الصفحة الرئيسية المقالات АНДЕШАИ МАЗҲАБРО БОЯД ПОКИЗА НИГАҲ ДОШТ…

АНДЕШАИ МАЗҲАБРО БОЯД ПОКИЗА НИГАҲ ДОШТ…

АНДЕШАИ МАЗҲАБРО БОЯД ПОКИЗА НИГАҲ ДОШТ…
2016-04-18
5017

Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бениҳоят меҳрубон

Ибтидои садаи 21 барои башарият дар баробари хатарҳои мухталифе чун буҳронҳои молиявӣ ва носозгории абарқудратҳои олам ҷиҳати тақсими бозорҳои ҷаҳон экстремизму терроризм барин падидаҳои нанговару даҳшатзоро овард, ки мутаассифона, онҳоро бо номи поки ислом марбут медонанд. Ҳарчанд на фақат дар ислом, балки дар таълимоти ягон дини дунё зӯроварию куштор, бадбинии иҷтимоӣ, таъқибу табъиз вуҷуд надорад ва инро ҳоҷати исбот кардан ҳам нест. Сарчашмаи ҳама бадбахтиҳое, ки дар заминаи дин дар мафкура ва шуури пайравони гурӯҳҳои номатлубу номақбули мазҳабӣ пайдо ва ривоҷ меёбанд, фаҳму дарки нодурусти асосҳои дину мазҳаб ва аз ҳама муҳимаш – ғалат дар пиндору андеша аст, ки ба ҷойи ислоҳ кардани он ба зиёдаравӣ ва такмили он ғалатҳо ҷавонон дода мешаванд, ки оқибати он тундгароиву зӯран ба дигарон бор кардани ин ё он таълимоти барғалат мегардад. Беш аз сад сол қабл Фитрати Бухороӣ дар асари бузургаш – «Раҳбари наҷот» таъкид намуда буд, ки ду офати бузург – яке ҳирсу дигаре ғалати муҳокимот боиси барҳам додани субот дар олами ислом мегардад, ки аз ин ду офат ғалати муҳокимоташ бадтарин ва хавфноктарин аст.

Дар ҷомеаҳои муосири башарӣ, чӣ дар Осиёву чӣ дар Амрико, дар ҳар қитъаи дигари олам ба масоили эътиқодии мардумон, ба дину мазҳаб таваҷҷуҳи аввалдараҷа медиҳанд, чунки беэътиборӣ ба ин масъалаи муҳим ба суботи кишварҳо рахна мезанад. Ихтилофот дар мавзӯи мазҳаб, сӯистифода аз номи поки дин барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ, ба расми тиҷорат табдил додани гароиши ҷавонон ба минтақаҳои ҷангзада хатарноктарин падидаҳое ҳастанд, ки дар ҳамин аср натиҷаи онҳо дар ҳама кунҷу канори олам ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистони азиз низ самараи ин падидаҳои ногувор ба зеҳну шуури мардум расид ва гурӯҳҳое ба майдони ҷомеа ворид шуданд, ки дину мазҳабро воситаи амалкардҳои ғаразноку хатарноки  фаъолияти хеш қарор доданд. Табаддулоти моҳи сентябри соли гузашта ба оламиён исбот кард, ки ҳизби динӣ наметавонад дар ҷомеаи мардумсолорӣ ва дунявӣ мавқеи созанда дошта бошад.

Тайи солҳои фаъолияти ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ он ақида комилан исбот шуд, ки истифодаи ғаразнок аз мафкураи динии мардум, тафриқа андохтан дар масоили динӣ ва мазҳабӣ бузургтарин хатар ба суботи умумист. Ҳатто дар фаҳми одиву муқаррарӣ чӣ гуна метавон пайравони як динро дар як ҷомеаи воҳид ба худиву бегона, ба фаъолу ғайрифаъол, ба ғамхори дину бепарвои дин ҷудо кард. Магар аз китоби муқаддасу суннати Пайғамбар меъёрҳои дигаре ҳаст, ки мардуми мусалмонро таҷзия кунад ва баҳо бидиҳад, ки киҳо мусалмонтаранду киҳо не? Таҷрибаи ҳама кишварҳое, ки дар онҳо мардум аз рӯи диндорӣ ба гурӯҳҳо ҷудо карда мешаванд, нишон медиҳад, ки дар он мамлакатҳо ҳеҷ осудагие ҳосил намешавад, то он даме, ки динро ҳамчун абзори гирудорҳои сиёсӣ истифода мебаранд.

Ман ва чандин нафарони дигар борҳо изҳор намуда будем, ки ХНИТ барои ҷомеаи Тоҷикистон, барои пешрафти мардум ва сулҳу суботи кишвар ҳеҷ манфиате надорад. Ҳатто дар номи ҳизб сабт шудани вожаи ислом аз тафриқаандозӣ дар миёни муслимин гувоҳӣ медод. Таҷрибаи даҳ соли ахир куллан исбот кард, ки ин ҳизб на танҳо ба тафриқаандозӣ машғул шуд, балки ба онҳое кумак кард, ки мехостанд суботи мамлакати орому осударо тавассути табаддулот барҳам зананд.

Хавфу хатари гурӯҳи номатлубу фитнаангези салафия низ аз аҳзоби динӣ камтар нест. Салафия шакли бисёр дағал ва ошӯбангези воқеияти солҳои ахир буд, ки ҳоло низ ба шаҳодати соҳибназарон дар баъзе кунҷу канори кишвар пайравони худро дорад. Пайравони салафия ба ахлоқу маънавияти дини мубини ислом рахна зада, ақида ва таълимотеро густариш медиҳанд, ки на танҳо ба асосҳои дину мазҳаб, балки ба одитарин ахлоқи як фарди мусалмон зиён мерасонад. Одатан, онҳое ин маслаки пурошӯбу фитнаро пайравӣ мекунанд, ки тасаввуроти дурусте аз дин надоранд, заминаи андешаашонро шакку шубҳа ба ҳама он муқаддасоте ташкил медиҳад, ки аҷдодони бузурги мо ва хосатан бунёдгузорон ва пайравони мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамуданд.

Сарчашмаи пайдоиш ва паҳн шудани салафия ибтидо ҳамон озодиҳои диние дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ буд, ки тавассути он ҷавонони зиёди бехабар аз таълимоти ибтидоии дину мазҳаб барои таҳсил ба хориҷа рафтанд ва дар кӯлбори афкори хеш ақоиди салафияро оварданд. Тамоми рӯҳониёни кишвар, имом-хатибони масоҷид, ҳайати кормандони Маркази исломии Тоҷикистон ва Шӯрои уламои он мубориза бо паҳн нашудани ин гурӯҳро асоси фаъолияти хеш қарор доданд ва оммаи мардумро аз хатари оқибати ин ҷудоиандозиҳо огоҳ намуданд. Ин фаъолият то кунун идома дорад, ҳарчанд бо ҳукми Суди Олии Тоҷикистон ҷараёни салафия дар қаламрави Тоҷикистон расман мамнӯъ ва баъдан ҳамчун равияи экстремистӣ эълон карда шудааст.

Бояд дар назар дошт, ки бемазҳабӣ ё бисёрмазҳабӣ ва эҷоди ихтилофоту фитна, аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки боиси ба гурӯҳҳо ҷудо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноқишаҳо мегарданд. Абдуллоҳ ибни Амр (р), ки аз ҷумлаи саҳобагони Паёмбари Акрам (с) аст, нақл мекунад, ки рӯзе ба ҳузури Расулуллоҳ (с) рафтам ва овози ду нафарро шунидам, ки дар бораи ояте бо ҳам ихтилоф мекарданд. Ин лаҳза Паёмбар берун шуданд ва дар ҳоле, ки дар чеҳраашон осори ғазаб ҳувайдо буд, фармуданд: “Албатта, ҳалок шуданд пеш аз шумо, касоне, ки ба Китоб ихтилоф мекарданд”. Таассубу нодонӣ, ихтилофҳои бемаънӣ, дур будан аз фарҳанги асили динӣ сабаб мегардад, ки дар ҷомеа андешаи тундгароию ифротгароӣ замина пайдо бикунад. Ҷавонони тоҷик, ки мутаассифона, на аз дониши динӣ бархӯрдоранд ва на аз маърифати истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ баҳра бардоштаанд, итминон ва бовариашонро нисбат ба мазҳаби Имом Абӯҳанифа, ки аз зумраи тобеин ба шумор меравад, коста мегардонанд ва дунболарави салафия мешаванд.

Имрӯз роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии  ифротгароию тундгароӣ дар ҷомеаи муосири кишвар ва ҳифз кардани ҷавонону наврасон аз ин вабои маънавӣ - баланд бардоштани сатҳи дониши динию дунявии онҳост. Танҳо ҷавононе, ки дониши хуби илмҳои муосир доранд ва аз асосҳои дини мубини ислом огоҳанд, метавонанд аз ин зуҳуроти номатлуб эмин бошанд ва дигаронро низ аз вартаи он наҷот диҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки дин пеш аз ҳама тавҳиду ягонагист ва ба сӯи бародарию дӯстӣ даъват менамояд, ҳамчунон ки дар ояти 92-и сураи Анбиё омадааст: “Ҷуз ин нест, ки муъминон бародарони якдигаранд, пас, миёни ду бародари хеш сулҳ кунед ва аз Худо битарсед, то бар шумо раҳм карда шавад”. Мутаассифона, ихтилофоти ҷузъии бемаънӣ боис шудааст, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон мусулмонон ба як ҷомеаи ақибмонда табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратону бадкирдорон гаштаанд. Худованди ҳамид дар Қуръони маҷид мефармояд: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурӯҳро азоби бузург аст». (Сураи «Оли Имрон», ояти 105).

Салафия падидаест, ки бо сӯистифода аз дини мубини ислом, миллатҳоро пароканда ва давлатҳоро аз байн мебарад.Расули Худо (с) дар ҳадисе фармудаанд: «Гурӯҳе аз доиён бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Ихтилоф ва тафриқа ваҳдати ҷомеаро барҳам мезанад, кинаву адоватро дар дили мусулмонон бармеангезад, ки оқибати ногувору талхеро дар пай дорад. Аз ҳамин хотир, Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш фармудаанд: «Мо вазифадорем, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарзо нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем».

Равияи иртиҷоии салафия аз қабили ҳамон ҳаракатҳои ифротист, ки тавассути амалҳои қабеҳи ғайриахлоқиву зиддиинсонӣ ба ваҳдати ҷомеаи муслимини на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои мусалмоннишини олам рахна ворид мекунад. Сӯистифода аз муқаддасоти дини мубини ислом ва эҳсосоти поки мусалмононе, ки ҷиҳати хидмат дар роҳи Худо камари ҳиммат бастаанд, зӯроварӣ дар баёни андеша ва рафтор, таҳқиру тундхӯӣ, намоиши амалҳои зишти ғайриинсонӣ аслиҳаи асосии ин навъ ифротгароёни динист. Бояд гуфт, ки мушкили аслии салафия мушкили ақидатист, ба ин маънӣ, ки худро пайрави салафи солеҳ шумурда, оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавиро барғалат шарҳ дода, он қисмати ояту ҳадисҳоеро, ки ба мушрикону кофирон дахл доранд, ба мусалмонони соҳибмазҳаб раво медонанд, пайравони мазҳаби ҳанафиро, ки ба ақоиди онҳо розӣ нестанд, ба куфру ширк ва бидъат ҳукм мекунанд, бад-ин воситаи ҷоҳилона дар ҷомеа тухми низоъ, муноқиша ва зӯроварию қабеҳгуфторӣ мекоранд, зеро ин ҷуръаташон аз худонотарсӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ояти 7-уми сураи “Оли Имрон” Худованди таборак ва таъоло мефармояд: “Ӯ зотест, ки Қуръонро барои Шумо фиристодааст, баъзе аз он оятҳо возеҳанд, онҳо асли китобанд ва баъзе дигар муташобеҳанд. Аммо касоне, ки дар дилҳояшон каҷӣ ҳаст, аз муташобеҳот ба хотири интишор додани фитна ва барои талаби таъвилаш пайравӣ мекунанд. Ҳол он ки таъвили онро намедонад, магар Худо. Ва собитқадамоне дар илм мегӯянд: имон овардем ба Ӯ. Ҳама аз ҷониби парвардигори мо нозил шудааст. Ва панд намегирад, магар касе, ки оқил бошад».

Дар ин маврид Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз ҳазрати Оиша (р.з.) ривоят кардаанд, ки фармуд: «Расули Худо ҳамин оятро тиловат карда, пас фармуданд: «Ҳар гоҳ касонеро дидед, ки дар ҷустуҷӯи оятҳои муташобеҳанд, бидонед, онҳо касоне ҳастанд, ки Худованд дар ин оят ба бадӣ номашонро овардааст. Шумо худро аз ин гуна афрод дур нигоҳ доред».

Бузургтарин иштибоҳи пайравони салафия ҳамин аст, ки оятҳои муташобеҳро, ки таъвилашон хоси Худованд аст, худсарона ва бедалел тафсир карда, дигаронро ба гумроҳиву каҷандешӣ водор мекунанд ва бо ҳамин амали фитнаҷӯёна бузургманишии худро исбот карданӣ мешаванд. Бадахлоқӣ хислати асосии пайравони ин равия аст. Онҳо соҳибони мазоҳиби чаҳоргонаро таҳқир ва бузургони исломро, ки дар рушди ин дини муборак саҳми шоиста доранд, чашми дидану гӯши шунидан надоранд. Дуои баъди намозро бидъат, зиёрати қубурро ширку бидъат меҳисобанд, дар масоҷид дар ҳузури дигарон намоишкорона хондани суннатро сарфи назар мекунанд. Тарзу усули ибодаташон, чӣ дар зоҳир ва чӣ дар мавриди иҷрои қавоиди хоси мазҳаби ҳанафӣ пурихтилоф аст ва аз ин ҷиҳат нороҳатӣ ва ғазаби дигаронро ба вуҷуд меорад.

Дигар мушкили салафиҳо ҳамин аст, ки ба низоми давлатдорӣ ва иҷтимоӣ хатари ҷиддӣ доранд. Тавассути фаъолияти зиддииҷтимоии ба гурӯҳҳо ва фирқаҳо ҷудо намудани мардуми воҳид, паҳн намудани ихтилофоти мазҳабӣ, дар маҳофилу маҷолис дастбагиребон шудан бо рӯҳониёни маъруфи кишвар, паст задани шаъну эътибори мазоҳиби чаҳоргона ва муътақидони онҳо, густариш додани шиорҳои динии дурӯғин ва ботил, фатвои куштори мусалмононе, ки ба ақоиди онҳо моил нестанд, пайравони салафия хавфи азим ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  доранд. Ҳоло дигар махфӣ намондааст, ки пайравони салафия бо шарикони мафкуравии худ дар як қатор кишварҳо робита доранд, ки дар он кишварҳо суботи сиёсӣ халалдор ва мардумонаш аз ҷангҳои тӯлонӣ хонавайрон шудаанд. Инҳо аз хоҷагони хориҷиашон кумакҳои молӣ мегиранд ва адабиёти таблиғотӣ дастрас менамоянд. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ин ҳама далелҳои манзуршуда ба хулосае меорад, ки пайравони салафия на танҳо ба ваҳдати мусалмонони кишвар, балки ба низоми давлатдории Тоҷикистон низ хатари ҷиддӣ доранд.

Бо назардошти хатари салафия ба амнияти кишвар аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти равияи салафия соли 2009 мамнуъ эълон шуда, соли 2014 он ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид. Вобаста ба ин қазия, Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои пайравони салафияро дар асоси далелҳои шаръи шариф таҳлилу баррасӣ карда, фатвои махсус содир намуд. Тибқи ин фатво ҳамаи амалҳои равияи салафия хилофи шариати ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ эълон шуда, пайравӣ намудан аз ин равия тибқи далелҳои шаръӣ ҷоиз нест.

Худованди мутаъол мусалмононро аз бархӯрду рафтори хушунатомез бо дигарон барҳазар доштааст ва онҳоро аз вайронкорӣ ва зулму ситаму қудратнамоӣ манъ намудааст. Таҳаммулгароӣ, ободӣ ва пешгирӣ аз парокандагию вайронкорӣ яке аз усулҳое ҳаст, ки Худованд  ба он дастур додааст ва ҳеҷ инсони мунсифе ин ҳақиқатро инкор намекунад. Худованд мефармояд: “Оё касонеро, ки имон доранд ва аъмоли нек анҷом медиҳанд, монанди касоне қарор медиҳем, ки фосиду вайронкор ҳастанд?”. (Сураи “Сод”, ояти 28). Паёмбар (с) дар мавриди манъ намудани амали ашхоси бадхоҳ ба мусулмонон тавсияҳои зиёде дода, мефармоянд: “Дин насиҳату ихлос ва тавсия ба некӣ аст”. Саҳобагон гуфтанд: “Ба чӣ касе?” Паёмбар (с) фармуданд: “Ихлосу насиҳат ба хотири Худо, амал ба Китоб (Қуръон) ва дастури Паёмбар (с), итоат аз роҳбарон ва некӣ ба умуми мардуми мусулмон”. (Ривояти Бухорӣ).

Магар пайравони салафия ва дигар гурӯҳҳое, ки миёни ҷомеа фитна ва ҷудоӣ бармеангезанд, аз ин муқаррароти исломи шариф ва фармудаҳои Паёмбари Акрам огоҳӣ надоранд? Фикр мекунем, ки онҳо худ надониста мондаанд, ки ба як воситаи амалӣ гардонидани аҳдофи пурғарази бегонагон табдил шудаанд.

Имрӯз дар кишвари Тоҷикистон тамоми васоити амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ мавҷуданд, ягон монеае барои иҷрои амалҳои диндорӣ нест, фазо орому мусоид аст, мардум шукри осоишу субот мекунанд. Чунин вазъияту ҳолати зиндагиро мардуми тамоми олам орзу мекунанд, хусусан он мардуме, ки дар оташи ҷангу муноқишаҳо қарор доранд. Имрӯз, чунонки аз ойинаи нилгун мебинем, шаҳру деҳкадаҳои Сурияву Ироқ харобазори ҷанги дуюми ҷаҳон ва ашки тифлону модарони мотамзадаи ин сарзаминҳои як вақт орому пешрафта акнун дарёи ғаму андӯҳро мемонанд.

Як хосияти инсони соҳибдил ҳамин аст, ки ҳам аз нек ва ҳам аз бади рӯзгор ибрат мегирад, онҳоро ба ҳам қиёс намуда, хулоса мебардорад. Ҳама чизе, ки ба саодати инсонҳо ва хосатан ба тинҷиву осудагӣ ва роҳати зиндагии онҳо халал мерасонад, бад аст ва баръакс, ҳама чизе, ки барои оромиву субот ва пешрафти ҳаёт замина мегузорад, нек аст. Дар дини мубини ислом низ ҳамин усул қобили пазироист. Мазҳаби поку ростини ҳанафӣ асрҳо боз исбот кард, ки барои рушди дилхоҳ давлату ҷомеа беҳтарин ва мусоидтарин мазҳаб аст, зеро табиати таҳаммул ва тараққиётро дар реша дорад. Ҷавононро лозим аст, ки ин мазҳабро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро ба ягон маъхази эътиқодоти дигар бадал насозанд. Самараи саодати ҳамаи мост, ки ин мазҳаб илму дониш ва хайру савобро афзалтар аз ҳама медонад, асли диндориро дар дониши устувор ва илми накӯ, ахлоқи ҳамида ва муносибати ҳалимона бо ҷомеа меҳисобад. Ҳамин аст, ки аксари кулли мусалмонони олам ин мазҳабро мазҳаби рушду такомул мешуморанд.

Инчунин набояд аз ёд бурд, ки дар сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги динӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ эътироф шудааст. Ин ба ҳамин маъност, ки дин дар Тоҷикистон неруи фарҳангофаринӣ дорад, ҷузъи фарҳанги мавҷудаи миллат ҳам дини мубини ислом аст. Мояи саодати ҳар яки мост, ки Сарвари кишвар дар баромадҳояшон, ҳар гоҳ ки сухан аз терроризм равад, аз ислом дифоъ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки асли дин дар инсонпарварӣ аст, на дар вайронкорию харобию куштор. Агар ҳамин тавр бошад, пас, вазифаи ҳар инсон, бахусус мусалмони ин сарзамин аз он иборат аст, ки ба арзишҳои ахлоқии ниёгон ва мазҳаби ҳанафӣ содиқ бошад ва тамоми неруву қудраташро барои осудагии умум ва суботи ҷомеа сарф намояд. Сухани бузургвор Саъдӣ ба хотир мерасад, ки:

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,

Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест...

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидмукаррам  Абдуқодирзода

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر