الصفحة الرئيسية المقالات ФОИДАҲОИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОН

ФОИДАҲОИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОН

ФОИДАҲОИ САДАҚА ВА ЭҲСОН ДАР ЗИНДАГИИ ИНСОН
2024-03-14
669

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дар дунёи имрўз мо фарқҳои гуногунеро дар миёни афроди ҷомеа мушоҳида мекунем ва аз ҷумлаи фарқҳои асосӣ ин гуногун будани сатҳи зиндагии иқтисодии онҳо мебошад. Баъзеҳо сарватмандану баъезҳо фақир ва бархе бошад дар сатҳи миёнаи иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд. Дар таълимоти Исломӣ ин тафовутҳо ба хубӣ мадди назар қарор дода шуда ва дар ин замина барномаҳои мушаххасе дар назар гирифта шудааст.

Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст масъулиятҳоеро ҳам бар дўши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касе аст, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Маълум аст, ки ҳар неъмате ба таври худаш масъулият дорад ва неъмати сарватмандию дороӣ низ масъулияти хоси худро дорад. Масъулияти як шахси сарватманд пардохт намудани он уҳдадориҳои пулию молие аст, ки дар шариат муқаррар гардидааст ва ҳамчунин таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманд ҳастанд. Умуман масъулияти сарвату сармоя иборат аст аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан.

Қабл аз ҳама бояд бидонем, ки садақа додани як сарватманд ба маънои коҳиш ёфтани сармояҳои ў нест. Агар зоҳири ин корро назар кунем шояд чунин ба назар биёяд, вале ҳақиқати амр чизи дигар аст. Дар Қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла мефармояд:

 «Ҳар касе як эҳсон намояд барои ў даҳ баробар подош хоҳад буд…» (сураи Анъом ояти 160)

Шахсе ба худ назр кард, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд, бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахс садақа гирифта бисёр сарватманд будааст. Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди Мутаъол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд. Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта эҳсонкориро пеша намуд. («Фазоили садақот»)

Аз ин ҳадиси шарифе, ки Товус (р) нақл кардааст, маълум мешавад, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад.

Бо вуҷуди кӯшиши худ вақте ки садақааш дар ҷои номуносиб масраф шуд, ба сабаби он ноумед нашуда, садақа доданро тарк накард. Балки барои бори дуюму сеюм ҳам кӯшиш кард, ки садақаи худро дар ҷои саҳеҳ масраф намояд. Ба ҷиҳати нияти нек ва ихлоси ӯ ҳар се садақааш қабул шуда, хабари хуши қабулияти онҳо дар хоб барояш зоҳир шуд.

Дар ҳадисе омадааст, ки бо садақа додан беморони худро табобат кунед, зеро садақа аз обрӯрезӣ ҷилавгирӣ намуда, некиҳову умрро зиёд мекунад. Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре омадааст, ки садақа кардан ҳафтод балоро дур мекунад. Камтарин дараҷаи бало бемории ҷузом ва барас (песию махав) мебошад. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Ғамҳои худро бо садақа дафъ кунед, ки бо додани садақа Худованди Мутаъол зарарҳои шуморо дур карда, дар муқобили душманон шуморо нусрат медиҳад».

«Вақте як мусулмон мусулмонеро либосе диҳад, то замоне, ки як тикка аз он либос бар баданаш бошад, пӯшонанда дар ҳифозати Худованди Мутаъол қарор мегирад» - омадааст дар ҳадиси дигаре. Ибни Абулҷаъд (р) мефармояд: «Садақа дарвозаи ҳафтод бадиро мебандад». Дар ҳадисе омадааст: Аввали субҳ садақа диҳед, зеро бало аз садақа пеш намеравад».

Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) иршод фармудаанд: «Садақа ғазаби Худовандро дур мекунад ва аз марги зиллатбор (ба хорӣ мурдан) наҷот медиҳад».

Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие ҳам барои фақирон ва ҳам барои худи садақадиҳанда дорад, масъалаи густардае аст, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсўзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогў мешаванд. Ин омил боис мегардад норизоиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меёянд, пешгирӣ шаванд.

Дар айни ҳол ки садақа ва эҳсон амале аст барои осоиши ҳамаи мардум ва ободии ҷомеа, аммо агар дуруст бингарем барои бисёриҳо сабаби наҷот аст. Зеро ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд, фурсати бисёр хубе аст то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некўи охиратро ба даст оваранд.

Умедворам Худованд ба мо тавфиқ диҳад, ки муҳаббати мардум ва хайрхоҳӣ нисбат ба онҳоро дар дил дошта бошем ва тавони гиреҳкушоӣ аз кори онҳоро ба мо ато намояд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.12.2024

أكثر
الفجر06:03
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر