз гуруҳҳое буданд, ки ба хотири расонидани таъсири манфӣ, аз байн бурдани осоиштагӣ, аз худ кардани дороӣ мубориза бурда, зарарҳои худро мерасониданд. Ин падида имруз ҷомаи нав ба бар кардааст. Давлатҳои қудратманд ба хотири расидан ба ҳадафҳои болозикр гуруҳҳои махсуси худро ташкил карда, давлатҳои осоиштаро ноором месозанд. Мутаасифона ин таҷриба то ба ҳол барои мафкурапардозони мухолифини давлат сабақ нашудааст, то кунун баъзе фирориёни ин ҳизб терористу ифротӣ эълон шуда дар хориҷа аз дин, «адлолат», «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда , ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои хешро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулосае оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои дин ва миллаткардаанд. Дин бояд поку озодона бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон истифода баранд ва дар ниҳоят диндорӣ як кори доимии шахс бо Худои хештан аст.
Гуруҳи 24 хостанд аз дини мубини ислом сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблағ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомузонанд.
Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳи медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад ва худованд ҳеҷ гоҳ мусалмононро барои бо ҳамдигар ҷангу низоъ кардан даъват накардааст ҳатто ин ки дар каломи мубораки худ мефармояд : «Ва итоъат кунед худоро ва паёмбарашро ва бо якдигар ихтилоф ва кашмакашу низоъ барнахезонед, ки дармондаҳ ва нотавон мешавед ва шаъну шавкату шукуху хайбат аз шумо меравад» (Анфол;46). Ё ин ки : «Монанди он касоне набошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта , барои инҳо азобе бузург хоҳад буд» (Оли Имрон; 105). Худованд бар мусулмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳое, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру хатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ҳаром аст барои ҳизбҳое ки дар баробари сиёсати пеш гирифтаи худ аз дини ислом истифода мекунанд зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.
Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат сӯистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳоест, ки хадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии давлату миллат мебошад.
Нозимҷон Тошпулотов– имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Қорӣ Абдулмаҷиди ҷ/д Заргар деҳаи М.Турсунзодаи ноҳияи Кӯшониён