الصفحة الرئيسية المقالات НАМОЗ КАЛИДИ ҶАННАТ АСТ

НАМОЗ КАЛИДИ ҶАННАТ АСТ

НАМОЗ КАЛИДИ ҶАННАТ АСТ
2023-05-26
919

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          ҳамду сано Парвардигори оламиёнро, ки яке аз сифатҳои мўъминонро хушўъи дар намоз гардонидааст ва ба онҳо ваъда додааст, ки ҷаннатулфирдавсро соҳиб гашта, дар он ҷовидон мемонанд. Шаҳодат медиҳам, ки нест маъбуде ғайри Худованди ягона ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ў, хотами паёмбарон аст. Салоту саломи бепоёни Худованд бар Муҳаммаду олу асҳобаш.

          Намоз бар асоси таълимоти дини мубини Ислом назди Худованд мартаба ва ҷойгоҳи бузурге дорад ва аз ҳар ибодати дигаре азизтар ва маҳбубтар аст. Он барои инсон меъроҷи маънавӣ, тулӯъгоҳи рӯҳӣ, созандаи ҷавҳари шахсият ва такомулдиҳандаи истеъдодҳои фитрӣ мебошад.

          Худованд панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардонида, то аз роҳгузари он дар пешгоҳи Ӯ ҷойгоҳи хос ва аҷру савоби бисёре ба даст оваранд. Дар хабар аст, ки: «Ҳар касе хуб ва ба таври комил вузӯ гирад ва намозро бо хотири ҷамъ барпой дорад, рӯзи қиёмат гуноҳони сағира (хурд)-и гузаштааш бахшида мешаванд ва дохили биҳишт мегардад». Ҳамчунин омадааст, ки: «Намоз шоҳсутуни дин аст. Ҳар касе намозро накӯ барпой дорад, динро устувор ва пойдор намуда ва ҳар касе онро тарк намояд, динро барбод додааст».

         Намоз бо худсозӣ ва ташаккули шахсияти фард ва пӯёӣ бахшидан ба неруи фикру андешаи намозгузор заминаҳои рушду некбахтӣ ва шукуфоии ҷомеаро бо тамоми маъно фароҳам меоварад, ба аҳли худ оромиши рӯҳӣ ва эътидоли равонӣ мебахшад, шахси намозгузорро аз тамоюл ба бебандуборӣ ва тардоманӣ (фаҳшо), ки падидаи фардӣ бо пайомадҳои иҷтимоӣ мебошад, бозмедорад ва ӯро аз содир намудани корҳои хориҷ аз меъёрҳои шаръӣ (мункар) ва бар зиёни мардум боз дорад: Чунонки Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд:

                                   Ло илаҳ бошад садаф гавҳар намоз,

Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.

Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,

Қотили фаҳшову бағйу мункар аст.

 

         Хушўъ дар намоз рўҳи намоз аст ва ҳақиқӣ адо кардани намоз танҳо бо он сурат мегирад. Намози бехушўъ монанди тани беҷон аст. Худованди мутаол омили наҷоти мусалмонро дар хушўъи намоз гардонидааст. Худованд мефармояд: «ҳамоно, мўъминон наҷотёфтаанд. Ононе, ки дар намозҳояшон хушўъ меварзанд» (сураи Мўъминун, оятҳои 1-9). ҳар кӣ дар намозаш хушўъ надошта бошад, аз аҳли наҷот нест. Хушўъи дар намоз чанд нишона дорад, ки аз ҷумлаи онҳо оромии аъзо ва ҳаракати беҳуда накардан ва бо ҳузури дил хондан ва бо каломи Худованд ва дуоҳо лаззат бурдан мебошад. Нишонаҳои дигари он анҷом додани фарзҳои намоз ва воҷиботу суннатҳои он аст ва дар вақти намоз шитоб накардан аст. Дигар аломати хушўъ дар намоз пайравӣ намудан аст, аз имом бе ин ки аз Ў пеш равад ва ё қафо монад. Нишонаи дигари хушўъ дар намоз дурӣ ҷустан аст аз он чӣ наҳй шудааст. қобили зикр аст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоми намоз аз чанд чиз манъ кардаанд. Он чӣ Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам манъ намудааст, ду намуд мебошанд: Чизҳое, ки намозро вайрон мекунад ва он ҳашт чиз аст: қасдан сухан гуфтан, хандидан, хўрдану нўшидан, зоҳир шудани аврат, ба тарафи ғайри қибла рў овардан, корҳои беҳударо такрор намудан, шикастани таҳорат ва пайдо шудани наҷосат. Намуди дуввум: Чизҳоест, ки намозро вайрон намекунад, вале Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аз он сахт манъ намудаанд, ки он хеле зиёд аст. Аз ҷумла:

         Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ дар вақти намоз манъ аст, ки инсон ба тарафи осмон нигоҳ кунад, зеро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ин корро сахт манъ намуда фармуда буданд: «Чӣ расидааст он гурўҳеро, ки ҳангоми намоз чашмони худро ба тарафи осмон мебардоранд?» Пас бо лаҳҷаи сахттар ба онҳо хитоб намуда гуфтанд: «Ё онҳо аз ин кори худ боз меистанд, ё чашмонашон кўр мешаванд» (Ривояти Бухорӣ). Ин сарзаниши сахте буд аз ҷониби Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам, ки ҳар мусалмон бояд аз он ҳазар намояд ва дар вақти намоз ба тарафи осмон назар накўнад. Бояд нигоҳи худро ба саҷдагоҳ андозад, на ба суи чизҳое, ки дар пешаш истодаанд, зеро ин кор ўро аз намозро ба тарзи бояд адо намудан боз медорад. Баъзеҳо ин корро ночиз мешуморанд ва дар вақти намоз ба ин тараф ва он тараф нигоҳ мекунанд.

          ҳамчунин Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам наҳй кардааст аз монандшавӣ ба ҳайвонот дар вақти намозхонӣ. Ў наҳй кардааст аз хам шудан ба монанди шутур ва назар кардан ба монанди рўбоҳ ва нишастан ба монанди даранда ва нўл задан ба монанди зоғ ва бардоштани дастон ҳангоми салом додан ба монанди думи асп, ки аз монандӣ ба инҳо дар вақти намоз манъ шудааст. Намозхон набояд дар вақти ба саҷда рафтан ба монанди шутур ба зўр ба саҷда равад, балки ў маъмур аст, то зуд ба замин бияфтад. Худованд мефармояд: «Саҷдакунон ба рў дармеафтанд ва мегўянд ва бар фурўтаниашон» (сураи Исро, ояти 109).

          Бе узр вазнинӣ ва гаронӣ нишон додан дар намоз ва ҳангоми аз фарз ба фарзи дигар интиқол шудан, танбалӣ кардан аст дар ҳаққи намоз. Худованди мутаол дар васфи мунофиқон мефармояд: «Вақте барои адои намоз бармехезанд, танбалона бармехезанд» (сураи Нисо, ояти 142).                             

         Мўъмин наҳй шудааст, то дар вақти намоз хондан ба монанди рўбоҳ рўяшро ба ин тарафу он тараф гардонад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ба тарафҳо нигаристан ҳангоми намоз фурсатест, ки шайтон аз намози банда медуздад» (Ривояти Бухорӣ). Имом Шамсуддин Муҳаммад ибни Абубакр (р) мефармояд: Илтифоте, ки намозхон аз он наҳй шудааст, ду намуд мешавад: Яке илтифоти дили банда аз Худованди азза ва ҷалла ба сўи ғайри ў. Дуюм илтифоти нигоҳ. ҳарду намуд илтифот наҳй шудааст. Худованд ҳамеша ба тарафи бандааш равон аст, то замоне, ки банда ба намозаш майл дорад. Вақте банда ба дил ва ё чашмаш ба дигар тараф меравад, Худованди мутаол аз ў рўй мегардонад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салламро дар бораи илтифоти банда дар вақти намоз пурсиданд, он ҳазрат (с) ҷавоб доданд: «Он фурсатест, ки шайтон аз намози банда медуздад» (Ривояти Бухорӣ). Он касе, ки дар вақти намозаш ба ҳар тараф илтифот мекунад, ба монанди касест, ки подшоҳе ўро ба назди худ хондааст ва ўро дар ҳузури худ қарор дода, ўро нидо мекунад ва бо ў сухан мегўяд, вале ин мард бошад, аз подшоҳ рўй гардонида, ба ҳар тараф назар мекунад ва дилаш аз султон дур шуда, машғули он манзараҳо мебошад. Ин мард ҳаргиз нафаҳмид, ки подшоҳ чӣ гуфт, зеро дили ў машғули чизи дигар буд. Акнун худ қазоват кунед, ки ин подшоҳ бо он мард чӣ муомила мекунад. Ба назарам камтарин чизе, ки мекунад, ўро аз даргоҳаш меронад, зеро он мард дигар дар назари подшоҳ ҳақир менамояд ва дигар ҳаргиз ўро ба наздаш даъват намекунад. ҳаргиз баробар шуда наметавонад он касе, ки ҳангоми намозаш ба ҳар тараф рўй мегардонад, ба он касе, ки ҳангоми намоз тамоми фикрашро равона ба тарафи Худованд намуда, азамат ва бузургии Ўро дар пеши назараш моеорад ва метарсад аз он, ки мабодо дар ҳузури Худованд хато ва нуқсоне аз ў содир шавад ва шарм мекунад, ки аз Худованд рўй гардонида, ба тарафи дигар назар намояд.

         Тибқи мазҳаби Абўҳанифа намозхон набояд ба монанди дарандагон ба замин бихобад ва дастону бозувонашро паҳн намуда, дар вақти саҷда ба замин расонад. Балки суннат он аст, ки кафҳои худро дар замин ниҳода, бозуҳояшро аз замин бардорад ва онро аз танаш дур созад. Зеро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Вақте ба саҷда меравӣ, кафҳои худро ба замин неҳ ва оринҷҳоятро боло кун» (Ривояти Муслим).   Чизи дигаре, ки дар вақти намоз хондан манъ аст, нишастан аст ба монанди нишастани саг, ин амал макрўҳи таҳримӣ аст. Олимон онро чунон тафсир намуданд, ки дар байни ду саҷда пойҳояшро ба ду тараф бурда, бо дунбааш бар замин нишинад. Дар байни ду саҷда суннат он аст, ки пойи чапро хобонида бар болои он нишинад ва пои росташро рост монда, ангуштони ҳарду пой ба тарафи қибла бошад. Чизи дигаре, ки намозхон аз он манъ шудааст, бо шитоб хондани намоз аст ба ин тариқа, ки на рукўъашро пурра кунад, на суҷудашро ва на дигар аркони намозро. Намоз бояд оромона хонда шавад ва ҳама аркони он пурра ба ҷо оварда шавад. ҳазрати Абўабдуллоҳи Ашъарӣ ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам намозашро бо саҳобагонаш хонд ва баъди намоз ҳамроҳи як гурўҳи онҳо нишаст. Марде даромада, намоз хонд ва дар вақти рукўъу суҷудаш чун мурғ нўл мезад ва Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ба ў нигоҳ мекард. Пас гуфт: «Инро мебинед. Агар ў бимирад, бар дини Муҳаммад намемирад. Дар вақти намозаш нўл мезанад, ба монанди нўл задани зоғ ба хун, қиссаи он касе, ки намозашро мехонад ва дар он дар рукўъу суҷудаш ором намегиград, ба монанди гуруснаест, ки танҳо як-ду хурмо мехўрад, ки барояш фоида намедиҳад» (Ривояти Байҳақӣ).

            Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дуздӣ аз намозро бадтар аз дуздии молу мулк хондааст. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Бадтарин дузд касест, ки аз намозаш дуздӣ мекунад». Гуфтанд: Эй Расули Худо, чӣ гуна инсон аз намози худ медуздад? Ў мефармояд: «Рукўъу суҷудашро пурра ба ҷо намеорад» Ё ин ки фармуданд: «Дар вақти рукўъу суҷуд камари худро рост намекунад» (Ривояти Аҳмад). Чизи дигаре, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар вақти намоз хондан манъ намудааст, фишурдани ангуштон ва ангуштонро шабака кардан мебошад. Имом Аҳмад аз Абусаъид ривоят мекунад, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Вақте яке аз шумоён дар масҷид бошед, ангуштонатонро шабака накунед. Зеро ангуштонро шабака кардан, кори шайтон аст. ҳар яки шумо дар дохили намоз ҳисоб мешавед, аз замоне, ки дар масҷид қарор доред, то замоне, ки аз масҷид берун меравед» (Ривояти Абудовуд). Каъб ибни Аҷаза дар ҳадиси марфуъаш чунин ривоят мекунад: «Вақте яке аз шумоён таҳорат созад, ба мақсади хондани намоз пас ангуштони дасташро шабака накунад, зеро ў дар дохили намоз аст» (Ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ). Шабака кардани ангуштон яъне: ангуштонро ба ҳам

андохтан ва фишурдани пайвандҳои он аст ба дараҷае, ки садои онро мешунавад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аз ин амал манъ кардааст, зеро он беҳуда бозӣ кардан аст дар намоз ва аз тарафи дигар, ин кор далолат ба танбалӣ мекунад. Баъзеҳо вақте ба намоз шурўъ мекунанд, садои ангуштонашонро мешунавӣ, ки ин илова бар зарари худ зарар расонидан ба дигар намозгузорон аст. Намозгузоронро суннат аст, ки дар тули муддати қиёмаш дасти росташро болои дасти чап дар зери ноф гузорад.

            Дар намоз хамёза кардан макрўҳ аст, зеро он далолат ба танбалӣ мекунад ва он муқобили хушўъ дар намоз аст. ҳамчунин даҳонро боз кардан аз ғалабаи хоб макрўҳ аст. Агар тавонад, бояд онро манъ кунад ва агар тавон надошта бошад, бояд ҳангоми кушодани даҳон бо дасташ даҳонашро пўшонад.

           ҳамчунин дар намоз бе зарурат ҳаракати зиёд намудан макрўҳ аст, монанди шакидани рўй, рост кардани риш, дуруст намудани мўи сар, бозӣ бо либос ва монанди ин аз ҷумлаи ҳаракатҳои дигаре, ки дилро аз хушўъ бозмедорад. Агар ин намуд корҳо бидуни зарурат бисёр такрор шаванд, намоз ботил мешавад. Макрўҳ аст, ки ба хондани намоз оғоз намояд, дар ҳоле, ки зеҳнаш машғули чизест ва хотираш парешон аст, ба сабаби овардани таоме, ки иштиҳои онро дорад, ё ба сабаби эҳсоси пешоб ва ҳоҷатшиканӣ, ё ба сабаби он ки он маконе, ки намозашро мехонад, сахт гарм ва ё хунукӣ вазнин аст.  Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Нест намоз дар ҳузури таом ва нест намоз дар ҳоли танг гирифтани пешоб ва таҳоратшиканӣ» (Ривояти Муслим). 

           Макрўҳ аст намоз хондан дар сурате, ки дар пеши рўяш чизе бошад, ки ўро машғул намояд ба монанди нақшу нигорҳо. ҳазрати Анас ривоят мекунад, ки «ҳазрати Оиша пардаи рангине дошт, ки як тарафи хонаашро мепўшонд. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам ба ў гуфт: Аз назари мо ҳамин пардаатро дур кун, зеро нақшҳои он ҳангоми намоз дар чашмам намоён мешавад» (Ривояти Бухорӣ).

          Пас шумоён дар мавриди намоз аз Худованд битарсед. Банда ҳар вақт барои хондани намоз бархезад, шайтон рашк мекунад аз ин рў, мекўшад, то ба ҳар роҳ намози ўро вайрон кунад. Агар натавонад, мусалмонро аз хондани намоз боздорад, мекўшад ба қадри имкон ба ў халал расонад ва фикрашонро ба ҳар тараф кашонад ва дар хаёлаш чизҳоеро дарорад, ки пештар дар ёди ў набуданд. Аҳёнан чунин мешавад, ки инсон чизеро фаромўш карда, аз ёд баровардааст ва шайтон дар вақти намоз онро ба ёдаш меорад.

           Эй бандагони Худо! Шумо аз Худованд битарсед ва аз хондани намоз ба монанди мунофиқон парҳез кунед. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ин намози мунофиқ аст. Офтобро нигоҳ мекунад ва вақте он ба шохи шайтон расид, аз ҷой бархоста, ба чор ракаат нўл мезанад ва дар намозаш Худоро ба ҷуз андаке ба ёд намеорад» (Ривояти Муслим). Ин шаш сифат дар намоз нишонаи мунофиқист, танбалӣ намудан ҳангоми бархостан, мардумнамоӣ кардан ҳангоми хондани намоз, онро таъхир намудан, чун мурғон нўл задан, Худоро дар он кам зикр кардан ва аз ҷамоат қафо мондан.

       Эй бандагони Худо! ҳангоми намоз хондан аз ин шаш сифат дурӣ ҷўед. Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим. «Ва шумо бо сабр ва бо намоз кўмак талаб намоед. Албатта ин намоз хеле гарон аст, магар барои хушўъкорон» (сураи Бақара, ояти 45).

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر