الصفحة الرئيسية المقالات Фазоили қуръон аз дидгоҳи аҳли суннат

Фазоили қуръон аз дидгоҳи аҳли суннат

Фазоили қуръон аз дидгоҳи аҳли суннат
2020-04-11
4124

Ба номи Худованди Бахшоянда ва меҳрубон

Мавзўъи Қуръони карим мавзуъест, ки аз гузашта ҳатто аз замони саҳоба ва тобиъин мавриди таваҷҷуҳи уламо ва бузургони муфассирин буда, ҳанўз ҳам уламои Ислом дар ҳар асру макон ба он, хусусан дар боби эъҷоз ва балоғату фасоҳати беҳамтои он таваҷҷуҳ доранд.  Қуръони карим дар миёни соири муъҷизоти Ҳазрати Расули Худо (с) бузургтарин муъҷиза ба шумор рафта ва беҳтарин далел барои исботи нубувват ва рисолати он Ҳазрат (с) ва таълимоти дини Ислом маҳсуб мегардад.

            Ин муъҷизаи илоҳӣ болотар аз ҳама муъҷизоте аст, ки дигар паёмбарон овардаанд. Чунончи Бухорӣ ва Муслим ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Ба ҳар яке аз паёмбарон чизе дода шудааст, ки бар он мардум имон овардаанд. Аммо он чизе, ки ба ман дода шудааст, ваҳй аст, ки онро Худованд бароям нозил намудааст, пас орзумандам, ки пайравони ман нисбат ба ҳамаи эшон афзун бошанд».

Муъҷизаи Қуръон аз дигар муъҷизоти Паёмбар (с) фарқи зиёде дорад, зеро муъҷизоти паёмбарони пешин маҳдуд ба як қавми хос ва замони хос буд. Аммо муъҷизаи Қуръони карим ҷовидон аст, зеро ки Худованди бузург дини Исломро то ба охири дунё ҳамчун дини ягона ва ҷовидонӣ барои бандагони худ эълон намудааст. Бинобар ин, заруратан бояд ин муъҷизаи Паёмбари башарият то абад боқӣ бимонад ва лозим аст то ин муъҷиза ба сифати ягона далили сидқи рисолати Паёмбар (с) то рўзи қиёмат идома пайдо кунад.

Чизи дигаре, ки мавриди зикр аст, он аст, ки қонуни Аллоҳ таборак ва таъоло ин буда, ки  бар Паёмбари хеш муъҷизоте диҳад, ки ба шароит ва авзоъи замони ў созгор бошанд. Дар замони Паёмбари Ислом (с) арабҳо дар фанни балоғат ва фасоҳати калом ба авҷи аъло расида буданд ва нисбат ба дигар қавмҳо дар ин замина маҳорати хоссе доштанд. Бинобар ин, Аллоҳ таъоло ба Паёмбари гиромии хеш аз ҳамон навъе ато фармуд, ки дар он аср миёни мардум маъмул буд ва зеҳнҳоро ба худ ҷалб мекард. Қуръони карим дорои чунон балоғат ва фасоҳате аст, ки бузургтарин суханварон ва адибони он вақт то ин замон ва то рўзи қиёмат дар баробари он сари таслим фуруд овардаанд ва меоваранд.

Дигар ин ки чун Қуръон муъҷизаи илмӣ ва фарҳангӣ буд, ба ҳар андозае, ки улум пешрафт намуд ва фарҳанг рушд кард, маданият ба авҷи худ расид, як ҷаҳони тозае аз эъҷози Қуръони карим боз шуд ва шуълаҳои тобноки он дурахшидан гирифт, ба тавре ки ҳар касе андаке аз ақли солим ва дили саҳеҳ бархўрдор бошад, наметавонад, ки эъҷози онро инкор намояд ва ё нодида гирад.

Қуръони Карим барои пажўҳишгарон ва муҳаққиқон дар тайи асрҳо ҷаҳони навине аз муъҷизотро овард, ки тамоми аҳли башариятро дар ҳайрат гузошт. Худованди бузург чӣ хуш дар ин атои бузургу бебаҳояш барои мо фармудааст:

«Зуд бошад, ки бинамоем ба эшон нишонаҳои қудрати худро, ки муъҷизоти Паёмбар аст дар офоқ ва дар нафсҳои эшон, то ононро равшан шавад, ки Паёмбар ҳақ аст, оё басанда нест, ки Парвардигори ту бар ҳама чиз гувоҳ аст»  (сураи Фуссилат ояти 53).

Ин аст эъҷози Қуръони карим, ки то кунун инсонҳо дар тайи чаҳордаҳ қарн ҳар тадқиқоте, ки намудаанд, дар баробари фармудаҳои Ў сари таслим ва таъзим фуруд овардаанд ва баъзеҳо ба саодати илоҳӣ ноил гардида ва баъзеҳо аз рўи иноду саркашӣ ба шақовати абадӣ фурў рафтанд.

Бояд донист, ки Қуръони карим хони пешкашнамудае аз ҷониби Худованди бузург аст ва барои толибони ҳақ ва касоне, ки дар он рағбат менамоянд, хеле осон ва фоидабахш аст. Пас ба ин хони Худовандӣ, ки дар он ғизои рўҳ ва сафои дил ва тўшаи дунё ва охират аст, ворид шавем.

Аз Имом Аҳмад (рҳ) ривоят аст, ки Қуръон хазинае аст аз хазинаҳои дунё ва охират, касе онро бихонад ва ба он амал кунад, барояш нуре дар дунё ва захира дар назди Худованд гардад ва ҳамроҳи муқаррабони Худованд бошад, рўзи қиёмат тоҷ ва ҷомаи каромат пўшонида мешавад ва ба падару модараш тоҷе аз нур пўшонида мешавад, ки рўшноиаш монанди офтоб аст.

            Худовандо, Қуръонро барои мо нуре дар зиндагиамон бигардон ва онро дар рўзи охират шафоатгари мо қарор бидеҳ.

Саидов Абдулбасир

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر