الصفحة الرئيسية المقالات ФАРХАНГИ САРФАКОРӢ Ё ҲИКМАТИ “ЗАРРА, ЗАРРА ҶАМЪ ШАВАД...”

ФАРХАНГИ САРФАКОРӢ Ё ҲИКМАТИ “ЗАРРА, ЗАРРА ҶАМЪ ШАВАД...”

ФАРХАНГИ САРФАКОРӢ Ё ҲИКМАТИ “ЗАРРА, ЗАРРА ҶАМЪ ШАВАД...”
2020-12-30
1938

   Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Парвардгори оламиёнро ва дуруду саломи бисёри Худованд бар Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод ва бар ҳар ки ўро бо накуӣ пайравӣ кунад.

        Шукронаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ кору зиндагӣ дошта, баҳри расидан ба ҳадафҳои ояндасоз кӯшишу заҳмат намуда истодаанд. Маҳз аз баракати иттиҳоду сарҷамъӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва роҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо, тоҷикистониён, дар масири расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи худ ба муваффаққиятҳои беназир ноил гардида истодаем. Таърих гувоҳ аст, ки андар ҳама давру замонҳо дар амалӣ намудани андешаҳои бузурги созанда, аз ҷумла, ҳадафҳои стратегӣ ба ҷуз саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодиёт ва таҳкими фишангҳои давлатдорӣ инчунин фарҳанги сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табии ва дигар сарватҳои модӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. Зеро Офаридгор дар баробари дигар неъматҳои табии ва бунёдӣ ба башарият ақлу дарки худшиносӣ ато фармуд, то инсон бо василаи омӯзиши илму мушоҳидаи маърифати воло ба хушбахтию саодати зиндагӣ бирасад. Аз ин лиҳоз, моро дар тасмимгириҳои ҳаётӣ ва ҳар қадамҳои устуворамон ба сӯӣ беҳбудиҳои рӯзгор ва амалӣ намудани ҳадафҳои бузурги давлату давлатдорӣ мебояд, ки бо риояи фарҳанги сарфакорӣ ва оқилона истифода бурдани неъматҳои мавҷуда файзу баракати рӯзгори хешро афзун намуда ва ҳам барои наслҳои ояндаамон аз худ чизе ба мерос гузорем.

Тавре ки ҳамагон дар хотир дорем, ҳанӯз дар оғози марҳилаи амалӣ намудани тарҳҳои бузурги стратегӣ баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки; «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем  солҳои наздик ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардем».

Дар шароити кунунӣ, ки аз як тараф бинобар гармшавии иқлими сайёра захираҳои обӣ кам шуда аз сӯи дигар бо сабаби сарду тӯлонӣ омадани зимистони имсола талабот ба нерӯи барқ дар кишвар зиёд шудааст, моро зарур аст, ки аз коргоҳу идораву ташкилотҳо то дар ҳар манзили истиқоматӣ ва ҳар нуқтаи истифодаи нерӯи барқ ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ эътибори ҷиддӣ диҳем.

Худованд дар Ояти 31 Сураи “Аъроф” ба ин мазмун фармудааст: “Бихӯред ва бинӯшед, вале исроф ва зиёдаравӣ накунед, ки Худованд мусрифон ва зиёдаравикунандагонро дӯст намедорад”. Аз ин лиҳоз, маҳз дар ҳамин шабу рӯз, ки ҳар зарра захираҳои табиӣ ва сарватҳои модии мо аз ҷумла, нерӯи барқ дар рушди ҷомеа ва иқтидори давлат ниҳоят муҳиму зарур аст, масъалаи таблиғу ташвиқи фарҳанги сарфакорӣ миёни аҳолӣ аз мавзӯъҳои меҳварии масъулону фаъолони ҷомеаи мо мебошад. Дар иҷрои ин амри муҳим, яъне, сӯҳбату вохуриҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум, бояд ки ҳар фарди худогоҳи ҷомеа, ба хусус, имомхатибон ва шахсиятҳои обурӯманди маҳалҳо саҳми арзандаи худро гузоранд.

Имрӯзҳо ҳар нафари мо шоҳиди истифодаи аз меъёр зиёди нерӯи барқ дар ин ё он иншоот ва манзилҳои истиқоматии сокинон мегардем, ки дар чунин ҳол беэътиноӣ намудан хоси фарди мусулмон нест. Ба хусус, барои миллати мусулмони соҳибмаърифати мо, ки фарҳанги сарфакориро аз ниёгони тамаддунофари худ аз насл ба насл мерос гирифтаанд, бояд ки дар доираи илму донишҳои аз Қуръони Карим ва ҳадисҳои мубораки Расули Акрам (с) ва ҳам панду андарзҳои аз ниёгони хеш андӯхтаашон тарзе кору зиндагӣ намоянд, ки дар рафтору гуфтор ва маданияту фарҳанги рӯзгордорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Зеро ба қавли гузаштагонамон; «Агар дахл бисту харҷат бисту як бошад» ҳеҷ гоҳ наметавонӣ дар зиндагӣ муваффақу комёб гардӣ.

Аз таҳлилҳои коршиносон дар самти истеҳсолу истифодаи нерӯи барқ бармеояд, ки маҳз истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ ва сари вақт пардохт накардани ҳаққи истифодаи он аз ҷониби муштариён, ба вазъи таъминоту нигоҳдорӣ ва фаъолияти минбаъдаи шабакаҳои барқдиҳӣ таъсири манфӣ расонида исодааст. Ҳолонки дар масири расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ҳадафи чаҳоруми мамлакат, яъне, саноатикунонии кишвар мо ба фароҳам намудани сохтори ҷадиди шабакаҳои барқдиҳӣ ва низоми муайяани таъмини неруи барқ дар саросари кишвар ниёз дорем. Аммо масъалаҳои доғе ба мисоли сарфи беҳудаву истифодаи ғаримақсадноки нерӯи барқ ва саривакт пардохт нашудани ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи ба баъзе коргоҳҳо ва шахсони алоҳида монеи рушди соҳаи энергетика дар кишварамон гардида истодааст.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар хотир доранд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон махз фасли сармо сокинон шабонарӯз ҳамагӣ ду соат бо барқ таъмин мешуданду халос, вале хушбахтона бо кӯшишу талошҳои Сарвари давлат аз санаи 14 - уми январи соли 2017  маҳдудияти таъмини нерӯи барқ пурра бардошта шуд. Ҳамакнун дар шароити кунунии гармшавии иқлим ва қариб баробар кам шудани боришоти барфу борон, ки ба сатҳи об дар обанборҳои Неругоҳҳои барқии обии кишвар таъсири манфӣ мерасонад, моро мебояд, ки барқи истеҳсолшударо сарфакорона истифода намоем, то захираи оби обанборҳои кишвар то фарҷоми фасли зимистон кифоят кунад. Аз ин сабаб, ки 50 дарсади барқи дар кишвари мо истеҳсолшударо аҳолии мамлакатамон истифода мебаранд, таъкидҳои Пешвои миллатамон дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ҳам муроҷиатномаи Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ин хусус, айни муддаост. Мавриди зикр аст, ки дар иҷрои ин амали хайру накӯкорӣ нисбат ба халқу ватани худ, яъне, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ маҳз бонувон, ки тамоми корҳои пӯхтупазу тамизу дарзмол ва дигар шуғлҳои хонаводагиро ба истифода аз воситаҳои барқӣ  анҷом медиҳанд, саҳми ниҳоят бузург гузошта метавонанд. Албатта, бо назардошти саҳму манзалати бонувон дар оила ва инобати хулқи сарфаю сариштакории онҳо дар рӯзғордорист, ки башарият занро чароғи хонадон номидааст.

Бинобарин, таваҷҷуҳи кадбонуҳои мо ба риояи фарҳанги сарфакории нерӯи барқ имкон дорад, ки дар кишвари мо дар як шабонарӯз ҳазорон Квт нерӯи барқро сарфаву саришта кард. Умедворем, ки дар ҳамин давраи муҳим, ки сарфакории нерӯи барқ ба хотири пойдории низоми солими таъмини барқ дар кишвар равона гардидааст, мо, ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистон ба гуфти ниёгонамон барқу дигар сарвату неъматҳои Ватани худро сарфакорона истифода менамоем, то ин ки ба қавле “Зарр зарра ҷамъ шавад”...

Умоналӣ Нурзода, муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоикистон дар вилояти Хатлон, сархатиби масҷиди ҷомеаи шаҳри Бохтар .

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.11.2024

أكثر
الفجر05:40
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر