الصفحة الرئيسية المقالات ҚАСРИ АРБОБ МАКОНИ МУҚАДДАС

ҚАСРИ АРБОБ МАКОНИ МУҚАДДАС

ҚАСРИ АРБОБ МАКОНИ МУҚАДДАС
2022-11-16
959

       Чунонки бузургон гуфтаанд: Д­ар рӯи замин қитъаҳои замини муайян ҳаст,­ ки он ҷо хусусияти хоси худро дорад, он ҷо­ро замини бошарофат мегӯянд ва дар байн­и мардум инсонҳое ҳастанд, ки онҳоро ноби­ға ва ё марди Худоназаркада мегӯянд. Дар ­шаҳри Хуҷанд ва атрофи он аз чунин ҷойҳо­и муқаддас қасри Арбоби таърихӣ ва дар б­айни мардум Тоҷикистон ва миллати тоҷик ­нобиғаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон м­ебошанд. Ҳар маконе, ки муқаддас бошаду да­р он ҷо инсони Худодод пайдо шавад, оромию­ осоиштагӣ ва саодати халқ пайдо мешава­д.

           Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон ибтидои фарорасии сулҳ дар Тоҷикистон буд ва бесабаб онро «Иҷлосияи тақдирсоз», «Анҷумани саодати халқ» нагуфтаанд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ тақдири минбаъдаи давлат ва халқи Тоҷикистон муқаррар гардид. Нидои Раиси тозаинтихоби Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – «ман ба шумоён сулҳ меоварам» аз минбари толори қасри маданияти Арбоб садо дода, дар қалби ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳуриямон шарораи умедро ба фардои ободи кишвар нурафшон кард.

қасри Арбоб дар хотири мардум ҳамчун макони сулҳовар ва Раиси Шўрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сулҳофар шинохта шудаанд. Дар Маҷмааи меъмории рамзии «Истиқлол», ки санаи 8-уми сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, дар майдони Истиқлол ифтитоҳ гашт, дар қатори шонздаҳ деворнигораи ифодагари таърихи шашҳазорсолаи миллати тоҷик тасвирҳои қасри Арбоб ва Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон ҷой дода шудааст, ки он ҳам нишонаи эҳтиром ба ин макон ва воқеаи таърихист.

30 сол муқаддам – моҳи ноябри соли 1992 бо мақсади таҳкими рамзҳои давлати соҳибихтиёр дар Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон тасвири Парчам ва Нишони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому ифтихори баланд қабул гардиданд. Парчами давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, он ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдўстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллии мост.
          Чунонки дар боло зикр кардем, дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон сарвари Тоҷикистон интихоб гардида буданд ва чунон ки худашон қайд кардаанд: «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чи нақши муҳиме бозид ва ба дўши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсўз зимоми давлатдориро ба даст гирифта буданд, чи масъулияти бузурге афтода буд». Бо гузашти 30 сол эҳсос мегардад, ки Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон воқеан барои таҳкими сулҳу суботи мамлакат, барқароркунии иқтисодиёти миллӣ, бунёди давлати навини тоҷикон ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Дар тўли сӣ сол перомуни Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон даҳҳо асарҳои илмӣ ва бадеӣ офарида шудаанд ва дар оянда низ олимон доир ба таъриху аҳамияти ин иҷлосия асарҳо таълиф хоҳанд кард ва шоирону нависандагон шеъру тарона, ҳикояву қисса хоҳанд навишт.

Банда низ  ҳамчун дигарон дар ситоиши Ватан, ифтихор аз миллат, дастовардҳои даврони Истиқлол ва шукронаи давру замон ашъори худро ба қалам овардаам.

Барои ман Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш ва таърихист, ки онро бо меҳру муҳаббат ситоиш мекунам ва пеш аз ҳама фарорасии ҷашни сисолагии онро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборакбод мегўям:


Эй фахри миллати мо, сисолагӣ муборак!
Пешвои миллати мо, сисолагӣ муборак!
Иҷлосияи Арбоб бахту саодати мо,
Пешвои миллати мо, сисолагӣ муборак!
Назми саломати мо, соҳибадолати мо,
Пешвои миллати мо, сисолагӣ муборак!

 

         Инчунин бо ифтихор ёд мекунам, ки  Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон аз Хуҷанд оѓоз гашт ва сулҳу амонӣ ба тамоми кишвар баъди он ҷорӣ гардид:

Тинҷию оромию сулҳ ибтидо шуд аз Хуҷанд,
Мақдами Пешвои миллат муқтадо шуд аз Хуҷанд.
Сулҳу истиқрори тоҷик шуд намуна дар ҷаҳон,
Осмони Тоҷикистон босафо шуд аз Хуҷанд.


           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон барои халқу миллату сарзамини мо ҷонфидоиҳои фаровон кардаанд ва хидматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пиру барнои кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ медонанд. Эҳтироми мардум нисбати Пешвои миллат ба ман илҳом бахшидааст, ки як силсила шеърҳо дар васфи қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон нависам ва хидматҳои сарвари тоҷикони ҷаҳонро тараннум намояму ба мардум бо шеваи шеър ёдрас намоям. Ѓазали «Нури чашми пиру барно Пешвои миллат аст» ба таври комил меҳру муҳаббати мардумро нисбати Эмомалӣ Раҳмон ифода мекунад. Ѓазали зикршуда аз ҷониби ҳофизи мумтоз Сироҷиддин Самариддинзода ба оҳанги марѓубу мутантан сароида мешавад ва мардум бо кафкўбиҳои бардавом, бо меҳру ихлос онро гўш мекунанд.

Пояи сарҷамъии мо Пешвои миллат аст,
Нури чашми пиру барно Пешвои миллат аст.
Миллати тоҷик гўяд: Баҳри мо андар ҷаҳон,
Сояи Эзад таъоло Пешвои миллат аст…
Пешвои миллати мо раҳнамои кулли мост,
Оли Сомонро ба имдоди хирад эҳё намуд,
Эътибори мо дар ақсои ҷаҳон боло намуд.
Гуфт: Исмоили Сомонӣ бувад доҳии мо,
Шавқу завқи хештандонӣ ба мо эҳдо намуд…
Сарвари мо шаҳсутуни Кохи давлат буду ҳаст,
Пешвои ҷонфидои халқу миллат буду ҳаст.
Тоҷикистон Модару як шаҳписар Эмомалист,
Фозилу фарзона шоҳи боадолат буду ҳаст.


         Дўст доштани Ватан аз имон аст, – гуфтаанд, пайѓамбарамон ҳазрати Муҳаммад Мустафо (сав). Дар пайравии ин ҳадиси муборак дар чандин силсилаи шеърҳо  Тоҷикистон, қуллаҳои сарбафалаккашида ва чашмасору манзараҳои он ва Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҳамчун қалби Тоҷикистон ва дар зебоӣ чун нигини олам ситоиш мегардад:


Пойтахти Тоҷикистон – ҷаннати рӯи замин,
Гар ҷаҳон ангуштарӣ, шаҳри Душанбе чун нигин.
Ҳар дарахташ лаъли нодир, гавҳари қиматбаҳо,
Меваҳои шаҳдбораш дар сифат чун ангубин.
Миллати тоҷик бо номат чу хусрав сарбаланд,
Эй Душанбе, тоҷ шав бар мардуми Ховарзамин...
Тоҷикистон ифтихору шуҳрату унвони ман,
ҳар куҷо бошам, бигўям: Ин Ватан бўстони ман.
Байни кишварҳои олам чун нигини хотам аст,
Дар самои пур зи ахтар кавкаби рахшони ман.
Гар Ватан гўям, садо ояд ба ман аз хуни ман,
Равшанӣ ояд ба қалбу нур бар чашмони ман.
Дар сафар бошам агар, ёди Ватанро мекунам,
Баҳри Юсуф ман бигўям: Ин Ватан Канъони ман.
Тоҷикистон меҳанам, гаҳвораи аҷдоди ман,
Рамзи истиқлол бошад давру ҳам даврони ман.
Эй ҳусайн, андар ѓазал шукронаи даврон бигў,
Байни хосу ҳам авом манзума шуд девони ман.


         Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, забони тоҷикӣ, пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе рамзҳои соҳибдавлатӣ мебошанд. Як силсила ѓазалҳои банда дар ситоиши муқаддасоти миллӣ рўи коѓаз омадаанд. Ман аз ин муқаддасот ифтихор мекунам, ки онҳоро ҳифзу гиромӣ дорем.


Шукри истиқлоли давлат, Парчами миллат баланд,
Баҳри халқи Тоҷикистон Пешво шуд дилписанд.
Рози мардум ҷо ба ҷо андар Суруди миллият,
Шуд Нишони давлатӣ аз ҳафт ахтар арҷманд.
Кишвари илмию дониш, Тоҷикистони азиз,
ҳар Паёми Сарвари ту ҳаст чун андарзу панд.


ҳукумати Тоҷикистон чанд ҳадафҳои стратегии рушди мамлакатро таҳия кардааст, ки яке аз онҳо таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Барои расидан ба ин ҳадаф садҳо неругоҳи барқи обии хурду бузург бунёд гардиданд. НОБ-и Роѓун бошад, аз иншооти муҳимтарини бунёдшавандаи тавлиди қувваи барқ дар Тоҷикистон аст.
Банда ифтихор мекунам, ки  ба сохтумони Роѓун рафта, бо бунёдкорони ин кохи нур суҳбат кардаам. Дар ситоиши НОБ-и Роѓун ва аҳамияти он барои мамлакатамон як силсила ѓазал эҷод кардаам:


Аё Роѓун, аё Роѓун, ба мо нуру сафо, Роѓун!
Барои миллату қавмам ато аз Пешво, Роѓун!
ҳама ободии кишвар зи нури шамси истиқлол,
ҷавонмардии ин сарвар ба ту орад сано, Роѓун!
Бинои садди мустаҳкам ба мисли садди Искандар,
Кушояд садди пеши оби ту роҳи зиё, Роѓун.


          Ифтихори миллӣ аз дўст доштани Ватан, муҳаббат ба зодгоҳ, ба табиату обу хоки меҳан ибтидо мегирад.


Миллатам, бо номи некат ифтихори мо туӣ,
Байни миллатҳои олам эътибори мо туӣ.
Дар улуми дину дунё номи фарзандони ту,
Шуҳрати олам гирифту шаҳсавори мо туӣ.


         Дар охир як бори дигар бояд зикр намоям, ки ҳамаи ин пешравиҳо аз шарофати иҷлосияи таърихӣ, ки сӣ сол пеш дар қасри Арбоб барпо шуда буд ва хидматҳои Пешвои миллат сарчашма мегирад.

 

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

ҷонишини Раиси Шўрои уламои

Маркази исломии Тоҷикистон,

сархатиби шаҳри Хуҷанд

وقت الصلاة في طاجيكستان

27.11.2024

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر15:13
المغرب17:08
العشاء18:38
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر