الصفحة الرئيسية المقالات Фазилат ва ҷойгоҳи даҳаи моҳи мубораки зулҳиҷҷа

Фазилат ва ҷойгоҳи даҳаи моҳи мубораки зулҳиҷҷа

Фазилат ва ҷойгоҳи даҳаи моҳи мубораки зулҳиҷҷа
2020-07-24
1845

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Аз фазлу раҳмати Худованд аст, ки дар тайи сол барои бандагони худ мавсимҳое қарор медиҳад, то дар он ба аъмоли солеҳ бипардозанд. Яке аз ин мавсимҳои исломӣ даҳаи моҳи Зулҳиҷҷа аст. Дар фазилат ва бузургии ин даҳаи муборак далелҳои бисёре аз қуръону суннат ворид шудааст:

  1. Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «қасам ба сапедадам ва қасам ба шабҳои даҳгона». (Фаҷр; 1-2).

Ибни Касир дар тафсири худ мегўяд: «Манзур аз ин даҳ шаб даҳаи Зулҳиҷҷа аст, ҳамон тавре ки Ибни Аббос (р), Ибни Зубайр (р), Муҷоҳид ва дигарон гуфтаанд. (Ривояти Бухорӣ).

  1. Аллоҳ – субҳонаҳу ва таъоло – мефармояд: «Ва номи Аллоҳро ёд кунанд дар рўзҳои мушаххас». (ҳаҷ; 28). Ибни Аббос (р) дар тафсири худ мегўяд: «Яъне рўзҳои даҳгонаи Зулҳиҷҷа». (Тафсири Ибни Касир).
  2. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «ҳеч айёме нест, ки амали солеҳ дар он маҳбубтар аз ин айёми даҳгона бошад, пас дар ин рўзҳо таҳлил (Ло илоҳа иллаллоҳ), такбир (Аллоҳу Акбар) ва таҳмид (Алҳамду лиллоҳ) бисёр бигўед».   (Ривояти Аҳмад).

Имсол оғози моҳи мубораки Зилҳиҷҷа мутобиқи тақвими ҳиҷрӣ-қамарӣ тибқи ҳисобҳои пешакӣ эҳтимолияти зиёд ба рўзи чоршанбе 22-юми июл рост меояд. Рӯзи 30-юми июл рӯзи Арафа буда, иди Қурбон рӯзи ҷумъа 31-уми июл аст.

Даҳ рӯзи оғози ин моҳи муборак беҳтарин рӯзҳои сол ба шумор мераванд. Амали солеҳ дар ин даҳа дорои фазилати бешуморест. Рӯза доштан, Қуръон хондан, зикр кардан, садақа додан дар ин рўзҳо дорои аҷру подоши беандоза зиёд аст. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло фазлу баракати худро дар даҳаи моҳи Зилҳиҷҷа қарор додааст. Ин рӯзҳо аз беҳтарин рӯзҳои тамоми сол мебошанд. Чунонки Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам ) фармудаанд: “Беҳтарин рӯзҳои дунё ин даҳаи Зулҳиҷҷа аст” (Ривояти Баззор ва Ибни Ҳиббон)

Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (раҳ) дар Фатҳулборӣ мефармояд: “Ончи дар фазилат ва бартарии рӯзҳои Зилҳиҷҷа намоён аст, ин ҷамъ шудани тамоми ибодот дар ин айём аст. Яъне намоз, рӯза, ҳаҷ, садақа, қурбонӣ, ки дар ҳеҷ як аз рӯзҳои дигари сол чунин дида намешавад.

Яке аз аъмоли шоиста дар ин даҳа рўза доштан аст. Шахсоне, ки тавоноӣ дошта бошанд, ҳамаи ин нуҳ рӯз рӯза бигиранд. Агар наметавонанд, пас рўзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза бигиранд. Агар он ҳам имкон надошта бошад, рӯзҳои 7-ум, 8-ум ва 9-уми ин моҳ рӯза бидоранд. Агар ин ҳам барояшон муяссар нашуд, пас рӯзи Арафа, ки мутобиқ ба рӯзи 30-юми июл аст, рӯза бигиранд.

Расули акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: “Савоби рӯзаи рӯзи Арафаро ин гуна мепиндорам, ки каффорати (аз байнбарандаи) гуноҳони соли қабл ва соли баъд бошад” (Ривояти Имом Муслим).

Аз ҳунайда ибни Холид (р) аз ҳамсараш ва ў аз баъзе ҳамсарони Расули Худо (с) ривоят мекунад, ки «Пайѓамбари Худо (с) нуҳуми Зулҳиҷҷа, рўзи Ошўро ва се рўз аз ҳар моҳро рўза мегирифт». (Ривояти Аҳмад, Абўдовуд ва Насоӣ). Имом Нававӣ дар бораи рўзаи айёми даҳгона мегўяд: «Рўзаи он мустаҳаб аст».

Дар ин моҳи муборак мусулмонони олам иди қурбонро ҷашн мегиранд, ки ин иди муқаддас рамзи садоқат, рафоқат, вафо, имон ва муҳаббати бепоён бар Худованди таборак ва таъолост, ки намунаи олии онро Абуланбиё Иброҳим (а) нишон дода, поя гузоштааст. Дар таърихи Ислом ин ид аз зумраи муассиртарин таърихҳост, ки далели итоат аз Худовандро баён медорад. Пас месазад таҷлили онро барои ҳар як фарди мусалмони муборакбод гуфт.

Дар охир таманно дорем, ки Худованд моро бар қадрдонии ин мавсими хайр ва рӯзҳои муборак муваффақ бидорад, тавфиқи анҷоми амалҳои солеҳ рўзӣ гардонад ва амалҳои некамонро ба фазлу карамаш бипазирад.

 

ҳомидов Абдулвоҳид

Мутахассиси Раёсати фатво

Омузгори калони ДИТ

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.11.2024

أكثر
الفجر05:41
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر