الصفحة الرئيسية المقالات ҶАРАЁНҲОӢ ИФРОТӢ ХАТАР БА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

ҶАРАЁНҲОӢ ИФРОТӢ ХАТАР БА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

ҶАРАЁНҲОӢ ИФРОТӢ ХАТАР  БА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН
2022-07-15
1135

   Имрўз ҷараёнҳои ифротӣ ба монанди «салафия», «таҳририя», «ТЭТ ҳНИ», «Ихвониҳо» ва ғайра ба амнияти як қатор кишварҳо хатар эҷод карда истодааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандўст ин мубориза бо ин гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ буда, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳ тиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи қишрҳои ҷомеаро бар зидди ин гуруҳҳоро тақозо менамояд. Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба ном исломӣ ва аз Ислом бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ва мусулмоннишин ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуд ҳастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ «салафия» мебошад, ки тахдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад. Имрўз ҷараёни «салафия» ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳои ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Аз таҳлилу баррасиҳои шабакаҳои телевизонии хориҷӣ, рўзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ маълум аст, ки қисми зиёде аз сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарӣ, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон чавони мусулмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломӣ мебошанд заҳролуд сохта, ононро дар рўҳияи пайравӣ аз террористон ва экстремистон тарбия намудаанд ва тарбия менамоянд. Ҳар рўз аз гўшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти таҳдидаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористӣ, аз тарафи гурўҳҳои ба ном салафия кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Бо дарки хавфи воқеии ин зуҳуроти барои миллати тоҷик аслан бегона, давлат ва ҳукумати кишвар амалҳои зиёдеро пиёда намуда истодаанд.
         Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти ташкилотхои террористӣ ва экстремистии «Ал- Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати толибон», «Ихвонул муслимин», «Лашкар-ут-Тоиба», гурўҳи исломии «ҷамъият-ут-Таблиғ», Ташкилоти динии миссионерии «Созмони Таблиғот» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, созмони ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияти он пештар манъ гардида буд, ба ҳайси ташкилоти экстремиста эътироф гардид.

Бояд қайд кард, ки моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломӣ низ ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шуд. ҳамчунин, бо дарназардошти хусусияти ҷудоихоҳӣ доштани равияи динии «Салафия», бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2009 сол ин равия ғайриқонунӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пайравони равияи «Салафия» тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспўшӣ, баланд гуфтани “омин” дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, ки ин ҳама амалҳои онҳо боиси тафриқаангезӣ миёни мусулмонон мегардид.

Мусаллам аст ки салафия дар ҳама гўшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, ба амалиётҳои террористӣ гузашта ва хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷойӣ, амният ва суботи давлатдории миллӣ эҷод мекунад. Пайравони гурўҳи мазкур, асосан дар урдугоҳ ва таълимотгоҳҳои мухталиф сабақ омўхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд.
Дар ҳолати пурқуват гардиданашон хатари ҷиддӣ дар ҷомеа ба миён хоҳанд овард. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократӣ омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят бизананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои террористии дар зоҳир исломӣ бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ, ки ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва эҷоди ҷангҳои мазҳабӣ даст бизананд.

Ҳамчун манбаи хушунат ва қатлу куштор муааррифӣ намудани дини Ислом аз ҷониби аъзоёни мутаассиб ва хурофотандешаи ҷараёни Салафия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик аксарияти ҷавононе, ки вориди ин ҷараёни тахрибкор, тундхў ва ситезаҷў гаштаанду мегарданд хатари азиме ба давлату миллати тоҷикон оварда, хиёнати бузургеро бе ягон дудилагӣ ба ҷо меоранд ва он ҳам бошад ваҳшонияту даҳшати асримиёнагӣ, адовату носипосӣ ва ғайра аст, ки инкори ақли солим ва дастёбӣ аз дастовардҳои илму фан мебошад.

Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбини пуросеб ва заҳрогини ифротгароёни салафия ва ансоруллоҳ паёмадҳои бисёр ҷонсўзу ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, барои ҳанафимазҳабон ва рушди иқтисоди миллии диёрамон дорад.
         Мо, махсусан ҷавонону наврасони тоҷик, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷў ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шавем. Барои мо ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳид гаштан дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама чизи дигар муҳим аст. Маълум аст, ки салафия бо воизони бемазҳарашон ҷангҳои мазҳабиро байни сокинони Тоҷикистон рўи об оварда ба он тақвият бахшиданианд. Махсусан ҷавонону наврасони тоҷик набояд ба дассисаҳои ин ифротгароёни ситезахо ва пуштибонҳои мазҳабситезашон бовар намоянд ва ба ин васила диндорию мазҳабдорию адлу инсоф ва амнияту суботи миллиро аз даст диҳанд, зеро ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд асту танҳо истиклолияти миллӣ омили рушду нуму ва умеди фардои беҳтару боз ҳам шоистатарро дорад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.11.2024

أكثر
الفجر05:39
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:09
العشاء18:39
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر