الصفحة الرئيسية المقالات “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва ҷойгоҳи он

“Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва ҷойгоҳи он

“Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва ҷойгоҳи он
2016-02-16
5915

Китоби “Саҳеҳ”-и Бухорӣ дар миёни осори Муҳаммад ибни Исмоил машҳуртарин асар ба ҳисоб меравад. Уламо иттифоқи назар доранд, ки саҳеҳтарин китоб баъд аз китоби Худо “Саҳеҳ”-и Бухорист. Номи пурраи китоби мазкур “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ-ул-мухтасару мин умури Расулиллоҳи (с) ва сунаниҳи ва айёмиҳи” мебошад. (“Кашф-ул-Борӣ”, с.154)

Мавзуъи асосии ин китоб аз ҷамъ ва гирдоварии аҳодиси саҳеҳи набавӣ  иборат аст. Ин матлаб ҳам аз номи пурраи китоб ва ҳам аз ривоёте, ки уламо аз худи мусанниф нақл намудаанд, маълум мегардад.

Илова бар ин, зимни ривояти аҳодис баёни фавоиди фиқҳӣ низ дар назар гирифта шудааст. Чунончи Муҳаммад ибни Исмоил аз матнҳои ҳадис истинбототи фиқҳӣ карда, онро дар бобҳои китоб тақсим намудаанд.

Уламо дар таълифи китоби “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ” се ангезаро нақл кардаанд:

Ангезаи якум он аст, ки дар қарни Муҳаммад ибни Исмоил уламо китобҳои бисёре таълиф гардида, дар онҳо аҳодиси Паёмбари Худо (с) ҷамъоварӣ шуда буд, аммо ин китобҳо ҳам шомили аҳодиси саҳеҳ буданд ва ҳам шомили аҳодиси заъиф. Муҳаммад ибни Исмоил тасмим гирифтанд, ки китобе таълиф намоянд, ки танҳо шомили аҳодиси саҳеҳ бошад. Бинобарин ба таълифи “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ” иқдом карданд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с. 9)

Ангезаи дуюм он аст, ки Исҳоқ ибни Роҳавайҳ дар яке аз маҷлисҳои худ ба шогирдон фармуданд, ки агар китоби мухтасаре тасниф мегардид, ки шомили аҳодиси саҳеҳ мебуд, хидмати арзандае мешуд. Ин сухан таваҷҷуҳи Муҳаммад ибни Исмоилро ҷалб намуд ва ӯ ба таълифи “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ” иқдом карданд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.9)

Ангезаи сеюм он аст, ки Муҳаммад ибни Исмоил шабе Паёмбари Худо (с)-ро дар хоб диданд, ки гӯё рӯ ба рӯи ӯ истодаанд ва Муҳаммад ибни Исмоил бо як бодбезак ҳашаротро аз ӯ дур мекунанд. Муҳаммад ибни Исмоил хобро ба яке аз муаббирон бозгӯ карданд. Ӯ хоби Муҳаммад ибни Исмоилро чунин таъбир кард, ки шумо аҳодиси бофтаро аз Паёмбар дур мекунед. Бинобар ин, Муҳаммад ибни Исмоил ба таълифи “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ” иқдом намуданд. (“Ҳадюссорӣ”, с. 9)

Муҳаммад ибни Исмоили Бухорӣ “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ”-и худро аз миёни шашсад ҳазор ҳадис интихоб намудаанд. Теъдоди он аз ҳафт ҳазору дусаду ҳафтоду панҷ ҳадис иборат аст. Агар аҳодиси такроршуда ба назар гирифта нашаванд, теъдоди аҳодиси он ба чор ҳазор мерасанд. Ҷамъоварии он шонздаҳ сол, яъне аз соли дусаду ҳафдаҳ то соли дусаду сиву се тӯл кашид. Сурати ҷамъоварии он чунин буд, ки Муҳаммад ибни Исмоил тасниф ва тартиби онро дар Масҷид-ул-Ҳаром оғоз карданд. Сипас аҳодисро дар зодгоҳ ва сарзаминҳои дигар тахриҷ намуданд. Мусанниф дар марҳалаи якум онро сиёҳнависӣ карданд ва дар марҳалаи дуюм ба Мадинаи мунаввара омада, дар миёни қабри Паёмбари Худо (с) ва минбари ӯ нишаста, онро покнавис карданд. Ҳар вақте ки ба тарҷумаи бобе даст мезаданд, пеш аз он ду ракъат намоз мегузориданд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.10)

Муҳамад ибни Исмоил баъд аз итмоми китоб онро ба Аҳмад ибни Ҳанбал, Яҳё ибни Маъин ва Алии Мадинӣ пешкаш намуданд. Онҳо китоби “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ”-ро писандида, ба саҳеҳ будани он гувоҳӣ доданд, ба ҷуз чор ҳадис, ки ба сеҳеҳ будани онҳо розӣ нашуданд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.10)

Аллома Уқайлӣ мефармоянд, ки сухани Муҳаммад ибни Исмоил муътабар буда, он чор ҳадис саҳеҳ мебошанд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.10)

Муҳаммад ибни Исмоил дар “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ” теъдоди каме аз аҳодиси саҳеҳро ҷамъоварӣ намуданд, на теъдоди зиёдеро, то китоб тӯлонӣ ва боиси малоли хонандагон нагардад. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.10)

Муҳаммад ибни Абӯҳотим мефармоянд, ки ман Муҳаммад ибни Исмоилро дар хоб дидам, ки аз қафои Паёмбари Худо (с) роҳ мегаштанд. Ҳар вақте ки Паёмбари Худо (с) қадами худро аз замин мебардоштанд, Муҳаммад ибни Исмоил қадами худро дар ҷои қадами ӯ мегузоштанд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.656)

Муҳаммад ибни Юсуфи Фирабрӣ мефармоянд, ки ман Паёмбари Худо (с)-ро дар хоб дидам. Ба ман гуфтанд, ки куҷо меравӣ? Гуфтам: “Ба назди Муҳаммад ибни Исмоил”. Паёмбари Худо (с) фармуданд, ки ӯро аз ҷониби ман салом бигӯ! (“Ҳадюс-сорӣ”, с.10)

Абӯзайди Марвазӣ мефармоянд, ки ман дар Каъба миёни рукни ямонӣ ва мақоми Иброҳим хоб будам. Дар хоб Паёмбари Худо (с)-ро дидам ва ба ман гуфтанд, ки то кай китоби Шофеъиро мехонӣ ва ба китоби ман назар намекунӣ. Тааҷҷуб карда гуфтам, ки китоби шумо кадом аст? Паёмбари Худо фармуданд, ки “Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ”-и Муҳаммад ибни Исмоил. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.656)

Абулҳасани Дорақутнӣ мефармоянд, ки агар Муҳаммад ибни Исмоил намебуданд, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ намеомаданд. Ӯ китоби Муҳамад ибни Исмоилро гирифта, мустахраҷ қарор доданд ва бар он аҳодис илова намуданд. (“Ҳадюс-сорӣ”, с.657)


 



 

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر