الصفحة الرئيسية المقالات МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

МАКТАБ МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ
2023-09-01
1544

     Ҳамасола 1-уми сентябр дар саросари кишварамон рўзи дониш – дарси сулҳ дар макотибҳои олию миёна гузаронида мешавад. Танҳо сулҳ асоси пешрафти ҷомеа буда метавонад. Воқеан ҳам, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Мардуми мо сулҳхоҳу сулҳдўст мебошанд, чунки сулҳ ба мардум хушнудӣ, хурсандӣ ва ободию озодиро таманно мекунад. Маҳз арзиши баланди сулҳ аст, ки фарзандони мо хушу хурсанд ва орому осуда дар замони осоишта умр ба сар мебаранд. Анна аз ҳамин сабаб мо сулҳро эътироф мекунем.

           Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтанро надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.

         Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.

         Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.

          Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад. Дар ин росто мактаб макони илму маърифат ва асоси пешрафти маданияти ҷомеа ва баланд гаштани сатҳи дониши аҳли ҷамъият мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар як шахс бояд баҳри омўзиши илм ҷидду ҷаҳд намояд. Бахусус ҷавонон, ки ояндасози миллатанд, мебояд хубу аъло хонанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳам бад бар тани ту ҷавшан аст.

           

           Илму дониш беҳтарин неъмат ва сармояест, ки ба инсон дода мешавад. Худованд дар Қуръони карим мефармояд: «Ба ҳар кас илми нофеъ ва ҳикмат дода шуд, ба таври қатъ хубии фаровон ёфтааст». (Сураи «Бақара», ояти 269).

            Касби дониш замони хос надорад, чунки илмомўзӣ аз гаҳвора то гўр фарз аст. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мефармояд:

Чунин гуфт Пайғамбари ростгўй,

Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй.

             Дини Ислом барои он ки ҳама мардум аз неъмати илм бархурдор шаванд, бар афроди таҳсилкарда ва босавод лозим донистааст, ки маълумоти худро ба дигарон ёд диҳанд. Чунки ҳар чизе закот дорад ва закоти дониш ин аст, ки он ба дигарон омўзонида шавад.

           Маҳз тавассути илму донишандўзӣ, шахс соҳиби маърифати баланди инсонӣ мегардад. Оянда шахсони барўманди ҷамъият шуда, дар соҳаҳои гуногуни кишварамон  кору фаъолият менамоянд. Ватани азизи худро аз дилу ҷон дўст доранд ва ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намоянд.

           Пешвои миллат Президенти кишварамон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахси маърифатпарвар мебошанд, ба соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса дода, баҳри нумўи ин соҳа ҷидду ҷаҳди беандоза менамоянд, ки ин албатта бесабаб нест. Албатта сутуни маънавии ҷомеа савод аст.

Исмоилов Абдузоир - Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Абдулбоқӣ»-и

ҷ/д Ҳакимии н. Нўробод

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر