الصفحة الرئيسية المقالات ҶОЙГОҲИ АХЛОҚ ДАР ИСЛОМ

ҶОЙГОҲИ АХЛОҚ ДАР ИСЛОМ

ҶОЙГОҲИ АХЛОҚ ДАР ИСЛОМ
2022-02-23
2211

 

       Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

  ҳамду сано Худовандро, ки Паёмбари худро барои ҳидояти мардум мабъус гардонид. Дуруду салом ва баракоти бепоён ба Расули акрам (с) ва хонадону ёронаш бод.

          Дини мубини Ислом муқобили ҳама гунна тундравӣ, густариши бесарусомони харобандеши ва амалҳоест, ки оромии ҷомеаро аз байн мебаранд ва мардумро ба даҳшату ҳаррос мегузоранд. Субботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа дар пояи ваҳдати омма беҳтарин неъматест, ки асрҳои аср аҷдодони мо орзў мекарданд ва ин арзиш дар замони мо аҳамияти бештаре касб кардааст.

       Мо бояд байни рисолати Ислом, ки саршор аз ғамхорӣ барои осудагӣ ва байни иштибоҳот ва амалиётҳои аз ҷониби тундгароёну террористон ба вуқўъ омада фарқ гузорем, зеро онҳо бо андеша ва аъмоли зишташон дини мубини Исломро, ки аслан дини инсондўстӣ ва пешрафт аст, миёни пайравони тамаддунҳои ғайр бадном менамоянд.

        Аз ин хотир имомхатибонро зарур аст, ки  ҳақиқати Исломро барои мардум баён намоянд. Яке аз воситаҳои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва эктремистӣ ин даъват намудан ба корбурди ақлу хирад, тафаккуру андешаи солим, сулҳу осоиштагӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Дар баробари ин амалҳоеро, ки  боиси куштори ноҳақи инсонҳо, мушкилсозии зиндагии муъминон мегарданд, маҳкум бояд кард.

        Яке аз муҳимтарин мавзуъҳои ҳадисҳои Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) масоили маънавию ахлоқӣ мебошад. Метавон гуфт, ки дар онҳо беҳтарин дурдонаҳои маънавию ахлоқии инсоният аз забони Пайғамбари Ислом (с) баён шудааст. Аз назари дини мубини Ислом касе, ки ахлоқи хуб надораду мардум аз дасту забони ӯ ситам мебинад, имонаш заиф аст. Барои ба роҳи бад нарафтан бояд ақлу хирадро пешаи худ намоӣ. Шахси хирадманду софдил, ҳалолкор ва ба инсонҳо нафърасон бояд буд. Гуфтори хуб, ширинсухан будан низ яке аз нишонаҳои ахлоқи ҳамида ба шумор меравад.

       Айб ва нуқсонҳои одамӣ бисёранд. Ин нуқсон дар навбати худ ба воситаи забон соҳиб мешаванд. Бинобар ин дар вақти сухан гуфтан эҳтиёт кардан лозим аст. Ҳаминро фаромўш кардан даркор нест, ки агар одам як сухани лозимаро дар вақташ нагӯяд, баъд афсўс мехўрад, вале як сухани ногуфтаниро гӯяд, аҷаб нест, ки то охири умраш хаҷил бошад. Барои ҳамин ҳам Паёғамбарамон (с) дар яке аз ҳадисҳояшон гуфтаанд: «Беҳтарин садақа, садақаи забон аст». Риоя кардани одоби салом низ яке аз нишонаҳои хубахлоқӣ ба шумор меравад. Ахлоқи нек зинати инсон аст. Ахлоқи инсон дар натиҷаи таъсири муҳит ташаккул меёбад. Дар ин маврид Камолиддини Биноӣ хеле хуб фармудааст:

Ҳар ки сар зад аз гулхани пурдуд,

Ҷомааш бўи дуд гирад зуд.

Нашавӣ ҳоҷа ҳамнишини бадон,

То нагардӣ зи хайли бехирадон.

В-он ки бо гулхане шавад ҳампой,

Рўз ба хоки сияҳ нагирад ҷой.

Ҳар ки атвори неку бад гирад,

Ҳама аз ҳамнишини бад гирад.

           Ҳастанд хонандагоне, ки дар давраи мактабхониашон ниҳоят ҷавони нағз, ҳалим боодоб ва аз ҳама кори ношоиста парҳезкоранд. Вале баъди хатми муассисаи таълимӣ, ҳангоме бо одамони бад нишасту хез мекунанд, тағйир ёфта, рафта рафта дар натиҷаи таъсири онҳо ба як нафар шахси хиёнаткор, разил ва ниҳоят ахлоқан вайрон табдил меёбанд.

          Ягона роҳи халосӣ аз ин кирдорҳои разилона, тарки ҳамсуҳбатони бад карда бо одамони хуб ҳамнишин шудан мебошад. Муқаддимаи ҳар як шахс пеш аз ҳама либоси ӯ мебошад. Маданияти пўшидани либос низ яке аз нишонаҳои ахлоқ буда, дини Ислом ба бар кардани либосҳои тангу нимурёнро маҳкум кардааст.

          Бо назардошти гуфтаҳои боло, ахлоқ дар дини мубини Ислом ҷойгоҳи махсус дорад. Ҳадафи ниҳоии ин дини муборак иттиҳоди мардум дар ҷомеаҳо ва саодатманд намудани мусулмонон дар партави сулҳу ваҳдат аст. Бинобар ин, мавқеи Пешвои миллат ва ҳукумати Тоҷикистон ба дини мубини Ислом некбинона аст. Ислом ба терроризм ягон робита надорад. Фарҳанги миллии тоҷикон ба арзишҳо ва муқадассоти динии мо сахт омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардан ва ба ҳам муқобил гузоштан хатои бузург аст.       Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.12.2024

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:17
المغرب17:15
العشاء18:45
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر