الصفحة الرئيسية المقالات Фазоили Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу)

Фазоили Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу)

Фазоили Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу)
2015-11-09
5278

Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) аз собиқини аввалин ва аз нахустин муҳоҷирон аст, яке аз даҳ нафаре аст, ки ба ҷаннат башорат дода шудаанд ва яке аз он шашгонае аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вафот карданд ва аз онҳо розӣ буданд. Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) аз он саҳобагоне аст, ки Қуръонро ҷамъ кардааст. Ибни Убод мегӯяд, ки аз хулафои рошидин фақат Усмон (разияллоҳу анҳу) Қуръонро ҷамъ кардааст ва Маъмун.

Афзалияти Усмон дар байни саҳобагон

Аз писари Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Дар замони Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро ба Абӯбакр (разияллоҳу анҳу), сипас ба Умар (разияллоҳу анҳу), сипас ба Усмон (разияллоҳу анҳу) баробар намекардем, баъд аз он саҳобагонро мегузоштем ва байни онҳо бартарие намедодем».

Азият кашидани Усмон (разияллоҳу анҳу) дар роҳи Худо

Ибни Исҳоқ гуфт: «Аввалин касе, ки баъд аз Абӯбакру Алӣ ва Зайд ибни Ҳориса ислом овардааст, Усмон (разияллоҳу анҳу) аст. Ӯ аз ҷумлаи касоне аст, ки бар имони хеш сабру таҳаммул кардааст». Муҳаммад ибни Иброҳим гуфт: «Ҳангоме ки Усмон (разияллоҳу анҳу) ислом овард, ӯро амакаш Ҳакам ибни Абулъос гирифта, чанд рӯзе басту гуфт: «Оё аз миллати падаронат ба дини навпайдое бармегардӣ, қасам ба Худо ҳаргиз туро намегузорам, то ин ки ин динро тарк кунӣ». Усмон гуфт: «Қасам ба Худо, ҳаргиз ин роҳро тарк намекунам ва ҷудо ҳам намешавам». Вақте ки Ҳакам пойдории Усмонро дар динаш дид, ӯро раҳо кард».

Аввалин касе, ки бо аҳли хонадонаш ҳиҷрат кардааст

Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) нахустин касе аз муслмонон аст, ки бо аҳли хонадонаш ба Ҳабаша ҳиҷрат кардааст. Бинобар ин, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи ӯ фармудааст: «Аввалин касе, ки пас аз Лут (а) бо аҳли хонаводааш ба сӯи Худо ҳиҷрат кардааст, Усмон аст».

Аввалин фазилатҳои Усмон (разияллоҳу анҳу)

Муҳаммад ибни Ҳусайн (рҳ) мегӯяд: «Аввалин фазилати Усмон (разияллоҳу анҳу) пас аз имон овардан ба Худо ва Пайғамбараш (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин аст, ки Худованд ӯро ба издивоҷ бо ду духтари Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), яке пас аз дигаре гиромӣ доштааст, касе аз замони Одам (а) то рӯзи қиёмат ба гирифтани ду духтари пайғамбаре сарфароз нашудааст, ба ҷуз Усмон (разияллоҳу анҳу)».

Илова бар ин, кароматҳои зиёде барои ӯ вуҷуд дорад, аз ҷумла: башорат ёфтанаш ба ҷаннат, мазлумона кушта шудан ва сабраш дар вақти шаҳодат.

Сабаби номгузории Усмон ба лақаби Зуннурайн

Аз Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Ҳусайн ибни Алии Ҷуъфӣ ба ман гуфт: «Эй Абӯабдурраҳмон, чаро ба Усмон лақаби Зуннурайн дода шудааст?». Гуфтам: «Савганд ба Худо, ки намедонам». Гуфт: «Ҷамъ накардааст байни ду духтари пайғамбаре, магар Усмон (разияллоҳу анҳу)».

Аз Оиша (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҷабраил (а) ба назди ман омад ва маро амр кард, то ки духтарамро ба Усмон никоҳ кунам».

Дар ривояте аз Абӯҳурайра (разияллоҳу анҳу) омадааст: «Лақаби Зуннурайн ба Усмон (разияллоҳу анҳу) барои он дода шудааст, ки ҳеч касе аз замони Одам (а) ба ҷуз ӯ ду духтари пайғамбареро яке пас аз дигар ба никоҳи худ надаровардааст, бинобар ин, бо лақаби Зуннурайн номгузорӣ шудааст ».

Ба ҳамин маъно ривоят аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Қасам ба он, ки нафси Муҳаммад дар дасти ӯст, агар сад духтар медоштам ва яке баъд аз дигаре мефавтид, дигареро дар никоҳи ту меовардам, то ин ки аз он сад духтар чизе боқӣ намемонд. Ҷабраил (а) хабар дод маро, ки Аллоҳ таъоло амр мекунад, то хоҳари Руқайя (яъне Умми Кулсум)-ро ба никоҳи ту дарорам ва маҳри ӯро низ монанди маҳри Руқайя қарор диҳам».

Аз ҳазрати Алӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Аз Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидам, ки мегуфт: «Агар чиҳил духтар медоштам, якеро пас аз дигаре дар никоҳи Усмон (разияллоҳу анҳу) медаровардам, то ин ки аз онҳо касе боқӣ намемонд».

Хоб дидани Усмон (разияллоҳу анҳу)

Аз зани Усмон (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: «Худо Усмонро биёмурзад, ҳангоме ки аз хоб бархост, гуфт: «Ҳамон қавм маро хоҳанд кушт» Гуфтам: «Ҳаргиз, эй амирулмуъминин». Пас Усмон гуфт: «Ман Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва Абӯбакру Умарро дидам, ки ба ман гуфтанд: «Имшаб бо мо ифтор кун», ё гуфтанд, ки  «Имшаб бо мо ифтор хоҳӣ кард».

Ӯ хушгуфтортарини  мардум буд

Ҳазрати Усмон (разияллоҳу анҳу) бисёр хушсухан буд, чунончи аз Абдурраҳмон ибни Ҳотиб ривоят аст, ки гуфт: «Касеро аз асҳоби Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мисли Усмон (разияллоҳу анҳу) хушгуфтор ва хушсухан надидам».

Шаҳодати Усмон

Аз Қатода ривоят аст, ки Анас (разияллоҳу анҳу) ба онҳо чунин нақл кард: «Ҳазрати Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба кӯҳи Уҳуд баромад ва бо ӯ Абӯбакру Умар ва Усмон низ буданд, пас кӯҳ ба ҷунбиш даромад. Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: «Эй Уҳуд, сокин бош, болои ту Пайғамбар, сиддиқ ва ду шаҳид қарор доранд».

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر