СОҲИБМАЗҲАБЕМ ВА ҲОҶАТ БА АҚИДАҲОИ БЕГОНА НАДОРЕМ...
Бо гузашти солҳо бисёр пӯшидаҳо кушодаву номаълум маълум ва ниқобҳо бардошта мешаванду симои аслӣ ва ҳақиқии ҳар як воқеаи таърихӣ равшану аён мегардад ва ҳар як фарди ватандӯсте, ки доимо аз ҳоли сиёсиву иҷтимоии кишвар нек огоҳ аст, метавонад ба фарқи дӯсту душман ва неку бад бирасад ва мақсаду ҳадафҳои ғаразноки иддаеро дида истода, ҳеҷ вақт хомӯширо ихтиёр намекунад ва то ҷое ҳаст мекӯшад, ҳақиқатро ба омма бирасонад ва дар ислоҳи ҳамдигар ва ба роҳи рости мумфарши зиндагӣ далолату даъват мекунад ва чунин амал аз ҳаққҳои мусалмон нисбати мусалмон аст, ки ҳар яки мо бояд риоя кунем ва ҳамеша бо ҳам бошем ва муттаҳид. Алалхусус имрӯзҳо, ки ҳуҷумии иттилоотӣ ва ақидавии душманони сулҳу салоҳ бо тамоми қувва сӯи миллат равона карда шудааст ва бояд ҷомеа ва асосан ҷавонон аз бузургони миллат, ки ҳама қадамзанандагони мазҳаби бобоии ҳанафӣ буданд ва ҳастанд сад дар сад пайравӣ кунанд ва заррае ҳам ҳоҷат ба ягон равияу ақидаи бегонаву беруна нест ва набуд ва барои ин миллат, ки зиёда аз ҳазору чанд сол аст, ки тамоми анъанаву ҷашну маросим ва маъракаҳои худро тибқи мазҳаби ҳанафӣ анҷом медиҳад ва он ба дарун даруни гӯшту устухон ва тамоми вуҷудро фаро гирифтааст ягон роҳу равиш ва мазҳабу равияи дигар лозим нест...
Акнун, саволи аз ҳама муҳим ба миён меояд, чаро диёре, ки зиёда аз ҳазору чанд сол пойбанди мазҳабе аст, ки хеле мукаммал ва ҷавобгӯи тамоми масъалаҳои диниву дунёвӣ асту далелҳояш сад дар сад аз Қуръону суханони Пайғамбари гиромиқадри ислом (дуруду салом ба рӯҳи покашон) асос ёфтааст, ақидаҳои бегона ва ҳизбу равияҳои зидди мазҳабиро тарғибу ташвиқ мекунанд? Мақсаду ҳадаф чист? Пиёда кардани ақидаи бегона ва дар ин асос ҷудоӣ, шикасти миёни уммат, рахна дар давлатдории миллӣ... Пас барои ин миллати сарбаланду сарҷамъ ягон ақидаи бегона, ягон равияи бегона ва ягон ҳизбу ташкилоти ба ном исломӣ лозим нест ва набуд ва бояд аз наҳзату ихвониҳо ва дигар равияву ақидаҳои ғайри мазҳаби ҳанафӣ дури дур бошем ва баракоти махсус ва тинҷию оромӣ фақат дар муттаҳидӣ аст...
Нурулло Ҳидоятов,
ходими дин