الصفحة الرئيسية المقالات ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
2022-10-05
996

Ватан қиматтарин тӯҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад. Ҳамаи мо бояд шукргузор бошем, ки чунин Ватани ободу зебо, осудаву рӯ ба рушд дорем ва тамоми шароитҳо баҳри расидан ба қуллаҳои мурод барои ҷавонон муҳайёст.

Насли ҷавони имрӯза, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт: мамлакати тинҷу осуда, сарвари мамлакати худ, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд ва ба Ватани азизи худ вафодор бошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун фарзанди содиқу вафодори миллат пайваста ҳам бо сухан ва ҳам бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш собит месозанд, ки Ватанро чун гавҳари ноёб ҳифз намуда, барои рушду тараққиёт, баланд бардоштани нуфузу эътибори он тамоми қувваю иродаи худро равона намудан лозим аст. 

Вазифаи муқаддас ва рисолати мо- ҷавонони кишвар дар назди давлат, Ватан ва ҷомеа ин аст, ки бо нерӯи ақлу заковат ва тадбирҳои самарабахш дар дили насли ҷавони имрӯза ҳамин эҳсоси гарми ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, муҳаббат ба сарзамини аҷдодии худ, ҷасорат, шуҷоату далерӣ ва дарки воқеии шарафу нангу номусро, ки дар симои Роҳбари давлатамон пайваста мушоҳида менамоем, бедор намоем. Зеро, ҷавонони мо дар чунин як замоне умр ба сар мебаранд, ки ҳар рӯз, ҳар лаҳза олами сиёсат, илму техника, тамаддун, фарҳангҳо дар тағйироту таҳаввулот аст. Ҳар лаҳза метавонанд тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва дигар манбаъҳо гурӯҳҳои ғайр ва ифротгаро афкору андешаҳои ҷавононро тағйир дода, ба хотири манфиатҳо ва ғаразҳои хеш онҳоро гумроҳ ва ба доми худ кашанд. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ҳамон ҳисси баланди Ватандустӣ, шинохти миллӣ, ифтихор аз Ватану гузаштаи хеш лозим аст, то тавонад, монеи чунин бадбахтиҳо гардад.

Таърих борҳо собит намудааст, ки кишваре, ки ба таълиму тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон эътибори хосса зоҳир менамояд, пояҳои он давлат қавию устувор гашта, умри ҷовидонӣ мебинад. Ин аст ки Сарвари мамлакат дар сиёсати худ ҷавононро нерӯи қавии пешбарандаи ҷамъият ҳисобида, ояндаи миллату мамлакатро аз онҳо вобаста медонад ва пайваста таъкид менамояд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияе тарбия созем, ки чун фарзандони диловари Ватан, қаҳрамонони халқ – Спитамен, Темурмалик, Деваштич, Муқаннаъ, Восеи диловар ва садҳо тани дигар хешро сипари Ватани азизи хеш созанд. Барои ин пеш аз ҳама, бояд ҷавонони мо бо таҳсил ва ё шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин, онҳоро ҳамеша ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудан, дар дили онҳо муҳаббат ба меҳнат ва кӯшиш барои ободии як гӯшаи диёрро бедор намудан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. 

Дар байни ҷавонони имрӯза ҳастанд нафароне, ки бо донишу фарҳанг ва қувваю бозӯи рустамонаи хеш ному шарафи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Ё худ дар соҳаҳои гуногуни илм, фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёт кору фаъолият намуда, ба Ватану миллати хеш хизмат намуда истодаанд. Аммо, ҷавононеро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ватану миллат ва сарзамини аҷдодӣ, шарафу нангу номуси ватандорӣ барояшон арзише надорад. Бинобар ин аз муқаддастарин қарзи фарзандӣ – дифоъ аз шарафу номуси Ватан, яъне хизмати Модар-Ватан саркашӣ мекунанд. Барои ҷавонмард хизмат ба Ватан, муҳофизат аз марзу буми муқаддаси Ватан ин нишонаи нангу номуси баланд ва шарафу эътибори бузург аст. Он як навъ мактаби бузурги ҷавонмардию шуҷоат, далериву садоқат ва исботи муҳаббату самимият ба Модар-Ватани азизи худ мебошад. Ин ҳама эҳсосро бошад, мо насли рӯзгордида ва таҷрибаи ҳаётдида бояд дар дили ҷавонон бедор намоем.

Ҳар як ҷавони бонангу номус бояд муҳофизати Ватан-Модарро қарзи муқаддаси фарзандии хеш дониста, ҳеҷ гоҳ аз ин шарафи бузург худро канора нагирад. Зеро, оромиву амният дар хонадонҳои ҳар яки мо, хушбахтиву саодати ҷовидонӣ дар Ватан, хандаҳои беғаши кӯдакон, нафаси осудаи падару модарони мо аз ҷасорату матонат, иродаи қавии ҷавонмардони ватандӯсти диёр, аз эҳсоси баланди худшиносӣ ва меҳанпарастии ҷавонон вобастагии калон дорад.

Маҳз ҳамин гуна тадбирҳо, яъне ба меҳнати муфид ҷалб намудани ҷавонон, бо ташкили вохӯриҳо бо собиқадороне, ки солиёни зиёд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар ҳифзу нигаҳдории марзу буми муқаддаси диёр хизмат намудаанд, дар қалби ҷавонон муҳаббат ба Ватани азизи хешро бедор намудан лозим аст. Чунки ин эҳсосро ба сӯйи созандагиҳо равона намудан, қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати муқаддаси мо соҳибватанон мебошад.

Ҳусейн Обидов

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر