الصفحة الرئيسية المقالات ДАР МАСЪАЛАИ ЭКСТРЕМИЗМ НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ

ДАР МАСЪАЛАИ ЭКСТРЕМИЗМ НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ

ДАР МАСЪАЛАИ ЭКСТРЕМИЗМ НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ
2020-11-17
1488

Имрӯз як масъалае арзи вуҷуд кардааст, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ин қатор боиси хавотириҳои мардуми кишвари мо ҳам шудааст. Ҳамагон медонем, ки айни замон ҷаҳони муосир аз вазъи сиёсии вобаста ба бархӯрдҳои диниву мазҳабии дар баъзе кишварҳои  Аврупо ба мисли давлатҳои Фаронса, Австрия ва Олмон ба миёномада дар ташвиш аст. Ин вазъи бамиёномада, ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳо ва гӯруҳҳои иртиҷоию экстремистиро ба ҳаракат овардааст. Бархӯрди ақидаҳои диниву мазҳабӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои  сиёсӣ ва ғаразхоҳонаи дунёталабон замина фароҳам оварда, бо баҳонаи дифоъ аз дини ислом қатлу куштори мардуми бегуноҳ дар шакли террор анҷом дода мешаванд. Дар навбати худ, ин гуна ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ногуворе, ки аз ҷониби террористон бо шиорҳои мардумфиреби ҳимоя аз дини мубини  ислом, аммо дар асл бо қатли  мардуми бегуноҳ анҷом дода шуда, мо тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем, мардуми моро бори дигар огоҳ ва ҳушдор медиҳад, ки дар ин масъала назари  ҷиддӣ дошта бошанд. Зеро имрӯз ба ҳамаи мардуми ҷаҳон хатари муқобилгузории дину мазҳаб таҳдид мекунад.

Аллакай аз хабарҳои воситаҳои ахбори умум хабар доред,  ки дар кишварҳои  хориҷ аз ҷумла, шаҳри Венаи  давлати Австрия  аз тарафи як нафар террорист мардуми роҳгузари бегуноҳ  тирборон шуд ва ё чӣ тавр, дар яке аз шаҳрҳои Фаронса дар қатори як руҳонӣ ду нафар зани бегуноҳ сар бурида шуданд. Ин ихтилоф  миёни мазҳабу дин аст, ки аз тарафи манфиатҷӯён  роҳандозӣ шуд: гуруҳе, ки бо ғарази сиёсӣ ва  ҷаҳонхоҳӣ  воситаи ба кор анохтани механизми ҷангандозии миёни мазҳабу динҳоро дар қатли ана ҳамин мардуми бегуноҳ донистаанд.  Дар сурате, ки тарконидани  масҷиду ибодатгоҳҳо, ки новобаста ба дину мазҳабҳо ҷои ниёиши Худованд аст, қатлу куштори роҳгузарон - як зан ва ё як нафари бегуноҳ, ки ҳатто пурсида намешавад, ки аз кадом дину мазҳаб  пайравӣ мекунад, ба ягон меъёри ахлоқи башарӣ аз ҷумла, фармудаи шариати ислом рост намеояд.

Тавре гуфта шуд, имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои миёни давлатҳои исломӣ ва Аврупо ба авзои сиёсӣ ва муносибатҳои миёни давлатҳо аз ҷумла, давлати мо  низ бетаъсир нахоҳад буд.

Дар чунин вазъи ҳассос бояд суханони таърихии Пешвои миллатамонро, ки  аз минбари Созмони милали муттаҳид ба ҷаҳониён иброз гашт,  ёдрас кунем: «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард».

Дар чунин вазъият, бадхоҳони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд,  фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода, тақдири халқи кишварро ҳал кардан мехоҳанд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба ҳукуматдорон ва мардуми мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст мавриди интиқод қарор медиҳанд. Умуман, чунин гурӯҳҳо талош мекунанд, то бо воситаи бурдани  таблиғот, мардуми ноогоҳро фиребанд ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Натиҷаи зиракии  сиёсии мо он бошад, ки хатои давлатҳои  исломии ҷангзадаро такрор накунем, балки аз хатои онҳо ибрат гирем, ба иғвоҳо дода нашуда, дар атрофи Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем, дар ҳимояи  ватани азизамон ҳама чун як тан пойдор бошем. Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳоли мардум буда, Сарвари давлат ҳама чораҳоро меандешанд, ки Тоҷикистони мо барои мо як хонаи пур аз амну субот бошад.

Чун табиатан инсонҳо ҳамеша дигаргуниро ба самти хубиҳо ва беҳтаршавиҳо дидан мехоҳанд, мо ҳам мехоҳем, ки вазъияту дигаргуниҳои беҳтару мусбатро дар кишвар ва тақдири мардуми кишварамон  бубинем. Барои ин, бори дигар  таъкид мекунем, ки бояд ҳама дар атрофи  Сарвари давлатамон, ки маҳз бо роҳбарии ӯ мардуми кишварамон ба беҳтарин неъмати илоҳӣ - даврони суботу осоиштагӣ ноил гаштаем,  муттаҳид бошем. 

Ободкору созанда бошем, амну осудагии рӯзгорамонро бо шукргузориҳо дар назди Худованд ҳифз кунем. Бо он хотир, ки худи Худованд фармуда, ки шукргузор бошему неъматҳои додаашро ҳифз намоем.  Писанди Худованд хоҳад буд, ки ҳар амалу кирдори мо ба манфиати инсонҳо нигаронида шуда бошад.

Нарзулло МУСАЕВ,

сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну

маросими ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر