الصفحة الرئيسية المقالات Хоинони миллати тоҷик ҳеҷ вақт ба мақсадҳои худ намерасанд.

Хоинони миллати тоҷик ҳеҷ вақт ба мақсадҳои худ намерасанд.

Хоинони миллати тоҷик ҳеҷ вақт ба мақсадҳои худ намерасанд.
2019-12-23
2822

Терроризму даҳшатафканӣ аз ҷумлаи хатарҳое маҳсуб мешаванд, ки дар замони муосир пешорӯи башарият қарор гирифтаву амаликунандагони он бо ҳадафҳои гурӯҳӣ ё фардӣ пайваста даст ба аъмоли нангин мезананд. Ҳарчанд чунин зуҳуроти номатлуб тӯли таърих ҳамеша мавҷуд будаву инсоният аз оқибатҳои бади он огоҳ аст, дар чанд соли охир ифротгароиву терроризм дар шаклҳои наве зуҳур карда, ба мушкилоти аввалиндараҷаи сайёра мубаддал гардидаанд. Гурӯҳу равияҳои иртиҷоӣ ё шахсони алоҳида ҳамеша барои даст задан ба террор баҳонаҳои мухталиф доранд. Агар дар гузашта унсурҳое ба мисли қабилагароӣ, таассуби нажодӣ ва амсоли он боиси ифроту тафрит мегардид, дар чанд даҳсолаи ахир ин раванд то андозае ба худ хусусияти динӣ касб намудааст. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини Ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.

       Вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ аз технологияи муосир фаровон истифода мекунанд. Яъне, ин гурӯҳҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо усули мағзшӯӣ ҷавононро гумроҳ намуда, ба бархе ваъдаи пулу мол ва ба бархеи дигар ваъдаи “савоб” - у “биҳишт” - ро медиҳанд.

       Бояд донист, ки ин гурўҳҳои террористӣ на парвои дин доранду, на парвои мазҳаб. Пешвои миллат аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ баромад намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, зеро Ислом дини адлу эътидол, сулҳу субот ва дини муҳаббату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, меҳрубонию парҳезгорӣ, хушгуфторию хушрафторӣ, бародарию баробарӣ ва муомилаи нек бо хешу табору ҳамсоягон ва албатта метавон гуфт, ки тамоми хислатҳои неки инсонӣ дар исломи азиз ҷамъ гардидааст ва инчунин ҳамеша дини Ислом пайравонашро аз бадахлоқӣ, бадзабонӣ, бадбинӣ, буғзу адоват, фиребу найрангбозӣ ва он амалҳое, ки инсонро хору беқадр мегардонад ва ҳатто аз доштани нияти бад ва кардани гумони бад нисбати ҳамдигар барҳазар медорад. Аммо сад афсӯс, ки дар олами ҳастӣ боз гурӯҳу равиявҳо ва ташкилотҳое ҳам ҳастанд, ки даст ба қатли ноҳақ мезананд, чуночӣ шаби 6 –уми ноябри соли 2019 гурӯҳи мусаллаҳи хунхорони Доишӣ бо истифода аз силоҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳуҷум карданд ва дар натиҷа хуни ноҳақ рехта шуд. Чӣ амали баду нангине ба ҷо оварда шуд ва асос дар он аст, ки ин ташкилотҳои ба ном исломӣ боз даъвои мусалмонӣ мекунанд ва чун амали онҳоро дар тарозуи инсониву исломӣ баркашем ҳақиқати онҳо барои умум маълум мегардад, яъне амали онҳо амали нангину нобахшиданӣ ва ғайринсонӣ мебошад.

         Мутаассифона дар натиҷаи ҳамлаи ноҷавонмардонаи онҳо муҳофизони Ватан шаҳид гаштанд. Он нафароне, ки барои дифои Ватан кушта шуданд, шаҳид гаштаву ҷойгоҳи олӣ назди Худову миллат гирифтанд, зеро барои дифои номусу миллат ҷони худро дареғ надоштанд.

        Хушбахтона  Ватани азиз аз ҳамлаи ин хоинон дифоъ гашт ва бо кӯшишҳои ниҳодҳои қудратӣ тамоми он хоинон куштаву чанде дигараш боздошт шуд.

ҳодисаҳои рўйдодаистода моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.

 

Сангалиев Маҳмуд

Сармутахассиси Раёсати фавтои

Маркази исломӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر