СУХАН БИЯФКАНАД МИНБАРУ ДОРРО

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Беҳтарин гавҳару ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?
Худои таборак ва таъоло инсонро офарид ва дар таносуб ба дигар махлуқот ӯро фазли бештар ато намуд. Яке аз ин атоҳои Худо забони гӯё будааст. Ҳамин забон ва ҳамин такаллум аст, ки инсон чун ҷойнишини Худованд дар рӯи замин мақоми хосса дорад.
Таи садсолаҳои мозӣ аз уламову удабо ва шуарову машоих он қадар бисёр гузаштаанд, ки ҳисоби дақиқи онҳоро касе дақиқ намедонад. Сухансароёни беҳамто Рӯдакию Саноӣ, Ибни Синову Шайх Аттор, Мавлоною Шамси Табрезӣ, Ҳаким Хайёму Мирзо Бедил, Шайх Саъдию Хоҷа Ҳофиз раҳимаҳумуллоҳи алайҳим ва садҳо дигар аҳли адаб танҳо бо сухан оламро мусаххар кардаанд. Аҳли сухан он тавре мегӯянд, қаламро ба забон дароварданд ва ба ин васила номаҳоро бо хомаҳо сиёҳ карданд ва аз олами пуробуранг ва ѓановатмонанди худ дар таълими аҳли башар саҳм гузоштанд. Чунин гӯянд, ки аҳли қалам шодию фараҳ ё дарду алами худро, ки дар даҳр рӯ ба рӯ мешаванд, бо назокат аз роҳи эҷод рӯи коѓаз меоранд. Он тавре Низомии Ганҷавӣ раҳматуллоҳи алайҳ гуфтааст:
Қофиясанҷон, ки алам баркашанд,
Ганҷи ду олам ба қалам даркашанд.
Адибест, ки бо девону ашъори бешумор номи ӯро фаромӯш кунанд ва аммо адибест, ки бо чанд рубоӣ ё панду андарз дар дилу дидаҳо мақом бигирад. Ва ин лутфи ӯ сармашқи кори оламиён гардид.
Манзури банда ин ду мисраъ шеъри пурҳикмати Шайх Маслиҳатдини Нурист раҳматуллоҳ, ки фармудаанд:
Фироқи дӯст агар андак аст, андак нест,
Даруни дида аммо, ними мӯе бисёр аст.
Дӯстон ба қавли Шайх Саъдӣ се навъанд.
Дӯстон се навъанд ар бидонӣ.
Забонианду нонианду ҷонӣ.
Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш,
Навозиш кун ту дӯстони забонӣ,
Валекин аз барои дӯсти ҷонӣ,
Ту ҷони худ бидеҳ ар метавонӣ.
Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин мавзӯъ боз гӯянд:
Дӯст он набвад, ки дар неъмат занад,
Лофи ёриву бародархондагӣ.
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дар мондагӣ.
Шайх Саъдӣ албатта дӯсти ҷониро дар назар доранд. Ба ақидаи эшон фироқи ин навъи дӯст як сол асту ё як рӯз ё ки андаке аз он, ин муддат ҳаргиз андак нест. Ҳеҷ дарде зӯртар аз фурқат набошад. Тимсолаш ин ки фироқе байни ду дӯсте фитод, ки ба қавли Паёмбари гиромиқадр салавотуллоҳи алайҳӣ «Ал-ҳуббу филлоҳ вал-буѓзу филлоҳ» бошад. Ин ҳадиси дилнишини Расули акрам (с) чунин маънӣ дорад: «Яке аз беҳтарини амалҳо баъди имон овардан ба Худо он аст, ки дӯстию муҳаббат варзад кас бо каси дигар барои Худо…».
Инчунин ёру дӯст, дидори ӯ, гуфтори ӯ ё лиқои ӯҳамеша роҳатрасон аст. Нишасти ӯ гуфтугӯ бо ӯ фақат манфиат дорад. Суҳбати ин навъи дӯстон ба манфиати ҳарду олам аст. Чун ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Румӣбо Шамсиддини Табрезӣ раҳматуллоҳи алайҳимо дӯстию рафоқат пайдо карданд ва сари калом хилват нишастанд, Мавлоноро дар зоҳиру ботин инқилобе ба амал омад. Аз таъсир ва сеҳри сухани Шамсулҳаққи Табрезӣ Мавлоно олами наверо кашф карданд ва гуфтанд: «Сӯҳбати марди худо мардат кунад».
Мавлоно аз таъсири ин гуна сӯҳбатҳои ирфонӣ бо дӯстӣҷони худро рӯҳан дар биҳишти аъло эҳсос мекарданд. Ва Мавлоно пири муршиди худ Шамсиддини Табрезиро дар таъсири муҳаббати том ва сеҳри калом ба мартабаи илоҳӣ наздик оварданд. Оре, ин гуна сӯҳбатҳоро сӯҳбатҳои биҳиштӣномидан мумкин. Он тавре, ки Шайх Саъдии Шерозӣ мегӯяд:
Моро биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст,
Суҳбати ёри номуносиб ҷаҳаннам аст.
Шайх Маслиҳатдин Бадеуддини Нурӣ дар сухани пурҳикмати худ ҳамин гуна дӯстро дар назар доранд. Аз панди эшон бармеояд, ки инсон то ки инсони комил бошад сӯҳбати ёри мувофиқро биҷӯяд ва аз ёри бад дӯрӣҷӯяд. Ба қавли Шайх Фаридуддини Аттор:
Эй бародар дур бош аз ёри бад,
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад.
Аз дигар ҷониб ҳамнишинӣ бо дӯсту ёри мувофиқ ва дурӣ наҷустан аз ин қабили дӯстон ҳамеша ба манфиати кор аст. Зеро ҳамдамӣ, ҳамдилӣ ва ҳамнишинӣ дар хулқу атвор ва роҳу рафтори фарзанди одам албатта таъсири худро мегузаронад. Он тавре соҳиби сухан Шайх Саъдии Шерозии ширинсухан гуфтаанд:
Гили хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯи диловези ту мастам.
Бигуфто ман гили ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
Валекин ман ҳамон гилам, ки ҳастам.
Дар замони қадим чун мисли имрӯз анвои собунҳои хушбӯ мавҷуд набуд, мардуми қаряҳо деги пуробро бо чанд доман барги гул ва аз замин гил пур мекарданд. Баъди соатҳои дарози ҷӯшидани об, ки бо гилу гул омехта буд як навъи моддаи шустушӯӣ ба амал меомад, ки онро ҳамон замон собуни хушбӯй меномиданд. Ба дасти Шайх Саъдӣ дар ҳаммом аз ҳамин навъи собунҳо бармехурад ва ин шеър рӯи коѓаз меояд.
Масалу достони дӯсту рафиқ дар таъсир ба тарафайн ҳамин тавр будааст.
Бозмегардем ба сари фармудаи Шайх Маслиҳатдин. Агар байни ин гуна дӯстӣ, ки ду навъи мисолаш дар боло зикр шуд, фироқ ба амал ояд чӣҳолате рӯ мезанад? Агарчи ин фироқ ба назар андак аст, ба қавли Шайх Маслиҳатдин ҳаргиз андак нест! Орифи номунтаҳои тимсоли ин фурқати байни дӯстонро дар мисраи дуюм возеҳтар нишон медиҳанд. Дидаи бино неъмати бебаҳост. Инсон бо мардумаки чашми худ замину осмон ва мавҷудоти байни он дуро дида метавонад. Инсон танҳо тавассути неъмати диданӣ баҳри беканорро мушоҳида мекунад. Ин чашм, ки асосан аз моддаи об иборат аст, бо қудрати Худованд аз пасу боло бо мижгонҳои наҳиф хуб муҳофизат мешаванд. Ҳарчанд ки Худованд ин қадар ҳомии бандааш бошад ҳам, боз инсон дар натиҷаи беэҳтиётӣ дидаи биноро халалдор мекунад. Шарт нест, ки касе ба чашми каси дигар як каф лой занад, то ӯ нобино гардад ё нигоҳаш халал ёбад. Ин дидаи биноро ба қавли Шайх Маслиҳатдин ниме аз мӯи мижгон бас аст, то назар халал ёбад. Ва ин ҷалидани ними мӯ ва ё вуруди он даруни чашм барои соҳиби чашм албатта як мусибатест. Яъне, агарчи фироқи дӯст, он кам аст ҳаргиз кам нест. Аз фурқати дӯст дил ба риққат меояд. Аммо ними мӯ, ки ба назар нопадид аст, даруни чашм бисёр аст. Барои аҳли фазл аз ин беҳтар ҳикмате нест. Агарчи рӯзгори мо ҳаёти одамӣ ва табодули шабу рӯз моломоли ҳикматҳост. Ин гуна суханони пурҳикмат дар ҳама давру замон дар ҳаёти иҷтимоию маънавии мардум таъсири мусбати худро гузоштааст. Дар ҳамаи давру замонҳо сухан, он сухане, ки санҷида гуфта шудааст дар дилу забони мардум мақом гирифта буд. Ҳам Шайх Маслиҳатдини Бадеуддини Нурӣва ҳам дигар удабои машҳур монанди Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Зайниддини Восифӣ, Ҳаким Саноӣ, Шайх Фаридуддини Аттор, Шайх Абдураҳмони Ҷомӣ, Шайх Аҳмади Ҷомӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва амсоли инҳо садҳо дигар фузало танҳо тавассути сухан ба дилҳо ҷо гирифтаанд.
Халқи араб зарбулмасале дорад: «Ликулли мақолин мақомун». Яъне, «Аз барои ҳар сухан ҷоест».
Ҳар гоҳе ки ин зарбулмасал вирди забонам мешавад, китоби машҳури устоди сухан Муҳаммадҷон Шукуров бо номи «Ҳар сухан ҷову ҳар нукта мақоме дорад» ба ёд мерасад. Ин китоб барои аҳли сухан дастури хеле муфид аст. Ранҷу заҳамоте, ки устод дар ин китоб ба харҷ додаанд, боиси таҳсин аст. Албатта он тавре ки Паёмбари гиромиқадр саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтаанд: «Хайрул-каломи каломуллоҳ». Яъне,«Беҳтарини суханҳо каломи Худовандист». Ҳеҷ навъе аз каломи дунё дар баробари як ояти раҳмонӣ арзише надорад ва қиёси ин ду чиз номумкину аз ҳамоқат аст. Аммо Худованд барои бандагонаш калому такаллумро як воситаи асосии зиндагӣ гардонид.
Мо имрӯз танҳо тавассути каломаш медонем, ки замоне дар ин дайри куҳан марди нуктапардозе ҳаёт ба сар бурдааст, ӯро Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ мегуфтаанд. «Шоҳнома»-и ӯ рӯи оламро мусаххар намуд. Абулқосим Фирдавсӣ дар дебочаи ин асари худ чунин башорат додааст:
Намирам дигар, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ва гӯянд, ки Абулқосими Фирдавсӣ асаре дошт бо номи «Чил ҳадис», ки аз роҳи талқини назм барои мо мерос гузоштааст. Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси шариф гуфтаанд: «Утлубул илма минал-маҳди илал-лаҳад». Яъне, «Илмро аз гаҳвора то қабр талаб кунед». Яъне инсон бояд, ки даме аз талабу омӯзиши илм бозмонда набошад. Чӣ аз роҳи пурсиш, чӣ аз роҳи навишт ва чӣ аз роҳи сӯҳбату насиҳатҳо. Абулқосими Фирдавсӣ ин ҳадисро ин тавр ба риштаи назм кашидаанд:
Чунин гуфт Паёмбари ростгӯй,
Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.
Аз таърих маълум аст, ки Абурайҳони Берунӣ дар илми астрономия (кайҳоншиносӣ) ҳамсабақ ва ҳамдарси Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ буданд. Ин ду олим солҳои 995-997 милодӣ бисёр тадқиқотҳои илмиро ба субут расондаанд ва аз олимони забардасти асри Х ба шумор мераванд. Овардаанд, ки чун Абурайҳони Берунӣ мубталои дардиҷонкоҳ буд, яке аз шогирдони ӯ ба аёдаташ меояд. Абурайҳони Берунӣ дар ҳоле, ки дарди бедармон вуҷуди ӯро мефишурд, аз шогирдаш масъалаеро доир ба илми кайҳон ва гардиши замин дар гирди меҳвари худ пурсон шуд.
Шогирди Абӯрайҳон гуфт:
- Устод, ҳолати шумо бисёр вазнин аст. Шояд мавриди баёни ин масъала набошад…
Абӯрайҳони Берунӣ гуфт:
- Магар ту ҳадиси он Ҳазратро фаромӯш кардӣ, ки гуфта буданд: «Илмро аз гаҳвора то гӯр талаб кунед»
Шогирд бо таассуф сар хам кард ва баъди як лаҳза бо риояи одоб аз ҳуҷраи устод берун шуд. Ҳанӯз бистқадам дур нарафта аз дар ӯро овоз доданд:
- Эй Абдуллоҳ бозгард, ки устод аз олам гузаштанд…
Инчунин буд аҳволи машоих ва меҳри онҳо нисбати илму ирфон. Имрӯз мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ тамоми миллатҳо ва кишварҳоро фаро гирифта истодааст. Пас барои расидан ба қуллаҳои баланди илму маърифат рӯ овардан ба осори арзишманд ва ибратомӯзи бузургони гузаштаи худ роҳи дуруст ба шумор меравад.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر