الصفحة الرئيسية المقالات Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмату мағфират аст

Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмату мағфират аст

Моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмату мағфират аст
2020-04-23
3451

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон.

Ҳамду сано Худовандро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайғамбарон - ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар ҳамаи хонадону ёронаш бод!

Имрўзҳо мардуми мусалмони кураи олам аз ҷумла Ҷумҳурии азизи мо Тоҷикистон дар арафаи истиқболи моҳи шарифи Рамазон мебошанд. Ин моҳи муқаддас барои ҳар як мусалмон, азизу гиромист. Барои онҳое, ки худро пайрави дини мубини Ислом медонанд, ин моҳи шариф бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарист ва риояи ҳар муқаррароти он муҳтарам дониста мешавад.

Моҳи шарифи Рамазонки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуоқабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистаастмардуми мо кўшиш мекунандки фазилатҳои парҳезу накукориро бештар риоя кунандаз аъмоли зишт худдорӣ намояндба аёдати падарону модарони худ ва беморону ранҷурон раванд ва шахсонеки тавону имконашон бештар астба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ мерасонандДар баробари инмоҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини Ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ будаодамонро ба сабру таҳаммулэҳтироми якдигарраҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад

 

Дар ҳақиқат аз ҳикматҳои Илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муваҳҳид ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ болотар ҳисобанд, барои фардои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Ҳам дар каломи бузурги Худованди тавонову якто – Қуръони карим ва ҳам дар аҳодиси Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи Рамазон ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳ ва иҷобати дуо таъкид ва ёдрас шудааст. Гиромӣ донистани ин моҳи шариф барои муслимини олам аз он сарчашма мегирад, ки дар ин моҳ китоби муқаддаси Қуръон – ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои башарият нозил шудаааст. Ин моҳ арзишҳо ва ҳикматҳое дорад, ки барои ҷаҳониён сабақомўз ва намунаи ибратанд.

Парҳезгорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, кўмак кардан ба бародарони худ аз рўи тавону имкон, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи накў ва нерў бахшидани он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ва ҷомеаро ҷузъи худ ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рўзадорон ҳатмӣ шумурда мешаванд. Анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрўю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст. Яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Вобаста ба ин, мо ҳамеша он нуктаро таъкид мекунем, ки садақаи фитр ба ин табақаи ниёзманди аҳолӣ бояд дода шавад.

           Дар ин бобат Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он астки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ инсон бояд ба шукронаи Худованд бо дасту дили кушод ва аз заҳмати поку ҳалоли худ хайру садақа анҷом диҳад.

          Дар баробари он ки фарз будани доштани рўза таъкид мешавад, кумак ба табақаи бенаво ва мувофиқи имконияти худ анҷом додани амалҳои хайру савоб низ хотиррасон мегардад. Маълум мешавад, ки парҳезгориву амали хайр ду қутб ё рукни ин моҳи бузург будааст.

         Набояд фаромўш кард, ки моҳи Рамазон моҳи имтиҳони на фақат неруи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рўҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд. Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтарине ҳаст, ки дар дини мубини Ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст. Набояд фаромўш кард, ки дар ин маврид Паёмбари гиромиии Ислом фармуданд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рўзии мусулмонон дахолате намоядки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавадХудованд ҳатман фардо рўзи қиёмат ўро дар оташи дўзах қарор хоҳад дод».

 Инчунин аз Абўҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Касе, ки мушкиле аз мушкилоти дунявии муъминеро бикушояд, Худованд мушкиле аз мушкилоти рўзи қиёмати ўро мекушояд. Ва касе, ки бо тангдасте саҳлгирӣ кунад, Худованд дар дунё ва қиёмат бо ў саҳлгирӣ мекунад ва касе, ки айби мусулмонеро бипўшад, Худованд дар дунё ва охират айби ўро мепўшад ва Худованд дар садади кўмаки банда аст, то лаҳзае, ки банда дар садади кўмак бо бародараш бошад». (Ривояти Муслим).

Аз ин хотир, аз ҳама тољирону соҳибкорон, фурўшандагони маводи ғизоӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоти мардум бо молу маҳсулоти хўрокворӣ машғуланд, хоҳиш мекунем, ки нарху наворо ба таври сунъӣ баланд набардоранд, баръакс, агар тавонанд, бо паст кардани нарху наво ва муомилаи неку гуворо бо харидорон, корҳои савоб ва хизматрасониҳои иловагӣ ба мардум дар моҳи шарифи Рамазон ба меҳрубониҳои Худованди мутаъол мушарраф гарданд.

Абдулвоҳид ҳомидов

Мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر