الصفحة الرئيسية المقالات Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим ва сухане чанд дар бораи фазилати он

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим ва сухане чанд дар бораи фазилати он

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим  ва  сухане чанд дар бораи фазилати он
2023-12-13
711

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

ва  сухане чанд дар бораи фазилати он

 

          Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст,ки фармуд: “ Расули Худо (с) намедонистанд, ки чӣ гуна миёни сураҳо фосила қарор дода ва онҳоро аз ҳам ҷудо кунанд, то он ки: 

"   بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

нозил шуд.

         Дар ҳадиси шариф омадааст:

    «"كل أمر ذي بال لم يبدأ ببسم الله فهو أبتر.

         Ҳар кори муҳиме ки ба номи Худои ъазза ва ҷалла оғоз нашавад, он кор абтар (бе хайр ва баракат) аст”. 

Ҳамчунин саҳоба (р) тиловати “Қуръон” – ро бо «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» оғоз мекарданд. Инчунин гуфтани «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» дар оғози ҳар сухан ва амали нек мустаҳаб аст. 

            Хондани он дар оғози вузӯ низ мустаҳаб мебошад, зеро дар ҳадиси шариф омадааст:

            «Барои касе ки номи Худоро ба вузӯ набарад, вузӯе нест».(нафи фазилат аст).

Ҳамчунин хондани он дар ҳангоми забҳ, дар мазҳаби Ҳанафӣ воҷиб аст.

Дар ҳангоми ғизо хӯрдан низ хондани он мустаҳаб аст. Зеро дар ҳадиси шариф омадааст:

      «قل بسم الله وكل بيمينك وكل مما يليك.

Вақте мехоҳӣ ғизо бихӯрӣ, дар оғози он “Бисмиллоҳ” бигӯй. Он гоҳ бо дасти рост бихӯр ва аз ончӣ дар наздикии туст, бихӯр!».

            Хондани ««Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» дар ҳангоми муқорибати ҷинсӣ (ҳамхобагӣ) низ мустаҳаб мебошад, зеро дар ҳадиси шариф омадааст:

 

«لو أن أحدكم إذا أراد أن يأتي أهله قال: بسم الله، اللهم جنبنا الشيطان وجنب الشيطان ما رزقتنا، فإنه إن يقدر بينهما ولد لم يضره الشيطان أبدا».

«Агар яке аз шумо, он гоҳ ки мехоҳад, бо ҳамсараш ҳамбистар шавад, бигӯяд: “Ба номи Худо! Бор Худоё! Моро аз шайтон дур бидор ва шайтонро аз он чӣ рӯзии моён намудаӣ (аз фарзанд) барканор бидор”. Дар ин сурат, агар дар миёни он ду фарзанде муқаддар шавад, шайтон ҳаргиз наметавонад, ба ӯ осебе расонад».

             «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» - Ба номи Аллоҳи бисёр бахшоянда ва бисёр меҳрубон.

            Аллоҳ – яъне маъбуди барҳақ, номи муқаддаси он Худованд аст, ки бар ғайри Ӯ итлоқ нагардида. Асли он “Илоҳ” аст, ки бар ҳар маъбуди барҳақ ё ба ботил итлоқ мегардид ва саранҷом итлоқи он бар маъбуди барҳақ ғолиб гашт. Ба қавле Исми аъзам аст. «الله»  Зеро ба тамоми сифоти қудсӣ мавсуф мешавад.

Худованди Мутаъол фармуда аст:

 

 هُوَ اللَّهُ الَّذِي لَا إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ۖ عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ ۖ هُوَ الرَّحْمَٰنُ الرَّحِيمُ [٥٩:٢٢]

 «Аллоҳ зотест, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест, Донои ниҳон ва ошкор аст, Раҳмон ва Раҳим аст...». (Сураи «Ҳашр», ояти 22-24).

             Мулоҳиза мешавад, ки дар ин ду оят, тамоми асмои дигари сифоти Аллоҳ қарор гирифтааст. Ва аз он ҷо ки ҷуз Худои Таборак ва Таъоло каси дигар ба номи Аллоҳ номида нашудааст.

“Раҳмон” ва “Раҳим”, ду исми муштақ аз раҳмат бар ваҷҳи муболиғаанд. Албатта муболиғаи   “Раҳмон” аз  “Раҳим” дар маънои раҳмат бештар аст. Чунон ки Ибни Ҷарири Табарӣ дар тафсири онҳо мегӯяд: “Худованди Мутаъол бар тамоми халқ Раҳмон ва ба муъминон Раҳим аст”. Исми “Раҳмон” низ хоси Худованди Таъоло мебошад, ки дигарон набояд ба он номида шаванд.

Бинобар ин, маънои иҷмолии «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» чунин аст: “Қабл аз ҳар чиз, ба номи номи Худои Азза ва Ҷалл ва ба ёд ва тасбеҳи Ӯ оғоз мекунам, дар ҳоле ки аз Ӯ дар тамоми умури хеш ёрӣ меҷӯям, зеро Ӯ Парвардигор ва маъбуди барҳақе аст,ки раҳматаш бар ҳамаи чиз густурда аст. Неъматдиҳандаи неъматҳои бузург ва кӯчак танҳо Ӯст ва танҳо бахшиш ва меҳрубонӣ ва эҳсони Ӯст,ки фаровон, мудом ва мустамир аст”.    

Ҳукми он:

          Дар мазҳаби Ҳанафӣ ва Моликӣ “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим” ояте аз оятҳои сураи “Фотиҳа” ва сураҳои дигар нест, балки танҳо оғозгари сураҳост, ки фақат барои қарор додани фосилаи миёни сураҳо дар ибтидои онҳо навишта шудааст.

           Уммати Ислом иттифоқи назар доранд,ки:  

    ”بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

аз як оят дар сураи “Намл” аст:

إِنَّهُ مِن سُلَيْمَانَ وَإِنَّهُ بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ [٢٧:٣٠]   

          “Ин номае аз ҷониби Сулаймон аст ва ин нома ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон аст”. (Сураи «Намл», ояти 30).

Дар охир мехоҳем ин абёти шоирро дар фазилати “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим” пешкаши шумо созем:

Оҳану пӯлод сахту боваранд,

Сахтии бори  ҷаҳон тоб оваранд.

Лекин бар ин фазл, кай тоб оваранд:

Бори “Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим”.

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر