الصفحة الرئيسية المقالات Тарҷумаи ҳоли Сулаймон ибни Ашъаси Сиҷистонӣ

Тарҷумаи ҳоли Сулаймон ибни Ашъаси Сиҷистонӣ

Тарҷумаи ҳоли Сулаймон ибни Ашъаси Сиҷистонӣ
2016-04-05
4895

Тарҷумаи ҳоли Сулаймон ибни Ашъаси Сиҷистонӣ

Ному насаби ӯ

Куняи ӯ Абӯдовуд, номаш Сулаймон ва номи падараш Ашъас буд. Силсилаи насаби ӯ Сулаймон ибни Ашъас ибни Шаддод ибни Амр ибни Омир мебошад.

Таърихи таваллуди ӯ

Сулаймон ибни Ашъас соли 202-уми ҳиҷрӣ дар Сиҷистон чашм ба олам кушодааст. Уламо дар таъйини Сиҷистон, ки зодгоҳи Сулаймон ибни Ашъас мебошад, ихтилофи назар доранд. Баъзе уламо, аз ҷумла Ибни Халликон бар он назаранд, ки Сиҷистон қаряе аз қаряҳои Басра мебошад. Баъзе дигар аз уламо, аз ҷумла Тоҷуддини Субкӣ бар он назаранд, ки Сиҷистон сарзамине дар миёни Синд ва Ҳирот мебошад. (“Базл-ул-маҷҳуд”, ҷ.1, с.34).

Сафари ӯ барои шунидани ҳадис

Сулаймон ибни Ашъас таҳсили илмро аз уламои зодгоҳи худ оғоз намуданд. Он замон дар шаҳри Басра муҳаддисони бисёре зиндагӣ мекарданд. Бинобар ин, ӯ ба шаҳри Басра рафта, аз Муслим ибни Иброҳим, Абдуллоҳ ибни Раҷо, Абӯвалиди Таёлисӣ, Мӯсо ибни Исмоил ва дигарон ҳадис шуниданд. Сипас ба шаҳрҳо ва сарзаминҳои дурдаст сафар намуда, аз муҳаддисони мумтоз ҳадис истимоъ намуданд. Аз он ҷумла, дар Кӯфа аз Ҳасан ибни Рабеъи Бӯронӣ, Аҳмад ибни Юнуси Ярбуъӣ ва дигарон, дар Ҳалаб аз Абӯтавба Рабеъ ибни Нофеъ, дар Ҳаррон аз Абӯҷаъфари Нуфайлӣ, Аҳмад ибни Абӯшуъайб ва дигарон, дар Ҳимс аз Ҳайва ибни Шурайҳ, Язид ибни Абдураббиҳ, дар Димашқ аз Сафвон ибни Солеҳ, Ҳишом ибни Аммор ҳадис шуниданд. Ҳамчунин дар Хуросон аз Исҳоқ ибни Роҳавайҳ ва дигарон, дар Бағдод аз Аҳмад ибни Ҳанбал, дар Макка аз Қаънабӣ ва Сулаймон ибни Ҳарб, дар Балх аз Қутайба ибни Саид, дар Миср аз Аҳмад ибни Солеҳ ва дигарон ҳадис истимоъ намуданд.

Дар ин сафарҳо Сулаймон ибни Ашъасро бародараш Муҳаммад ибни Ашъас, ки аз ӯ ба синну сол каме бузургтар буд, ҳамроҳӣ мекарданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.221).

Устодони ӯ

Сулаймон ибни Ашъас ба ҷуз касоне, ки зикр карда шуданд, аз дагар муҳаддисон низ ҳадис шунидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Муҳаммад ибни Башшори Рамодӣ, Иброҳим ибни Мӯсои Фарро, Алӣ ибни Мадинӣ, Ҳакам ибни Мӯсо, Халаф ибни Ҳишом, Саид ибни Мансур, Саҳл ибни Баккор, Шоз ибни Файёз, Абӯмаъмар Абдуллоҳ ибни Амри Муқъад, Абдурраҳмон ибни Мубораки Айшӣ, Абдуссалом ибни Мутаҳҳар, Абдулваҳҳоб ибни Наҷда, Алӣ ибни Ҷаъд, Амр ибни Авн, Амр ибни Марзуқ, Муҳаммад ибни Саббоҳи Дӯлобӣ, Муҳаммад ибни Минҳоли Зарир, Муҳаммад ибни Касири Абдӣ, Мусаддад ибни Мусарҳад, Муоз ибни Асад, Яҳё ибни Маъин ва дигарон мебошанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.204-205)

Шогирдони ӯ

Ашхоси зиёде дар назди Абӯдовуд зонуи шогирдӣ зада, аз ӯ ҳадис шунидаанд, ки номи чанде аз онҳоро ин ҷо зикр мекунем:

Абӯисои Тирмизӣ, Насоӣ, Абӯбакр Аҳмад ибни Муҳаммади Халлол, Абӯбакр ибни Абуддунё, Абдуллоҳҳ бародарзодаи Абӯзуръа, Абдурраҳмон ибни Халлоди Ромаҳурмузӣ, Муҳаммад ибни Ҷаъфари Фирёбӣ, Муҳамад ибни Халаф ибни Марзубон, Абӯавона. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.205-207)

Аз зоеъ шудани илм худдорӣ мекард

Абӯбакр ибни Ҷобир мефармояд, ки ман бо Абӯдовуд дар Бағдод будам. Намози шомро бо ҳам хондем. Ногоҳ Амир Абӯаҳмади Муваффақ ба назди ӯ омад. Абӯдовуд бо ӯ вохӯрданд ва фармуданд, ки чӣ боис гардид, ки амир дар ин вақт ташриф оварад? Амир гуфт: “Се масъала боис гардид. Аввал он ки ба Басра мекӯчӣ ва онро ватан қарор медиҳӣ, то толибони илм ба назди ту рафта, илм омӯзанд ва дар натиҷа Басра обод гардад, зеро Басра дар натиҷаи тохтутози зангиён хароб шуда, мардум онро тарк намудаанд. Дуюм он ки ба фарзандони ман “Сунан”-и худро нақл ва ривоят мекунӣ. Сеюм он ки фарзандони маро алоҳида дарс медиҳӣ, зеро фарзандони хулафо бо фарзандони мардуми одӣ наменишинанд”.

Абӯдовуд фармуданд, ки масъалаи якум ва дуюро иҷро карда метавонам, аммо масъалаи сеюмро иҷро карда наметавонам, зеро мардум дар илмомӯзӣ баробаранд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.216)

Абӯдовуд баъд аз ин тақозои Амир Абӯаҳмади Муваффақ аз шаҳри Бағдод ба шаҳри Басра меравад ва онро маскани худ қарор медиҳад. Фарзандони Амир Абӯаҳмади Муваффақ дар даруни хайма менишастанд ва ҳамроҳ бо фарзандони мардум аз Абӯдовуд ҳадис мешуниданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.216)

Мазҳаби ӯ

Дар мазҳаби Сулаймон ибни Ашъас миёни уламо ихтилофи назар аст. Баъзе уламо, аз ҷумла Ибни Абӯяъло ва Анваршоҳи Кашмирӣ ӯро муқаллиди Аҳмад ибни Ҳанбал, баъзе дигар, аз ҷумла Тоҷуддини Субкӣ ӯро муқаллиди Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ ва баъзеи дигар ӯро муҷтаҳид медонанд. (“Кашф-ул-Борӣ”, ҷ.1, с144).

Ӯ дар дидгоҳи уламо

Абӯбакр Муҳаммад ибни Исҳоқи Соғонӣ мефармояд, ки ҳадис аз даҳони Абӯдовуд ба нармӣ мебаромад, ҳамчунон ки оҳан дар дасти Довуд (а) нарм мешуд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.213)

Абӯбакри Халлол мефармоянд, ки Иброҳим ибни Урума ва Абӯбакр ибни Садақа Абӯдовудро гиромӣ дошта, ҳеҷ касро аз ӯ бартар намедонистанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.211)

Мӯсо ибни Ҳорун мефармояд, ки Абӯдовуд дар дунё барои хондани ҳадис ва дар охират барои даромадани Биҳишт офарида шудааст. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.212)

Абӯабдуллоҳ ибни Манда мефармояд, ки касоне, ки ҳадиси саҳеҳро аз маълул ва хаторо аз савоб ташхис дода метавонанд, чаҳор нафар мебошанд: Бухорӣ, Муслим, Абӯдовуд, Насоӣ. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.212)

Аз исрофкорӣ метарсиданд

Ибни Доса мефармоянд, ки Абӯдовуд як остини кӯтоҳ ва як остини танг доштанд. Аз ӯ пурсида шуд, ки сабаб дар чист? Гуфт: “Дар остини васеъ китобҳоро мегузорам ва ба остини танг ниёз надорам”. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.217)

Забонаш низ гуворо ва ширин буд

Аҳмад ибни Муҳаммад мефармояд, ки Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ ба зиёрати Абӯдовуд ташриф оварданд. Ба Абӯдовуд хабар доданд, ки Саҳл ибни Абдуллоҳ ба зиёрати шумо омадаанд. Абӯдовуд ӯро марҳабо гуфта, нишонданд. Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ фармуданд, ки ман ба коре эҳтиёҷ дорам. Абӯдовуд фармуданд, ки чӣ корест? Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ фармуданд, ки оё гуфта метавонед, ки агар имкон дошта бошам, онро бароварда месозам. Абӯдовуд фармуданд, ки оре, гуфта метавонам. Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ фармуданд, ки забони худро, ки бо он аҳодиси Паёбари Худоро мегӯед, бароред, то онро бӯса кунам. Абӯдовуд забони худро бароварданд ва Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ онро бӯса карданд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.217)

Тарихи вафоти ӯ

Абӯдовуд 16-уми Шавволи соли 275 дар шаҳри Басра дар синни ҳафтоду ду солагӣ аз дунё дар гузаштанд. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.221)

Таснифоти ӯ

Абӯдовуд дар умри мубораки худ китобҳои бисёре навиштаанд. Уламо дар натиҷаи ҷустуҷӯ теъдоди муаллафоти ӯро ҳафдаҳ то зикр кардаанд, ки боаҳамияттарини онҳо инҳо мебошанд:

1.Рисолатун фӣ васфис-сунан.

2.Масоил-ул-Имом Аҳмад.

3.Ал-маросил.

4.Ас-сунан.

5.Аз-зуҳд.

6.Ал-қадар.

7.Китобун фир-риҷол.

8.Китобун-носих.

9.Муснаду Молик.

10.Китобу асҳобиш-Шаъбӣ.

Сунани Абӯдовуд

Уламои ҳадис пеш аз Абӯдовуд китобҳои “ҷомеъ” ва “муснад” тасниф мекарданд. Аввалин касе, ки навиштани китоби “сунани холис” ба ӯ муяссар гардид, Абӯдовуд буданд. (Шарҳи “Сунан”-и Абӯдовуд аз Бадруддини Айнӣ)

Абӯдовуд китоби “Сунан”-ро тасниф карда, онро ба Аҳмад ибни Ҳанбал арз менамояд. Аҳмад ибни Ҳанбал онро писандида, баҳои арзанда медиҳад. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.209).

Бинобарин китоби ӯ мавриди таваҷҷуҳи уламои ҳадис қарор гирифт ва барои шунидан ва омӯхтани он уламои ҳадис аз ҳар гӯшаи дунё сафар намуданд. (Шарҳи “Сунан”-и Абӯдовуд аз Бадруддини Айнӣ).

“Сунан”-и Абӯдовуд аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис интихоб шудааст ва иборат аз чор ҳазору ҳаштсад ҳадис мебошад. Мақсуди Абӯдовуд аз таълифи китоби мазкур ҷамъоварии аҳодисе аст, ки фуқаҳо барои асоснок намудани масоили фиқҳии худ аз онҳо далел мегиранд. Ҳар ҳадисеро ки дар китоби худ оварадаанд, ҳама тариқҳои онро низ зикр намуданд. Бинобар ин равиши ӯ бо равиши Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ хеле наздик аст. Аммо аз он ҷиҳат ки ӯ кӯшиш намудааст, то ки мустадаллоти ҳамаи фуқаҳоро зикр намояд, натавониста, ки дар нақли аҳодиси саҳеҳ пойбанд бошад. Бинобарин ночор дар китоби ӯ ҳадисҳои ҳасан ва заъиф низ омадааст.

Абӯдовуд ҳар боби китобро бо ҳадисе оғоз намудаанд, ки назди ӯ саҳеҳтарин дар он боб маҳсуб мегардад. Сипас ба зикри ривоятҳое пардохтаанд, ки назди ӯ марҷуҳ аст. (“Дарси Тирмизӣ”, с. 159).

Мусанниф дар китоб ҳадисеро, ки уламо ба тарки он иттифоқ намудаанд, закр накардаанд ва низ дар он аз ровие, ки матрукул-ҳадис аст, чизе наовардаанд. Дар он бештар аҳодиси саҳеҳ ва ҳасан ҷамъоварӣ шудааст. Ҳар ҳадисе, ки дар он заъфи шадид аст, мусанниф онро баён намудаанд ва ҳар ҳадисе, ки дар он заъфи хафиф аст, аз он чашм пӯшидаанд. Аммо аз чашм пӯшидани ӯ чунин бардошт нашавад, ки он ҳадис назди ӯ ҳасан аст. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.213)

Закариёи Соҷӣ мефармояд, ки Китоби Худо асоси Ислом аст ва китоби Абӯдовуд паймони Ислом. (“Сияру аъломин-нубало”, ҷ.13, с.215)

Абулалои Водорӣ мефармояд, ки ман дар хоб Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки мефармуданд: “Ҳар ки мехоҳад, ки ба суннатҳо чанг занад, “Сунан”-и Абӯдовудро бихонад”. (Муқаддимаи Абӯдовуд, с.9)

Абӯсулаймони Хаттобӣ мефармоянд, ки китоби “Сунан”-и Абӯдовуд китоби бузурге буда, дар илми дин монанди он китобе тасниф нашудааст. (“Муқаддимаи Абӯдовуд”, с.9)

Абӯҳомиди Ғазолӣ мефармояд, ки ҳар ки мехоҳад аз аҳодиси аҳком иҷтиҳод кунад, барои ӯ “Сунан”-и Абӯдовуд басанда аст. (“Муқаддимаи Абӯдовуд”, с.9)

Абӯсулаймони Хаттобӣ мегӯяд, ки “Сунан”-и Абӯдовуд ба эътибори вазъ некӯтар ва ба эътибори фиқҳ бештар аз “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ва “Саҳеҳ”-и Муслим мебошад. (Муқаддимаи Абӯдовуд, с.9).

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر