الصفحة الرئيسية المقالات Шаммае аз ҳаёти «Хулафои рошидин» - Абӯбакру Умар, Усмону Алӣ разияллоҳу анҳум

Шаммае аз ҳаёти «Хулафои рошидин» - Абӯбакру Умар, Усмону Алӣ разияллоҳу анҳум

Шаммае аз ҳаёти «Хулафои рошидин» - Абӯбакру Умар, Усмону Алӣ разияллоҳу анҳум
2016-05-09
6169

Шаммае аз ҳаёти «Хулафои рошидин» - Абӯбакру Умар, Усмону Алӣ разияллоҳу анҳум

Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

«Хулафои рошидин»-ро агар лафзан тарҷума кунем, чунин маънӣ рӯ мезанад: Ҷонишинони роҳнамо. Баъд аз сари Пайғамбар алайҳиссалом ин чаҳорёри босафо – Абӯбакру Умар, Усмону Алӣ разияллоҳу ъанҳум боз сӣ сол роҳбарии мусулмононро дар зима доштанд. Ҳаёти ин чаҳорёри босафо пур аз воқеъоту ҳаводиси ибратангез аст. Мехоҳем аз ҳаёти ин чаҳор ҷойнишини Паёмбар  алайҳиссалом мухтасаран ҳикоя кунем.

Абӯакри Сиддиқ разияллоҳу ъанҳу ёри аввал аст. Сӯфӣ Аллоҳёр (рҳ) мегӯянд:

Ёри аввал содиқу соф аст,

Ӯ Абӯбакр ибни Қаҳҳоф аст.

    Соли 11-уми ҳиҷрӣ вақте ки Пайғамбар алайҳиссалом аз олам даргузаштанд, Абӯбакр дар яке аз маҳаллаҳои Мадина машғули кори худ буд. Абӯбакри Сиддиқ разияллоҳу анҳу ба як олам андуҳу ғам ба ҳуҷрае, ки Пайғамбар алайҳиссалом дар он вафот карда буданд,  даромад, рӯи Пайғамбарро кушод ва гуфт: «Падару модари ман  фидои ту бод эй фиристодаи Худо. Ту ҳамон тавре ки нуронию хушбӯ будӣ, ҳоло ҳам нуронию хушбӯӣ». Абӯбакр Паёмбарро бӯсид ва аз ҳуҷра берун шуд. Душманони Ислом аз вафоти Паёмбар алайҳиссалом истифода бурда, мехостанд байни мусулмонон тафриқаю низоъ ба вуҷуд оранд. Муаррихон бар ин ақидаанд, ки ин ҳангом Худои таъоло танҳо бо сабаби як баромади мухтасари Абӯбакр разияллоҳу ъанҳу мусалмононро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Абӯбакр разияллоҳу анҳу баъди ҳамди Худову дуруди ба Расул муроҷиатан ба анбуҳи мардум гуфт:  «Ҳар касе, агар ба Муҳаммад бандагию ибодат мекард, Муҳаммад алайҳиссалом вафот кард. Ҳар касе, ки ба Худо бандагию ибодат мекард, Худо боқиву поянда аст. Ва ин ду оятро аз Қуръон тиловат кард: «Иннака маййитун ва иннаҳум маййитун». Яъне, «(Эй Муҳаммад (с)) албатта ту вафот хоҳӣ кард ва онҳо низ вафот хоҳанд кард» (Сураи «Зумар», ояти 30). «Ва нест Муҳаммад магар Паёмбари Худо, ҳамоно гузаштанд пеш аз ӯ паёмбарони дигар. Оё агар (Муҳаммад (с)) бимирад ё кушта шавад, бармегардед ба пошнаҳои худ (яъне кофир мешавед?). Ва ҳар касе баргардад ба куфр, ҳеҷ зиёне нарасонад Худоро (балки худ зиён бинад) ва Худованд савоб хоҳад дод шукргузоронро» (Сураи «Олӣ Имрон», ояти 144).

 

Баъди ин муроҷаат  мардум ҳама гирён шуданд ва аз бозгашт ба куфру исён аз Худованд паноҳ ҷустанд. Баъд аз сари Пайғамбар алайҳиссалом ҳазрати Абӯбакр разияллоҳу анҳу муддати ду солу сад рӯз роҳбарии  мусалмононро ба уҳда доштанд.

 

Ҳазрати Умар ибни Хаттоб разияллоҳу анҳу муддати 11-солу 6-моҳу 7-рӯз роҳбарии мусалмононро ба уҳда доштанд. Ҳазрати Умарро Умари одил мегуфтанд. Рӯзе ҳазрати Умарро лозим омад, ки аз Мадина берун равад ва дар яке аз шаҳрҳои наздик ба Мадина дар маҷлисе ширкат намояд. Ӯ чун ба сафар  баромаданӣ шуд, аз ходимони дарбор танҳо як ходимро ҳамроҳи худ бурд. Умар, ки халифа буд, уштурсавор буд. Дар ҳоле ки ходим аз маҳори шутур гирифта пеш мерафт, ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу ба ӯ гуфт: «Ин аз адолат нест, ки ман савора биравам ва ту пиёда равӣ». Ҳамин тавр ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу ҳамроҳи ходими дарбор бо навбати муайян яке савора мерафт, дигар пиёда. Ҳамин тавр шуд, ки чун ба дарвозаи шаҳр наздик омаданд, навбати хизмат ба ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу  расид. Ғулом бо исрор хоҳиш намуд, ки акнун маҳори уштурро ӯ гирад. Ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу розӣ нашуданд ва ҳамон тавре карданд, ки қаблан гуфтугӯ шуда буд. Ҳазорҳо одамоне, ки ба истиқболи ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу баромада буданд маҳори уштурро ба дасти ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу дида, ҳама лолу ҳайрон монда буданд. Муаррихон меоранд, ки чунин адолатро таърих ёд надорад ва ин коре буд, ки танҳо аз дасти ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу меомад.

 

Яке аз саҳобагони Пайғамбар Абдурраҳмон ибни Авф разияллоҳу анҳу мегӯяд: «Чун ба қабули ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу ба ҳуҷраи кории ӯ ворид шудам, ӯ саргарми кори худ буд. Ман бо ӯ гуфтам, ки бо як масъалаи шахсӣ назди шумо омадам». Ин ҳангом ҳазрати Умар разияллоҳу анҳу шамъи рӯи мизро, ки ба хона равшанӣ медод, хомӯш кард ва шамъи дигарро оташ дод. Аз ӯ пурсидам, ки «дар ин кори ту чӣ ҳикмате нуҳуфтааст?». Ӯ гуфт: «Шамъе, ки хомӯш кардам, шамъи давлатист. Ин шамъе, ки акнун сӯхтам ин шамъи шахсии ман аст». Абдураҳмон ибни Авф  аз ин ҳолат ба ваҷд омад ва даст бардошта амири муъминон Умар ибни Хаттобро чунин дуъои нек кард: «Парвардигоро, Умар писари Хаттобро аз сари мо дур накун!».

 

Усмон ибни Аффон ҷойнишини сеюми Паёмбар алайҳиссалом ва соҳиби одобу ахлоқи баланд буд. Ӯ бо тақозои тақдир ба ду духтари Паёмбар алайҳиссалом- Умми Кулсум ва Руқайя хонадор шуд. Яъне, Усмон касест, ки бо ду нури чашми Паёмбар алайҳиссалом издивоҷ намояд. Аз ин боис ӯро Усмони Зиннурайн, яъне Усмони соҳиби ду нур мегӯянд.

 

Як рӯз Паёмбар алайҳиссалом ҳамроҳи ҳазрати Абӯбакру Умар нишаста буданд, ки ҳазрати Усмон аз дар даромад Паёмбар алайҳиссалом, ки пойи муборакро таҳ накарда ба болишт такя зада менишастанд, пойи  худро ҷамъ карданд ва китф аз болишт бардоштанд. Чун Усмон разияллоҳу анҳу баъди чанд лаҳза аз ин хона бадар шуд, модарамон Ойиша разияллоҳу анҳо аз Паёмбар алайҳиссалом пурсиданд «Эй Расули Худо, ҳикмат чӣ буд, ки Абубакру Умар  вориди ҳуҷра шуданд, шумо ба як ҳолат менишастед, вале чун Усмон даромад, шумо пойи худро ҷамъ кардед ва китф  аз  болишт бардоштед? Расули Худо Муҳаммад алайҳиссалом гуфтанд: «Аз ҳаёи Усмон фариштагон ҳаё мекунанд ман чӣ тавр ҳаё накунам? Агар ман ба ӯ таваҷҷуҳ накунам, ӯ аз ғояти шарму ҳаё дархости  худро гуфта натвонад ва ҳамин  тавр кори ӯ нотамом боқӣ мемонад».

 

Ҳазрати Алиро Асадуллоҳ, яъне  «шери Худо» мегуфтанд. Ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу дар илму фан ва ҷангу набардҳо холис барои хушнудии Худованд назиру намуна надошт.

Рӯзе ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу дар яке аз ғазваҳо (яъне ҷанг дар роҳи Худо) бо як тан кофир ҷангида ӯро ба замин хобонданд ва мехостанд, ки ӯро ба қатл расонанд. Ногаҳ он кофир ба рӯйӣ ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу оби даҳон андохт. Ин ҳангом ҳазрати Алӣ аз ҷой бархостанд ва пушт ба кофир гардонда, аз ӯ дур шуданд. Он шахс гуфт: «Ту, ки рақиби худро зери по гирифтӣ, аз чӣ боис ӯро накуштӣ?». Ҳазрати Алӣ гуфтанд: «Ман дар роҳи Худо барои хушнудии Худо меҷангидам. Ҳоло ки ту ба рӯи ман туф кардӣ, ин маълум аст, ки байни ману ту хусумати шахсӣ пайдо шуд. Акнун ман туро намекушам…». Ҳар коре, ки дар он ният барои Худо нест, дар инчунин кор ҳеҷ гуна хайр ҳам нест. Он кофир аз ҷои худ бархост ва дар ҷавоби ин сухани ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу гуфт: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун Расулуллоҳ» гуфта, мусулмон шуд.

     Рафтору гуфтори ин чаҳорёри раҳнаморо ҳеҷ касе дигар такрор карда натавонад. Чунки ин бузургон аз партави илҳомбахш ва инсонсози Расули Худо (с) баҳравар гашта, дар густариши дини мубини Ислом ҷон ва молу фарзандони хешро фидо намудаанд. Фазилату каромат ва зиндагии эшон барои ҳар фарди мусулмон дорои ахлоқ ва намунаи ибратбахш маҳсуб меёбад. Худованди мутаъол рӯҳи онҳоро шоду қабрашонро пурнур гардонад ва зиндагиномаи ин бузургонро барои мо василаи раҳнамоӣ ва саодат қарор диҳад. Омин

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر