الصفحة الرئيسية المقالات МАНФИАТИ НАМОЗИ БОМДОД АЗ НИГОҲИ ТАБИБОН

МАНФИАТИ НАМОЗИ БОМДОД АЗ НИГОҲИ ТАБИБОН

МАНФИАТИ НАМОЗИ БОМДОД АЗ НИГОҲИ ТАБИБОН
2021-03-10
1819

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду сано Парвардигореро, ки паёмбаронашро бо ҳуҷҷат фиристод ва тавассути мўъҷизаҳо қувваташон  бахшид ва барояшон дастур дод, то ростгў бошанд ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари охирузамон Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш бод.

Мутаассифона, вақтҳои охир бемориҳои системам дилу раг ва ба вуқўъ пайвастани ҳолати ногаҳонии фавт зиёд шуданд. Аксари ҳолатҳои марг дар арафаи субҳ, яъне дар лаҳзаҳои ҳукмрон будани ғофилӣ ба вуқўъ меомадаанд. Бинобар ин азони ба намози бомдод даъваткунанда одамҳоро на танҳо аз ғафлат бедор мекардааст, балки аз марги баногоҳ падидоянда низ огоҳ менамудааст. Зеро дар арафаи субҳ, ҳолати дар хоб будани одам ҳатто ба нисфи марг низ нисбат дода мешудааст. Дар чунин лаҳзаҳои ба таври шадид фарогирифтаи ғафлат шиддатнокии гардиши хун дар рагҳо ба дараҷае коҳиш меёфтааст, ки агар одам дар вақташ бедор нашавад, дучори марг шудан мумкин будааст. Хусусан барои одамони майзада, ба ишрат майлдошта, гирифтори бемории фишори баланди хун ва ё дилбемор ин вақт метавон гуфт, ки ҳалокат аст...

Воқеан олимони илми тиб даҳҳо дастурҳои пешгирӣ намудани бемориҳои дилу рагро навишта бошанд ҳам, ҳануз инсониятро аз ин таҳдид раҳо бахшида натавонистаанд. Вале худи як намози бомдодро мукаммал адо намудан чораи бемисли пешгирӣ намудани чунин бемориҳо маҳсуб мешудааст. Яъне пайваста ба ҷо овардани ин фарзи Илоҳӣ амалӣ намудани муолиҷаҳои тиббии зайлро таъмин мекар­дааст:

-Якум, азон одамро аз ғафлат бедор намуда, шиддатнокии гар­диши хунро дар рагҳо муътадил менамояд. Дар натиҷа аз сарчашмаи ҳаёт- оксиген ва моддаҳои ғизоии тавассути хун интиқолёбанда баҳраманд шудани ҳамаи узвҳои бадани одам оғоз мешавад. Вале ба мисли баъзеҳо фикр кардан даркор нест, ки бо шунидани азон аз ҷо бархоста, барои қазой ҳоҷат рафта, баргашта боз хобанд. Ин ҳолат таҳдиди фавтро бартараф намекунад. Лозим аст, ки аз хилтҳои бадан раҳо ёфта, тавассути таҳорат пок гардида, ҳамин тавр аз муолиҷаи обии дар тибби замонавӣ овардашуда баҳраманд шавӣ.

-Дуюм, барои бо ҷамоат адо намудани намози бомдод ҷониби масҷид қадам ниҳода ҳам метавонӣ ба аҷру савобҳо соҳиб шавӣ ва ҳам аз зарари камҳаракатӣ (гиподинамия) раҳо ёбӣ. Зеро дар ин вақт пиёда қадам ниҳодан тарбияи бадан аст. Инчунин аз ҳавои тозаи субҳгоҳӣ нафас гирифтан ба руҳу тан нерў мебахшад.

-Сеюм, ибодат воситаи хуби нобуд сохтани табъи нохуш, депрес­сия барин ҳолатҳои зараровар аст. Тавассути ҳаракатҳои дар вақти намоз баҷоовардашаванда метавон аз машқҳои махсуси бартарафсозии дардҳо низ баҳраманд шуд. Эҳсоси қаноат, шукрона намудан аз навъҳои самарабахши табобат мебошад, ки дар илми тиб онро аутотренинг меноманд.

Бубинед, ба ҷо овардани яке аз амрҳои Аллоҳ таъоло чӣ қадар фоида доштааст. Ҳол он, ки ин қатрае аз баҳр аст. Пас хуш ба ҳоли онҳое, ки тамоми фармудаҳои шариатро иҷро мекунанд.

Солимии имонро, ки шуморо ба қасри солимии абад мебарад, ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳед азизон!

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.04.2024

أكثر
الفجر03:49
الظهر12:40
العصر17:27
المغرب19:26
العشاء20:57
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر