الصفحة الرئيسية المقالات ҲАМА КОРАМ ЗИ ХУДКОМӢ БА БАДНОМӢ КАШИД ОХИР…

ҲАМА КОРАМ ЗИ ХУДКОМӢ БА БАДНОМӢ КАШИД ОХИР…

ҲАМА КОРАМ ЗИ ХУДКОМӢ БА БАДНОМӢ КАШИД ОХИР…
2020-12-30
1615

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Вақте ба мафҳуми калимаи «мусулмон» меандешем, дар таҳти маънои он фазоили бузургеро дармеёбем. Калимаи «мусулмон» аз решаи калимаи «ислом» гирифта шудааст ва «ислом» маънои сулҳу саломат ва покию самимият аст, яъне мусулмон шахсест, ки равандаи роҳи сулҳу сафо ва покизагист. Ҳар шахсияте новобаста аз кадом дине, ки бошад, мусулмонро ба мафҳуме, ки дар он воқеъ аст, месанҷад, ки лоиқи сазовори Ислом ва мусулмонӣ ҳаст ё на. Пас шахси мусулмон маънои Исломро дар кирдору гуфтораш бояд таҷассум намояд, то сазовори ин ном бошад. Чунончи Худованд дар сураи мубораки «ар-Раҳмон» фармудааст:

«[Худои] Раҳмон, ки Қуръонро омўхт; одамиро офарид, ки ба ў сухан гуфтан омўхт». («Раҳмон», 1-4)

Пас ҳар сухане, ки мусулмон мегўяд, бояд саҳеҳ ва боҳикмат бошад, то ки мардумон аз он истифода баранд ва таълиму ибрат бигиранд. Ҳамин аст дараҷаи баланди инсонӣ, ки Худованд бар ў неъмати суханро додааст. Шайх Саъдии бузургвор дар ин бора мефармояд:

Ба нутқ одамӣ беҳтар аст аз давоб,

Давоб аз ту беҳ, гар нагўӣ савоб.

       Ё дигар донишманде дар бора басо хубе гуфтааст:

Сухан ганҷест пинҳонӣ, сухан шерест зиндонӣ,

Ки як соат тааммул беҳ зи сад соли пушаймонӣ.

       Ё ин ки донишманди дигаре гуфтааст:

Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,

Сухан талху ширину дармону дард.

Пас ибрат аз ин панди бузургон  он аст, ки мусулмон бояд сухане бигўяд, ки дорои ганҷ, подзаҳри ҳар заҳр, гармибахши ҷисм ва дармони ҳар дард бошад. Чунончи Пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

«Мусулмон шахсест, ки дигар мусулмоно аз забону дасти вай эмин мемонанд».

Пас мусалмони ҳақиқӣ он аст, ки аз мусалмонони дигар дасту забонаш дар амон мебошанд. Мутаассифона дар замони ҳозира қариб аз ин инсоният ва ислому мусулмонӣ чизе боқӣ намондааст, ҳама ҷо айби дигаре дидан ва айби худ надидан аст. Исломро танҳо бо хоҳишоти нафсонии худ истифода бурдан ва дар зери худкомии худ ба дигарон айб бор кардан асту тамом. Чунончи Ҳофизи бузургвор мегўяд:

Ҳама корам зи худкомӣ ба бадномӣ кашид охир,

Ниҳон кай монад он розе к-аз ў созанд маҳфилҳо.

Яъне ҳар касе, ки худком аст, ман мегўяд ва айби худ надида, айби дигаре меҷўяд ва дар охир бадном мегардад. Ҳеҷ гоҳе кору кирдораш пинҳон намемонад, оқибат ошкор мешавад ва мавриди тамошои дунёву охират мегардад. Ислом меҳварест дар синаи ҳар мусалмон, ҳар касе, ки ин меҳвари гаронбаҳоро бо хоҳишоти нафсони худаш истифода бурда, барои бародараш раводид намедорад, мусалмони комил нест. Пас ононе, ки худро бартар меҳисобанд ва фитнаҳо ангехта мардуми осоиштаро бесаранҷом мегардонанд, маълум аст, ки аз доираи мусулмонӣ дуранд.

Тоҷикистон ватани азизи ҳар як фарди тоҷикистонист. Ватанро бо ҳама дору нодораш, каму бешаш, дину мазҳабаш дўст бояд дошт, вагарна дар оғўшаш мезийӣ ва лаззате аз таровати он намебарӣ. Ҳамчун ғарибе ба дунё меойӣ ва рўзе аз дунё меравӣ, вале касе аз ту ёде намекунад.

Сухани хешро перомуни ислому мусулмонӣ ва одамиву инсоният бо ин ду мисраъи бузургон ҳусни хотима мебахшам.

Магў посух, ки посух нохуш ояд,

Ба кўҳ овози хуш гў, то хуш ояд.

Сархатиби ноҳияи Ҷайҳун

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر