الصفحة الرئيسية المقالات ФАЗОИЛИ ШАБИ ҚАДР

ФАЗОИЛИ ШАБИ ҚАДР

ФАЗОИЛИ ШАБИ ҚАДР
2023-04-15
1895

(Имсол шаби қадр ба рўзи 17-ум - шоми 18-уми апрел рост меояд)

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Шаби қадр шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон аст, ки беҳтарин шаб барои ибодат буда, дар он дуову ибодат зуд иҷобат меёбад. Дар китоби “Тарҷумону-л-қуръон”-и ҷурҷонӣ “шаби қадр шаби андоза кардани корҳо” гуфта шудааст. Соҳиби “Кашшофу истилоҳоти-л-фунун” оварда: “Шаби қадр шабест бо иззату шараф, ки ҳар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад”. Дар “Ат-Тафҳим”-и Берунӣ омада: “Ва андар моҳи Рамазон Лайлатулқадр аст, он-к ҷалолати ўро ба шабҳои тоқи даҳаи пасин ҷўянд”.

Шаби қадр дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе аст, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва дар он нузули қуръон бар дили поки охирин Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) оғоз гардид. Шабе аст, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд.

Донистани қадру азамати ин шаб барои бисёр нафарон муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш ҳукмфармост. Худованд мефармояд:

«Мо ин (қуръон)-ро дар шаби қадр нозил фармудем ва ту чи донӣ, ки шаби қадр чист? Шаби қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Фариштагон ва Рўҳ (ҷабраил) дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субҳ салому осоиш аст».

Ин сураи қуръон бо номи «қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби қадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рўзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пўшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби қадр ишора шудааст: 1. Нузули қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст, 2. Он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад, 3. Фариштагон ва ҳазрати ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд. 4. Он шаб то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш ҳукмфармост. Шабест, ки дар он ҷашни ҳамагони дар сар то сари олам баргузор мегардад.

Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рўзадорон қарор дода, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рўзадоре дар умри худ чандин шаби қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.

Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоату ибодат беҳтар аст, чи расад ба умри бехудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои корҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бикўшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пўшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.

Шабе, ки агар банда қадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рўзи нав ва ҳаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъдии ширинсухан:

Муборактар шабу хуррамтарин рўз,

Ба истиқболам омад бахти пирўз.

Дуҳул зан, рав башорат гў ду навбат,

Ки дўшам қадр буд, имрўз Наврўз!

Модари мўъминон ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рўзи охири моҳи Рамазонро (ки шаби қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии занўшавҳарӣ канора меҷуст. Шаби қадр дар яке аз ҳамин шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон аст. Паёмбар (с) мефармоянд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон биҷўед». ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи муъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.

қавли роҷеҳ дар назди донишмандон он аст, ки дар шаби бисту ҳафтуми Рамазон будани шаби қадр ба яқин наздиктар аст. Ибни ҳаҷар дар «Фатҳу-л-Борӣ» пас аз баррасӣ ва зикри тамоми ривоятҳо ва нуктаназароте, ки дар бораи шаби қадр вуҷуд доранд, мегўяд: «Роҷеҳтарини қавлҳо ин аст, ки шаби қадр дар даҳаи охири моҳи Рамазон мебошад ва ҳар сол аз шаби тоқе ба шаби тоқи дигаре интиқол меёбад».

Ибни Аббос (р), Убай ибни Каъб (р), Ибни Масъуд (р) ва дигарон дар чандин ривоят ва бо чандин ваҷҳи истидлол дар шаби бисту ҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд. ҳазрати Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чи бигўям? Фармуд: «Бигў: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дўст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ».

Паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармоянд: «Дар он моҳ шаби қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст». Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) дар даҳаи охир ончунон кўшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард».

Дар шаби қадр сарнавишт ва қисмати яксолаи тамоми мавҷудот, аз ҷумла инсон, тақсим ва навишта мешавад. Худованд мефармояд: «Дар он шаб тамоми корҳо (и бузург) тақсим ва аз ҳам ҷудо сохта – файсала мешаванд».

         Дар он шаб тамоми корҳои ҳакимонае, ки инсонро ба саодат бирасонанд, аз сўи Худо баён ва муқаррар гардидааст ва дар он усул ва пояҳои дини ҷаҳонии Ислом гузошта шудааст. Гузашта аз ин, дар ин шаб сарнавишти яксолаи афрод, миллатҳо, давлатҳо ва нажодҳо муайян мегардад, балки тақдири тамоми халоиқ ва ҳақоиқ рехта мешавад.

Бандагони Худо бояд бидонанд, ки шаби Қадр дар моҳи мубораки Рамазон пинҳон аст. Аллоҳ таъоло шаш чизро дар шаш чиз пинҳон кардааст:

1. Ризояшро дар ибодат.

2. Ғазабашро дар гуноҳ.

3. Авлиёашро дар байни халқ.

4. Намози вусто (байн)-ро дар панҷ вақт намоз.

5. Шаби Қадрро дар моҳи шарифи Рамазон.

6. Маргро дар ҳаёт.

        Аз ин рӯ, барои ба даст овардани ризои Аллоҳ таъоло ягон кори хайрро хурду ночиз набояд шумурд. Барои ба ғазаби Аллоҳ таъоло дучор нашудан, ягон гуноҳро хурд набояд донист. Авлиёяшро дар байни мардум пинҳон кардааст, то ки мардум бо ҳама кас муомилаи хуб кунанд. Ҳама касро Хизр ва ҳама шабро Қадр дон. Тамоми шабҳои Рамазонро эҳё гардон, то шаби қадр насибат гардад. Омин!

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر