الصفحة الرئيسية المقالات Бузургтарин гуноҳ

Бузургтарин гуноҳ

Бузургтарин гуноҳ
2016-02-16
5415

Гуноҳони бузург зиёданд, вале аз ҳама бузургтараш чи аст, кадом гуноҳ аст?


 

عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ رَضِيَ اللَّه عَنْهُ قَالَ: سَأَلْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَيُّ الذَّنْبِ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ؟ قَالَ: "أَنْ تَجْعَلَ لِلَّهِ نِدًّا وَهُوَ خَلَقَكَ". البخاري (4/1626 ، رقم 4207) ، ومسلم (1/90 ، رقم 86)

Абдуллоҳ  ибни Масъуд (рз) мегӯяд: Паёмбари Худоро пурсидам: «Кадом гуноҳ дар назди Худо бузургтар аст?»

Гуфт: «Ин ки барои Худо (дар ибодат карданаш) шарик қарор диҳӣ, дар ҳоле ки Ӯ туро халқ кардааст»

Дар ривояти дигаре омадааст,  Расули Худо (дуову дуруд бар Ӯ бод) се гуноҳи бузургро бо тартиб зикр кардааст, ки аввалаш ширк овардан ба Худо аст.

عن عبد الله بن مسعود - رضي الله عنه - قال: سألت النبي - صلى الله عليه وسلم - أي الذنب أعظم عند الله ؟ قال: ( أن تجعل لله ندّاً وهو خلقك، قلت: إن ذلك لعظيم . قلت: ثم أي ؟ قال: وأن تقتل ولدك تخاف أن يطعم معك، قلت: ثم أي ؟ قال: أن تزاني حليلة جارك ) متفق عليه .

Абдуллоҳ ибни Масъуд (рз) мегуяд: «Паёмбари Худоро пурсидам»: «Кадом гуноҳ дар назди Худо бузургтар аст?»

Гуфт: «Ин ки барои Худо (дар ибодат карданаш) шарик қарор диҳӣ,  дар ҳоле ки Ӯ туро халқ кардааст». Гуфтам: «Ин бисёр гуноҳи бузург аст, баъд аз ин кадом гуноҳ?» Гуфт: «Ин ки фарзандатро аз тарси он ки ҳамроҳат таъом мехӯрад, бикушӣ (яъне аз тарси ин ки ризқу рӯзии уро ту медиҳӣ ва ё ӯ аз ҳисоби ту мехӯраду менӯшад)». Гуфтам: «Баъд аз ин кадом гуноҳ?» Гуфт: «Ин ки бо зани ҳамсояат зино кунӣ» (Бухорӣ ва Муслим.)

Пас, ин се гуноҳ аз бузургтарин гуноҳон мебошанд, ки Расули Худо ба тартиб онҳоро зикр кард, ки дар мартабаи аввал ширк ба Худо мебошад.

Ва ҳар як инсон кӯшиш кунад, ки аз гуноҳон дур бошад, хусусан аз ин гуноҳони бузург, ва боз хусусан аз ширк овардан ба Худо, зеро ҳама гуноҳон бахшида мешаванд, магар ширки ба Худо.

Асҳоби Паёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) –Худованд аз онҳо рози бод - аз гуноҳон ва дараҷаи гуноҳон мепурсиданд, то ин ки бадии онро фаҳмида аз он дӯрӣ ҷӯянд ва дигаронро ҳам аз воқеъ шудан ба ин гуноҳҳо огоҳӣ ва таҳзир диҳанд.

Дар ҳидиси зикршуда, мебинем, ки чигуна Абдуллоҳ ибни Масъуд аз бузургтарин гуноҳ ва бадтарин гуноҳ пурсид, ва Расули Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) ҳам барои ӯ баён кард, ки бадтарин ва бузургтарин гуноҳ ин ширк овардан ба Худо аст, дар ҳоле ки ӯро халқ карда ва ризқу рӯзӣ додааст, вале  баъди ин ҳама неъматҳо инсон дар ибодат кардан ба Ӯ шарик меорад ва ҳамроҳи Ӯ дигар чизро ё касро парастиш мекунад, ки ин бисёр зулми бузӯрге аст. Худованд мефармояд:

"...لا تشرك بالله إن الشرك لظلم عظيم" (لقمان: ١٣)

«… ба Худо ширк маёвар, ҳар- ойна,  ширк ситамест бузург».

Зулм чизеро дар макони ғайри муносибаш гузоштан аст. Пас касе ки ғайри Худоро ибодат кунад, зулми бузурге кардааст, зеро ибодатро дар ҷои муносибаш нагузоштааст ва ибодат ки хос барои Худованд аст, барои дигар кас анҷом додааст.

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

"إن الله لا يغفر أن يشرك به ويغفر مادن ذلك لمن يشاء ومن يشرك بالله فقد افترى إثما عظيما" (النساء: ٤٨)

"Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе  сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст." (Нисо, 48)

Баъд аз ин саҳобии бузургвор аз гуноҳе, ки дар қабоҳат ва бадӣ баъди ширк меояд пурсид. Расули Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) гуфт: "Ин ки фарзандатро аз тарси он ки ҳамроҳат таом мехӯрад, бикушӣ"

Ин фикр ҳам бисёр гуноҳи бузург аст, зеро бо ин ақида ва фикр инсон ба натиҷае мерасад, ки ризқу рӯзии инсон аз ҷониби Худованд нест, ва ё ин ки Худованд барои ризқу рӯзи додан қодир нест, ки ин ақидаи фосид ва нодуруст аст, зеро Худованд ризқу рузии ҳама махлуқоте, ки вуҷуд доранд ва то вақте ки ҳастанд, муайян карда ва додааст. Худованд мефармояд:

"الله الذى خلقكم ثم رزقكم ثم يميتكم ثم يحييكم هل من شركاءكم من يفعل من ذلكم من شىء سبحنه, وتعلى عما يشركون" (الروم: ٤٠)

 " Худост, ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст ӯ ва аз ҳар  чӣ  барояш шарик меоваранд, бартар аст." (Рӯм, 40)

Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

"وكلوا ممارزقكم الله حللا طيبا واتقوا الله الذى أنتم به مؤمنون"(المائدة: ٨٨ )

"Аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Худое, ки ба ӯ имон овардаед, битарсед." (Моида, 88)

Худованд дар ҷои дигар мефармояд:

"فكلو امما رزقكم الله حللا طيبا واشكرو انعمت الله إن كنتم إياه تعبدون" (النحل: ١١٤)

"Аз ин чизҳои ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред  ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Худоро мепарастед!" (Наҳл 114)

Ин гуфтаҳои Худованд ба он далолат мекунад, ки ягона ризқдаҳанда танҳо Ӯ аст.

Инчунин вақте инсон рӯ ба куштани фарзанди худ меорад, ин амал дар назди Худованд аз бадтарин ҷиноят ва сахттарин гуноҳ ва дар мартабаи дувум баъд аз ширк қарор гирифта, инсон сазовори азоби сахте мегардад.

Баъд аз ин саҳобии бузургвор боз пурсид, ки оё баъд аз ин ду боз гуноҳи қабеҳ ва баде ҳаст. Расули Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) гуфт: "Ин ки бо зани ҳамсояат зино кунӣ".

Бузургӣ ва қабоҳати ин гуноҳ дар он аст, ки ҳамсоя амонатдор ва нигаҳбони ору номуси ҳамсояи худ аст. Вақте ин амонатдорӣ бар хиёнат табдил меёбад ва ҳамсоя бар маҳорими ҳамсояи худ таҷовуз мекунад, ин хеле гуноҳи бузург ва баде аст, зеро Худованд ва Расулаш ҳаққи ҳамсояро хеле бузург шуморидаанд, пас бар ин ҳақ таҷовуз ва хиёнат кардан гуноҳи бузург ва нофармонии Худо ва Расулаш мебошад.

Расули Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: "Касе ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат дорад, пас бар ҳамсояаш некӯи кунад". Дар ривояти дигар мефармояд: "Касе ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат дорад, пас ҳамсояашро азият накунад".

Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Расули Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) фармуд:

عن أبي هريرة أن رسول الله - صلى الله عليه وآله وسلم – قال: "والله لا يؤمن، والله لا يؤمن، والله لا يؤمن" قالوا: وما ذاك يا رسول الله ؟ قال: "جار لا يأمن جاره بوائقه" قالوا: وما بوائقه؟ قال: "شره" (مستدرك الحاكم)

"Қасам ба Худо имонаш комил намешавад, қасам ба Худо имонаш комил намешавад, қасам ба Худо имонаш комил намешавад". Гуфтанд: Чист он эй Расули Худо? Гуфт: "Ҳамсояе ки ҳамсояаш аз бавоиқи ӯ эмин намемонад ". Гуфтанд: Бавоиқаш чӣ аст? Гуфт: "Шарру бадиаш" (Мустадраки Ҳоким)

Дар ривояти дигар омадааст, ки:

عن أبي هريرة عن النبي - صلى الله عليه وآله وسلم – قال: "لا يدخل الجنة من لا يأمن جاره بوائقه" (البخاري و مسلم)

"Дохил намешавад ба ҷаннат касе, ки ҳамсояаш аз шарру бадиҳояш эмин набошад" (Бухори ва Муслим).

Ин ҳадисҳо ва дигар ҳадисҳои зиёде ҳастанд, ки ҳуқуқи ҳамсояро баён мекунад ва аз зарар расондан ба ӯ таҳзир ва огоҳӣ медиҳад (Аз ҷумла ҳадиси дар боло зикршуда).

Пас, инсон ҳама вақт аз гуноҳу маъсияти Худо ва нофармонии Расул дурӣ ҷӯяд, хусусан ин се гуноҳи бузург, ки аз ҳам бузургтараш ширки ба Худо мебошад.

Баъзе фоидаҳо аз ҳадис:

  1. Тафовут ва гуногунии гуноҳон дар шарру  бадӣ ва қабоҳат.
  2. Шарик овардан ба Худо мутлақан бузургтарин гуноҳ аст.
  3. Баён кардани ҳақиқати ширк, ин ки ширк баробар гардонидани ғайри Худованд бо Худованд дар зоту номҳо ва сифоташ аст.
  4. Худованд танҳо мустаҳиқи ибодат аст, зеро Ӯ холиқи ҳама махлуқот аст.
  5. Ҳама гуна ибодатҳо барои ғайри Худованд ҳаром аст.
  6. Худовандро бо махлуқоташ баробар кардан ҳаром аст.
  7. Фазлу бузургии яктопарастӣ ва ин ки яктопарастӣ бузургтарин ибодат аст.

Худованд ҳамаи мусулмононро аз шарри гуноҳон нигаҳ дорад ва ба онҳо тавфиқу ҳидоят каромат фармояд.Омин!

 


 

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر