الصفحة الرئيسية المقالات НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ИНКИШОФИ ТАММАДУНИ ҶАҲОНӢ

НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ИНКИШОФИ ТАММАДУНИ ҶАҲОНӢ

НАҚШИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ИНКИШОФИ ТАММАДУНИ ҶАҲОНӢ
2021-10-08
1561

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ў забони модарӣ гум кардааст.

Худованд оламро офарид ва ба одамон забони гуногун ато кард, то бо ҳам сухан гўянд. Ва яке аз қадимтарин забонҳо – забони тоҷикист. Тоҷикон ҳазорсолаҳо инҷониб бо ин забони шевову дилчасп шеър суруданд ва асарҳо офариданд. Аҷдодони мо забони тоҷикиро ба авҷи аъло расониданд, онҷо, ки Расули акрам (с) дар ҳаққи мардуми мо башорат фармудаанд, ки «Агар илм дар Сурайё мебуд, мардоне аз фарзандони форс (яъне тоҷикон) онро дармеёфтанд».

Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷа ва чандин нобиғаҳои халқи тоҷик ҳадисҳои Паёмбари ислом (с)-ро тадвин ва тахриҷ намуданд, ки имрўз аз китобҳои муқаддастарини мусулмонон ба шумор мераванд.

Бузургтарин хизмате, ки барои бузургдошти забони тоҷикӣ карда шудааст, ин фатвои Имоми Аъзам буд, ки хондани намозро ба забони тоҷикӣ иҷозат доданд. Тибқи фармудани Имом Абўҳанифа, дар намоз ба ҷуз аз тиловати қуръон, боқӣ ҳамаи дуоҳо метавонад ба забони тоҷикӣ анҷом дода шавад. ҳамин тариқ забони тоҷикӣ дар байни мусулмонони ҷаҳон бештар интишор шуд ва1300 сол инҷониб аксари мусулмонони олам нияти намозро ба забони тоҷикӣ мехонанд.

Асарҳои Абўрайҳони Берунӣ, Мир Сайд Алии ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Ибни Сино, ашъори Рўдакиву Хайём, Саъдиву ҳофиз, Фирдавсиву Форобӣ мақоми забони тоҷикиро дар тамоми олам боло бурданд. ҳатто гуфта мешавад, ки яке аз забонҳои аҳли биҳишт тоҷикӣ мебошад.

Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст.

Ба ин маънӣ, забони тоҷикӣ таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тўли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон истилогарон мехостанд забони моро аз байн баранд. Македониҳову муғулҳо ва дигар халқиятҳое, ки замини тоҷиконро тасарруф мекарданд, аввал забони худро ҷорӣ менамуданд. Аммо тамоми кўшишҳо натиҷае намебахшид. Зеро халқи тоҷик ҳар чӣ дошт, он забони модарӣ буд. Ва миллати мо забони худро аз даст надод. Халқи тоҷик тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро  ҳифз намояд ва онро то ба имрўзи обод оварда расонад.

Имрўз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Муҳимтар аз ҳама, имрўз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст.

Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад.

Аз ин рў, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر