الصفحة الرئيسية المقالات ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАЁМ: РОҲ БА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАЁМ: РОҲ БА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАЁМ:  РОҲ БА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД
2020-01-08
1952

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамду сано бар Худованди ҷаҳониён ва дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Мутафаккире фармуда, ки «ҳаёти одамони бузург мазмуни таърихро фароҳам меорад». Аз ин равзанаи андеша, муҳтавои таърихи чорякасраи Тоҷикистон, ба давлати миллӣ бо идеологияи ваҳдати миллӣ ба китоби таърихи ҷаҳон ворид шудани он, воқеан, бо исми неки Эмомалӣ Раҳмон алоқадор аст.

Мо ин муқаддимаи мухтасарро ҳамчун таассуроти умумӣ аз муҳтавои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат бардоштем. Бардошти асосӣ ин аст, ки дар қиёс бо паёмҳои пешин манзараи бисёр васеъ ва фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти кишвар дар ин санади раҳнамо матраҳ шудааст, барилова чанде аз ибтикороти нав роҷеъ ба таъмини ояндаи неки миллат, идеяҳои ҷолиб ва пурарзиши ҳарчи зудтар табдил додани кишвар ба мамлакати саноативу аграрӣ, ба вуҷуд овардани сипари мустаҳкам дар рўбарўи таҳоҷуми фарҳанги зиёновари аҷнабӣ ва истифодаи пурсамари захираҳои рушди сармояи инсонӣ асоснок шудаанд. Дар миёни ин ҳама масъалаҳо, ки якеро аз дигаре болову паст гузоштан ҳаргиз ҷоиз нест ва ҳамагӣ барои ҳалли як масъалаи аз ҳама муҳим – таъмини сатҳи шоистаи зиндагии ҳар сокини Тоҷикистон фароҳам омадаанд, масъалаи рушди сармояи инсонӣ дар Паём тафсилот ва мулоҳизоти бештаре дошт.

Тўли чоряк аср, марҳила ба марҳила, давра ба давра Пешвои миллат ҳамчун меъморе, ки тарҳи биноро бо нозуктарин ҷузъиёташ мекашад, ҳамон гуна тарҳи давлат кашида, мардумро барои қомат рост карданаш ҳидоят ва раҳбарӣ кардаанд. Хушбахтона, ин бино акнун қомат рост кардааст ва бунёдаш идома мекунад. Марҳилае, ки имрўз мо дар он қарор дорем, аз нигоҳи муҳаққиқин, марҳилаи рў ба тараққист ва ин назар танҳо аз мо нест. Бино ба тасдиқи институтҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ, Тоҷикистон ҳамакнун дар радифи давлатҳои рў ба рушд қарор дорад. Ба андешаи мо, дар як муддати аз нигоҳи таърихи давлатсозӣ хеле кутоҳ, ҳамагӣ чоряк аср ва бо назардошти он ки Тоҷикистон баъди муноқишаҳои таҳмилии солҳои 90-ум иқтисод ва молияи валангор дошт, расидан ба ин марҳила аз матонату бузургии мардум ва раҳбару раҳнамои он гувоҳӣ медиҳад.

Дар Паём чанд масъала -  ислоҳоти низоми маориф ва илм, таъмини солимии аҳолӣ дар чорчўбаи беҳдошти сифати зиндагӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани арзишҳои фарҳангии рафтор, маънавиёту одобу ахлоқ, ташаккули муҳити мусоид барои зиндагӣ ва коҳишдиҳии нобаробарии иҷтимоӣ муфассалан таҳлил шудаанд. Аз назари Сарвари давлат, илму маориф, тандурустӣ, кумак ба қишрҳои осебпазир ва фарҳанги умумӣ ҳамон фишангҳое мебошанд, ки дар сурати ба таври муназзам ва дар асоси ҳуҷҷатҳои асосии стратегӣ тараққӣ додани онҳо пояҳои давлати иҷтимоӣ хеле устувор хоҳад шуд ва ин кор бояд ба тариқи доимӣ ва бо ҳамоҳангӣ бо амалӣ кардани лоиҳаҳои азими иқтисодӣ мутаносибан анҷом ёбад. Сарвари давлат дар Паём ба масъалаи сифати омодасозии мутахассисон таваҷҷуҳ карданд, ки ба андешаи мо, хеле бамаврид аст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххас амалӣ карда истодааст.

Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Тибқи санадҳои қабулшуда, ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад.

Солҳои 2013-2019 барои амалисозии афзалиятҳои дар барномаҳо муайяншуда 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ гардида, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 13,2 миллиард сомонӣ сармояи давлатӣ равона карда шудааст.

Ҳоло дар мамлакат 66 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии онҳо 32,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии мамлакат фаъолияти худро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва истифодаи воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон ҷоннок намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз зимни ироаи Паёми навбатӣ  иброз доштанд, ки «буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахўр, аз ҷумла 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд».

Соли равон аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намуд.

Бо мақсади танзими раванди таъйини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ” амалӣ шуда истодааст, ки тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад.

Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархўрдор бошанд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурўҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони мамлакат Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар Паёми навбатӣ супориш доданд, ки дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

Дар маҷмўъ, Паём бо масъалагузориҳо ва тартиби ҳалли проблемаҳо, тарзу усули ба роҳ мондани фаъолияти ҳама сохторҳои ҷомеа ва давлат барои ба даст овардани ҳадафи олии миллӣ – таъмини зиндагии шоистаи мардум санади дар ҳақиқат раҳкушову раҳнамост. Онро дастури амал қарор додан ва тибқи он амал кардан аз вазифаҳои муҳимми ҳар як сокини кишвар хоҳад буд. Агар ба тарзи образнок гўем, иродаи мустаҳкам намудани давлат ва беҳбуд бахшидани вазъи он дар сатҳи олӣ муқаррар шудааст, ҳамон гуна, ки меъморе тарҳи биноеро мекашад, сохтмони онро бо сифати баланд анҷом додан кори ҳамагонист. Ҳамон тавре ки мегўянд, “ирода бошад, роҳ ҳатман ёфт мешавад”. Муттаҳидӣ бошад, пешравӣ мешавад, хайрхоҳӣ нисбати якдигар бошад, дўстӣ мешавад, комёбии доимӣ сарҷамъиро мехоҳад. Мо мардуми Тоҷикистон новобаста аз тафовути қишру кору фаъолият бояд атрофи Пешвои миллат муттаҳид шуда, Ватани худро бо истифода аз тамоми имкониятҳо обод намоем.

Раиси Шўрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидмукаррам Абдуқодирзода

 

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر