الصفحة الرئيسية المقالات Имоми Аъзам ва масъалаҳои таҳаммулпазирӣ

Имоми Аъзам ва масъалаҳои таҳаммулпазирӣ

Имоми Аъзам ва масъалаҳои таҳаммулпазирӣ
2016-03-07
8413

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дар ташаккул ва рушди таърихи тамаддуни исломӣ ва махсусан бунёди яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини аҳли суннат  ҳанафия саҳми Имоми Аъзам хеле бузург аст. Сабаби имоми Аъзам ном гирифтани ӯ дар он аст, ки Абӯҳанифа дар байни имомҳои дигар аз ҳама бонуфузтар ба ҳисоб меравад. Шояд яке аз сабабҳои асосии интишорёбии ин мазҳаб низ маҳз дар ҳамин нуҳуфта бошад. Ин мазҳаб бештар аз 13 аср боз роҳи миллионҳо одамонро мунаввар сохта, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Маҳз ба хотири хидматҳои содиқонааш ба ӯ унвонҳои олии «Имоми аъзам» ва «Чароғи уммат»-ро насиб донистаанд.

Таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ ва бузургии шахсияти Имоми Аъзамро аксари шарқшиносони Ғарбу Шарқ эътироф кардаанд. Имрӯз дар шароити ҳуҷуми мазҳабҳои миссионерӣ ва пайдошавии ҷараёну ҳаракатҳои тундрав шинохти таҷдидёфтаи мазҳаби ҳанафия хеле бамаврид ва саривақтӣ мебошад.

Бо камоли сурур метавон таъкид намуд, ки ба шарофати соҳибистиқлол шудани Тоҷикистони азиз саъю талошҳои Ҳукумат ва махсусан ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкиму давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва динии мардуми тоҷик дорои аҳамияти босазо ва иншоаллоҳ босамар хоҳад буд.

Ҳаминро бояд тазаккур дод, ки дар давраи Шӯравӣ дар бораи Имоми Аъзам китобҳо оид ба таълимоти ӯ қариб, ки вуҷуд надоштанд ва он чи вуҷуд дошт, дар дасти мутахассисини соҳа қарор доштанду халос. Хушбахтона дар солҳои омодагӣ ва ҷашнгирии Имоми Аъзам зиёда аз 30 китобҳои ҳаҷман калону хурд ва мақолаҳои ниҳоят зиёде ба табъ расидаанд.

Як чизи ниҳоят чашмрас, ки боиси шӯҳрат ва ифтихори мардуми тоҷик аст, он аст, ки намояндагони миллати мо бузургтарин донишмандони олами Ислом будаанд.

Имоми Аъзам дар ҷаҳони Ислом ҳамчун асосгузори илми фиқҳ ба ҳисоб меравад.  Дар бораи мақоми илмӣ ва фиқҳӣ, диёнату парҳезкорӣ, адлу инсоф, мураввату одамгарии Имоми Аъзам ёдовар мешавем, ки муассисони дигар се мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат дар ситоиши ӯ гуфтаанд.

Имом Шофеъӣ: «Ҳамоно мардум дар фиқҳ аёли Абӯҳанифа мебошанд»;

Имом Молик: «Абӯҳанифаро чунон дидам, ки агар даъво кардӣ, ки ин сутун зарин аст, бо далел онро исбот мекард»;

Имом Аҳмад ибни Ҳанбал: «Ӯ дар вараъ (тақво ва парҳезкорӣ) ба зуҳду интихоби охират бар дунё дар ҷойгоҳе қарор дорад, ки касе бар вай намерасад ва ҳароина ҷабру тозиёнаи халифа Мансурро барои радди қабули мансаби қазоват ба ҷон харид, аммо тан ба ин кор надод, пас, раҳмату ризвони Худои азза ва ҷалла бар вай бод».

Имом Ҷаъфари Содиқ: «Абӯҳанифа фақеҳтарини мардуми шаҳраш мебошад»;

Шаддод ибни Ҳаким: «Ман шахсеро аз Имом Абӯҳанифа донотар надидаам»;

Вақеъ ибни Ҷарроҳ: «Шахсе, ки аз Имом Абӯҳанифа фақеҳтар бошад ё аз  ӯ беҳтар намоз бихонад надидаам».

Халифа Мансури Аббосӣ Имоми Аъзамро ба Бағдод даъват намуда, ҳатто қасам ёд карда буд, ки мансаби қозигиро ба ӯ хоҳад супорид. Аммо Имоми Аъзам ҳам чунин савганд ёд кард, ки ин мансабро қабул нахоҳад кард, зеро аз уҳдаи он намебарояд. Ҳамагон медонанд, ки бо вуҷуди ин қадар таъқибу фишорҳо ӯ аз мансаб даст кашид ва кор то ҷое расид, ки ӯро ба зиндон андохта, тозиёна ҳам задаанд. Ниҳоят ӯ дар асари ин тозиёнаҳо ва ё заҳр нӯшонидан ҷон ба Ҷаббор супорид.

Асарҳои аз худ боқӣ гузоштаи Имоми Аъзам гувоҳи он мебошанд, ки ӯ дар ҳақиқат ҳам шахси тақводору парҳезгор ва донишманду бофарҳанг буда, ҳадафаш ин будааст, ки мусулмон дар байни худ ва дар муносибат бо дигар намояндагони қавму миллатҳо бо муруввату мадоро зиндагонӣ намоянд.

Месазад, ки «Васиятнома»-и ба фарзандаш гузоштаи ӯро на фақат мусулмонон, балки тамоми одамони қавму миллатҳои гуногунмазҳаб ба сифати китоби рӯиимизии худ қарор дода, бояд ҳар лаҳзаи муносиб онро ба даст бигиранду аз он истифода бубаранд.

Дар ҳалли масоили баҳсталаб оид ба ихтилофоти мазҳабӣ, динӣ ва равияҳои гуногуне, ки дар он замон низ зиёд шуда буданд, Имоми Аъзам худро ба сифати донишманди ниҳоят дурандеш нишон дода, онҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват менамуд. Ӯ ҳамчунин даъват менамуд, ки дар ҳалли масоили баҳсноки динӣ - мазҳабӣ одамон ба эҳсосот дода нашуда, онҳоро бо назардошти далелҳои ҳар ду тараф, одилона ҳаллу фасл намоянд. Дар ҳар сурат бо пайравони дину мазоҳиби дигар муносибати накӯ ба роҳ монда шавад.

Омӯзиши мероси ӯ нишон медиҳад, ки тамоми рафтораш ба Қуръон ва суннат асос ёфта, дар доираи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сурат гирифтаанд.

Барои мисол зикр намудани чанд намунаро зарур ҳисобида, кӯшиш хоҳем кард, ки онҳоро дар шакли хеле осонфаҳм барои хонандагон пешкаш намоем. Имоми Аъзам дар васияти худ ба шогирдаш Юсуф гуфтааст: «Ҳамеша мадорову сабру таҳаммулро пеша намо, синаи фарох ва ахлоқи хуб дошта бош, либоси нав бипӯш, маркаби хуб дошта бош, атру хушбӯии зиёд истифода намо, ҳар рӯз як вақтеро барои анҷом додани корҳои шахсият ҷудо намо, ҳамеша аз ҳолати хизматгузорон ва зердастонат бохабар бош, дар тарбия ва таълим додани адаб ба онҳо ҷиддӣ бош, аз ростӣ кор бигир, такаббурро раҳо кун. Мабодо касеро фиреб надиҳӣ, гарчи туро фиреб дода бошад. Амонатро ба соҳибаш баргардон, гарчи дигарон ба ту хиёнат кунанд. Вафоро пеша кун,  бо тақво бош. Бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб намо! Агар ба ин васияти ман амал намоӣ умедворам солим бимонӣ».

Дар тӯли фаъолияти худ Абӯҳанифа ва ҳамчунон ки аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, шогирдонаш низ асос ва ҷавҳари таълимоти ҳанафия – таҳаммулпазириро риоя намудаанд. Аз ин ҳақиқат ба хулосае омадан осон аст, ки асоси таълимоти ҳанафияро инсон ва эҳтироми шахсият ташкил медиҳад, ки ҳамин асос ва ҷавҳари дини мубини Исломро ташкил медиҳад.

Яке аз нишонаҳои мавқеи устувори таҳаммулпазирии ҳанафия он мебошад, ки дар тафовут аз дигар мазҳабҳо ӯ ба ғайр аз ҳуқуқи динӣ, ҳуқуқи дунявиро, ки то замони қабул шудани дини Ислом бо номи урфу одат машҳур буданд ва дигар қонуну оинномаҳое, ки ҳукуматҳои дунявӣ қабул намуда буданд, барои дар амалия истифода бурдан иҷозат медод. Ин гуфта чунин маъно дорад, ки фиқҳи ҳанафӣ ба ҳокимияти дунявӣ бештар мусоид буд.

Ҳанафиҳо нисбат ба пайравони дигар адёнҳо ба мисли аҳли яҳуд ва насоро бештар таҳаммулпазир мебошанд.

Таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафия ҳамчунин дар он зоҳир мешавад, ки  Имоми Аъзам оид ба ҳалли масъалаи «муртакиби гуноҳи кабира», ки он замон боиси баҳсу мунозираҳои зиёди байни мусулмонон гардида буд, дахл намуда, баръакси онҳое, ки инро сабаби аз дин хориҷ шудан медонистанд, даъво кард, ки «муртакиби гуноҳи кабира мин ҳайси иртикоб» аз имон хориҷ намешавад. Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ин даъвои Имоми Аъзам агар, аз як тараф, сабаби ба ин мазҳаб гароидани бисёр гурӯҳҳои мазҳабҳо ва равияҳои дигар шуда бошад, аз ҷониби дигар, сабаби мавриди сарзанишу маломат ва аз ҳама бадтаринаш, сабаби ба мурҷиён нисбат додани ӯ гардид. Ба ҳамагон хуб маълум аст, ки дар он замон муттаҳам шудан ба пайравии мурҷиён чӣ маъние дошт. Муътазилиҳо, ки хилофи ин ақида буданд, ба ӯ лақаби «мурҷӣ»  дода, минбаъд тамоми пайравони ӯро бо ин лақаб ном мебурданд.

Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки Мурҷиобод, яке аз номҳои шаҳри Балх мебошад. Оид ба ғаразҳои чунин гурӯҳҳо тахминҳои зиёдеро зикр кардан мумкин аст, вале мо аз онҳо худдорӣ менамоем ва ҳаминро қайд мекунем, ки дар бораи муносибаташ бо мурҷиҳо дар китобаш «ал-Фиқҳу-л-акбар» гуфтааст: «Ва мо намегӯем, ки ба мӯъмин гуноҳи кардааш зарар надорад ва ӯ дар дӯзах намеафтад ва дар он ҷовидон мемонад, агар фосиқ бошаду аз дунё берун равад (бимирад). Ва намегӯем, ки накӯкориҳои мо мақбул асту бадкориҳои мо мавриди мағфирати Худованд, чунонки мурҷиён мегӯянд. Вале мегӯем, ки амали некеро бо риояи шариат адо намояд, аз олоишҳое, ки онро фосид ва маъниҳое, ки онро ботил мегардонад, агар аз ин дунё равад. Худованди таъоло ин некӯиҳоро зоеъ намесозад, балки чунон ки ваъда кардааст  ба подоши ин некӯиҳо гуноҳонро меомӯрзад, магар гуноҳи ширк ва куфрро, ки тавбапазир нестанд. Худо агар хоҳад ӯро муъоф мекунад ва ба азоби абадии дӯзах гирифтор намесозад».

Барои донишмандон пӯшида нест, ки дар он замони ниҳоят пурошубу исён чунин ҷасорат ҷуръат пайдо кардани Имоми Аъзам худ як қаҳрамонӣ буд.

Имоми Аъзам нисбат ба ҳамаи мазҳабҳои аҳли суннату ҷамоъат, ташайюъ ва ҷараёнҳои мухталифи он нигоҳи таҳаммулпазир дошт. Масалан, Бухорӣ паҳлӯҳои гуногуни осори ӯро баррасӣ намуда, исбот кардааст, ки чунин муносибати Имоми Аъзам бар Қуръону суннат ва адолати илмӣ асос ёфтааст. Дар ҳаёти Абӯҳанифа чунин ҳолатҳое низ вуҷуд доштаанд, ки ӯро борҳо барои вокунишҳои марбут ба ташайюъ ҳангоми саволу ҷавобҳо ба майл доштан ба ташайюъ гунаҳкор намудаанд. Гуноҳи ӯ ҳамаги ин будааст, ки ӯ танҳо ҳар фикру ақидаи солими мазҳабу ҷараёнҳои мухталифро ҷиҳати пазироӣ қарор медодааст. Заминаи асосии таҳаммулпазирии мазҳаби Имоми Аъзамро эътиқоди саҳеҳ нисбат ба асли тавҳид ташкил медиҳад, ки ба қавли Абӯҳанифа он эътиқоди саҳеҳ ба Худои таъоло, малоикаҳо, китобҳои осмонии Ӯ, паёмбаронаш ва рӯзи қиёматро дар бармегирад. Ин рукнҳо, бешубҳа дар муколамаи адён ва тамуддунҳо нақши муҳим ва аввалиндараҷаро мебозанд.

Ҳамчунин рукни дигар ва  муҳими таълимоти ахлоқии Имоми Аъзамро тақво (парҳезкорӣ) ташкил медиҳад. Ӯ шогирдонашро насиҳат мекард, ки ҳамеша тақво ва ростиро пеша карда, вафопеша ва тақводор бошанд ва амонатро ба соҳибаш баргардонанд. Ӯ ҳамчунин пайваста таъкид мекард, ки барои мардуми хосу ом хайрхоҳ бошанд, аз худписандӣ дурӣ гузинанд, мардумро ночиз ва ҳақир нашуморанд, балки ба онҳо эҳтиром бигузоранд, ҳеҷ чизро ба ҷуз далели равшан ба онҳо нагӯянд. Ҳар гиз ба устодон ва шахсиятҳои мавриди эҳтироми онҳо таън нарасонанд ва ба онҳо носазо нагӯянд, зеро дар ин сурат онҳо низ дар ҷавоб айбҷӯӣ мекунанд ва сухани носазо мегӯянд. Зимнан Имоми Аъзам барои тақвияти гуфтааш ин сухани Худовандро далел меоварад: «Ва касонеро, ки Худоро мепарастанд, дашном надиҳед». (Анъом, 108)

Дигар насиҳати Имоми Аъзам кина наварзидан бо мусулмонон мебошад, ки ин ҳам боз як далели равшан дар пояи матини таҳаммулпазирӣ ва мадоро доштани таълимоти Имом Аъзам мебошад. Раванди ҷаҳонишавӣ имрӯз тақозо дорад, ки аҳли илм пас аз омӯхтани илмҳои исломӣ дар пайравӣ аз мазҳаб баҳри беҳбудии муносибат миёни аҳли ҷомеа ва равияҳои мухталиф дар партави мазмуни фармудаҳои Худову Расул (с) тарзи дурусти муомила ва таҳаммулпазириро пешаи худ қарор дода, аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб пешгирӣ намоянд.

Худованди бузург аз рӯи таълим ба Паёмбари Ислом (с) фармудааст: «Мардумро бо ҳикмату андарзи накӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин шева бо онон муҷодала кун! Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи ӯ мунҳариф шудаанд, огоҳтараст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад» ( Наҳл,125).

Имоми Аъзам низ бо такя ба дидгоҳи Қуръону суннат чунин васиятҳоро бо забони сода ва оммафаҳм талқин намуда, худ низ ин васиятҳоро дар амалу таҷриба истифода бурда, чандин шахсро ба  роҳи Ҳақ баргардонида аст ва аксари онҳо ба донишмандони       шинохта табдил ёфтаанд.

Худованд дар сифати Паёмбари худ фармудааст: «Пас ба сабаби меҳрубонии Худо барои онҳо нарм шудӣ ва агар дурушхӯю сангдил мешудӣ, аз атрофи ту параканда мешуданд…».

Яъне сифатҳои Пайғамбар (с), ки дар Қуръони карим ба унвони намуна зикр мешавад, он ҳама фарогирандаи меҳру раҳмат ва муомила бо роҳи нармдилӣ нисбат ба мардумаст, ки омили иттиҳод ва ҳамбастагии мардум мегардад.

Аз насиҳатҳо ба шогирдаш ба Абӯюсуф:

«Бо мардум тавре рафтор кун, ки бо худат рафтор мекунӣ ва барои онҳо ҳамон чизеро биписанд, ки барои худат меписандӣ»;

«Бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб ва ҳусни муоширатро ба роҳ мон ва дар пайи ислоҳи ҳамзистӣ бо онҳо бош!» ;

Амал намудан ба ин насиҳат аз нигоҳи ИмомиАъзам умеди дар офият зистан ва саломат монданро дар пай дорад. Ин насиҳат гувоҳ ва далели равшану ошкори то чӣ андоза таҳаммулпазир будани ӯро дармуомилаву муносибат бо пайравони дигар дину мазҳабҳо мебошад. Пайғамбар(с) фармудааст: «Касе ба бузургсолони мо эҳтиром намегузорад ва бар кучактарини мо шафқат накунад, аз мо нест».

«Пайваста тақворо пеша кун ва амонатро ба соҳибаш баргардон!»

«Мардумро ҳақир машумор,  ба онҳо эҳтиром бигзор ва беш аз ҳад махлут машав, магар ин ки онҳо нишасту бархости туро бо туписанданд ва назди турафту омад кунанд…».

«Агар шахсеро бо бадӣ шинохтӣ, бадиашро пеши мардум зикр макун, балки хубие дар вай ҷустуҷӯ кун ва бо ҳамин хубӣ аз ӯ ёд кун, магар дар умури динӣ (агар бадиаш ошкор бошад), ки дар онсурат бояд мардумро огоҳ кунӣ, то аз шарри ӯ ҳазар кунанд ва аз ӯ пайравӣ нанамоянд, зеро Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: «Бадиҳое, ки дар шахси фоҷираст, барои мардум баён кунед, то аз вай ҳазар кунанд».

«Мабодо масоили диниро бо авом бо сабки илми калом матраҳкунӣ, ки онҳо аз ту тақлид карда, ба он машғул хоҳанд шуд ва ҷуз дарди сар фоидае аз он ҳосил нахоҳанд кард»;

«Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар яки ононро фарзанди худ медонӣ, зеро ин амр рағбат ва алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард»;

«Дар бархӯрд бо мардум ҳамеша бо эҳтиёт бош!»

«Ҳеҷ гоҳ дар корҳоят, чӣ дунявӣ ва чӣ ғайри он бепарво мабош, зеро Худованди мутаъол аз ҳама чиз аз ту хоҳад пурсид».

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر