الصفحة الرئيسية المقالات Рамазон - моҳи хайру баракат

Рамазон - моҳи хайру баракат

Рамазон - моҳи хайру баракат
2016-06-09
5323

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамди беҳад ва санои беадад бар Худованди Маннон, ки моро боз ба моҳи пурбаракати Рамазон - моҳи хайру сахо ва тиловати Қуръон расонид. Ӯро шукр мегӯем барои тамоми неъматҳояш ва аз Ӯ равзаи ризвон ва боғҳои биҳишти анбарсириштро масъалат дорем.

Худованд барои мо неъмати бузурге арзонӣ дошт, то ки ба моҳи мубораки Рамазон расидем, моҳе, ки сабаби мағфирати гуноҳон ва василаи озод шудан аз оташи дӯзахи сӯзон аст. Худованди Мутаъол мефармояд:

«Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон – [ҳамчун] раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Ва ҳар ки аз шумо он моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад; ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай [ба] шумори он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад ва (мехоҳад, ки) шуморро тамом кунед. Ва Худоро ба шукри он, ки ба шумо роҳ намудааст, ба бузургӣ ёд кунед; ва бошад ки шумо шокир шавед». (Сураи «Бақара», ояти 185)

Дар фазилати ин моҳи муборак он Ҳазрат (с) фармуданд:

“Ҳангоме ки моҳи Рамазон фаро мерасад, дарвозаҳои биҳишт боз мешаванд, дарвозаҳои дӯзах баста мегарданд ва шайтонҳо ба занҷир кашида мешаванд”. (Бухорӣ ва Муслим).

Даҳ рӯзи аввали ин моҳи муборак раҳмат аст, даҳ рӯзи мобайнаш мағфират ва даҳ рӯзи охираш озодӣ аз оташи дӯзах аст. Худованд ба фазлу карами худ ба мӯъминон раҳмати хешро арзонӣ медорад, чунки Ӯ Раҳиму Карим аст. Даҳ рӯзи миёнаи ин моҳ мағфират ва бахшиши гуноҳон аст. Он касоне, ки гуноҳ ва хато содир кардаанд, ҳангоме ки тавба намуда, ба сӯи Парвардигори худ рӯй меоваранд, Худованд гуноҳонашонро мебахшад ва тавбаашонро мепазирад. Инчунин дар даҳ рӯзи охири ин моҳ Худованди Мутаъол гунаҳгоронро аз оташи дӯзах озод намуда, барои дохил шудан ба биҳишт омода месозад. Ин моҳи қабули дуоҳо, моҳи хайру саховату дастгирии ҳоҷатмандон ва моҳи озод шудан аз оташи дӯзах аст. Дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки аз ҳазор шаб беҳтар аст ва ҳар касе онро дарёбад, хайри бисёреро ноил шудааст.

Ин моҳи муборак моҳи сабр аст ва подоши сабр ҷаннат аст. Ҳар касе дар ин моҳ рӯзадореро ифтор диҳад, Худованд гуноҳи ӯро мебахшад ва аз оташи дӯзах наҷоташ медиҳад. Ҳар лаҳзаи ин моҳ гаронбаҳост, ҳар касе онро накӯ истифода кунад, соҳиби хайри зиёд мегардад.

Яке аз ибодатҳои ин моҳи муборак зинда доштани шабҳои он аст, ки василае барои наздик шудан ба Худованд мебошад. Паёмбари акрам (с) фазилати зиндадории шабҳои Рамазонро баён намуда, худашон ин амалро анҷом доданд ва умматро низ ба он ташвиқу тарғиб кардаанд. Чунонки мефармоянд:

“Худованд рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро бар шумо фарз гардонид ва ман зинда доштани шабҳои онро бар шумо суннат қарор додам”. (Насоӣ ва Ибни Моҷа).

Шабзиндадории ин моҳи муборак яке аз сабабҳои мағфирати гуноҳон ва пок шудан аз хатоҳову иштибоҳот аст. Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ҳар касе рӯзаи моҳи Рамазонро хос барои хушнудӣ ва ризои Парвардигор ва ба мақсади ба даст овардани аҷру савоб бигирад, тамоми гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад”. (Бухорӣ, Муслим ва Тирмизӣ).

Рӯза барои ҳар инсон фоидаҳои маънавӣ, ҷисмӣ ва иҷтимоии зиёде меорад. Чунончи инсонро ба сабру шикебоӣ ва таҳаммул даъват мекунад ва ба ӯ равиши хештандорӣ ва худидоракуниро меомӯзад, баданро аз зиёдатиҳои такшиншуда, ки аз боқимондаҳои хӯрокӣ ва нӯшокӣ ба вуҷуд меоянд, пок мегардонад ва чарбиҳои таркиби баданро коҳиш медиҳад. Расули Худо (с) дар ин маврид фармудаанд: “Рӯза бигиред, то саломатиатон барқарор шавад”. (Ибни Суннӣ ва Абӯнуайм)

Аз Худованди Маннон масъалат дорем, ки ҷумла мӯъминонро ҳидоят фармояд, то аз ин фурсати тиллоӣ истифода баранд ва ин моҳи пурбаракатро ғанимат шумурда, некии бештар анҷом диҳанд. Парвардигоро, моро дар дунё ва охират некӣ ато кун ва аз оташи дӯзах моро наҷот деҳ. Дуруду саломи бепоён бар Паёмбарамон (с) ва ёрони ӯ бод.  

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.05.2025

أكثر
الفجر03:29
الظهر12:40
العصر17:50
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر