الصفحة الرئيسية المقالات АҚРАБ (КАҶДУМ) БА МОДАРИ ХУД РАҲМ НАДОРАД

АҚРАБ (КАҶДУМ) БА МОДАРИ ХУД РАҲМ НАДОРАД

АҚРАБ (КАҶДУМ) БА МОДАРИ ХУД РАҲМ НАДОРАД
2020-04-01
1722

Борҳо ин сухани Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунидем, ки гуфта буданд «Террорист ватан, модар ва дину оин надорад». Ҳақ ба ҷониби ин абармарди таърихӣ аст. Гурӯҳи ифротии “Паймони миллӣ” ҳеҷ гоҳ дилаш ба ватан намесӯхт ва намесӯзад, инчунин парвои миллат ҳам надорад, агар парвои модару зан медошт, дар рӯзҳои гузашта ҳазорон мардро, ки аксарашон фарзанд дошт, фиреб дода, ба майдонҳо намекашид ва сабаби марги ҳазорҳо падару фарзанд намешуд.

Ақраб ягона ҳашароте аст, ки вақти таваллуд шуданаш модари худро кушта ба зиндагии худ асос мегузорад ва аз ин амали худ нороҳат ва ғамгин низ намешавад. То охири ҳаёт ҳадафу мақасадаш неш задан ва зарар расонидан ба дигар махлуқот мебошад. Аъзоёни "Паймони миллӣ" ақрабсифатанд, на парвои миллат доранд ва на аз ватан, динро фақат барои нақшаҳои нопоки худ истифода мебаранд. Зеро ки агар худро диндор ва ҳомии дин нагиранд, он нақшаҳои пасипардагиашон ошкор хоҳанд шуд.

        Воқеан ҳам ҷои тааҷубовараш дар ин аст, ки ин гурӯҳҳо дар ҳама кор бинии худро халонда, барои фитнаандозӣ ва тафриқандозӣ кӯшишҳо мекунанд. Ҳоло он ки масъул нестанд ва касе ҳам ба онҳо ба ҷуз хоҷагони хориҷияшон дастур намедиҳад, ки чунин дурӯғбофиҳо намоянд.

       Мардуми тоҷик аз аввал пайрави Пешвои муаззами миллат буд, ҳаст ва мемонад, дар зиндагӣ насиҳатҳои падарвори Пешвои миллатро сармашқи кор қарор медиҳад, ҳеҷ кас аз ҳукумат норозӣ нест, он ҳукуматеро, ки “Паймони миллӣ” мехоҳад, шояд дар хобашон барои таскини нафси шуми худ бубинанд, аммо ҳеҷ гоҳ миллати  ранҷкашидаи тоҷик  ва бахусус ҷавонон иҷозат намедиҳанд, ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва характери террористидошта бори дигар ҷомеаи дар ҳолати пешрафт қарордошта ва оромро ноором сохта, мардумро ба роҳҳои баду дур аз роҳи инсонӣ кашанд ва ҳамеша ҷавонон дар муқобили ин гуна гурӯҳои ифротӣ барои ҳимояи диёру Ватани худ буданд ҳастанд ва мемонанд.

Ф. Шоҳрухов,

устоди ДИТ

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر