الصفحة الرئيسية المقالات МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ БА ДИН ВА ЭЪТИҚОДОТИ ДИНӢ: АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ

МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ БА ДИН ВА ЭЪТИҚОДОТИ ДИНӢ: АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ

МУНОСИБАТИ ДАВЛАТ БА ДИН ВА ЭЪТИҚОДОТИ ДИНӢ: АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ
2024-08-06
527

    Пас аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 20 июни соли 2024, № 2048) дар таҳрири нав дар васоити ахбори оммаи хориҷӣ хабарҳои иғвоангез, аз ҷумла вобаста ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии хурофот ва бегонапарастӣ, манъи ҳиҷоб ё пӯшидани либоси исломӣ, манъи таҷлили идҳои «Қурбон» ва «Рамазон», басташавии беш аз 1000 масҷиду мадраса ба назар расид. Бешакку шубҳа гуфтан мумкин аст, ки ин хабарҳоро шахсони ба истилоҳ «аз давлату миллат ранҷида» ва кишварҳои манфиатхоҳ паҳн намуда, чунин амал барои ноором кардани давлатамон роҳандозӣ шуда истодааст.


           Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки дар арафаи моҳи мубораки Рамазон, санаи 9-уми марти соли 2024 баргузор гашта буд, қайд карданд, ки аз баракати Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд. Дар ин росто, аз баракати истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва аз шароити озоду созгори эътиқодӣ бархӯрдоранд.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки то даврони Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 34 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз ин теъдод 17 ададашро масҷиди ҷомеъ, 15 ададашро калисои масеҳӣ ва 2 адади дигарро синагогаи яҳудӣ ташкил медод.

Набояд фаромӯш кард, ки дар замони Шӯравӣ масҷидҳои панҷвақта ва ё масҷидҳои маҳалла умуман вуҷуд надоштанд ва мардум намозҳои худро дар хонаҳояшон ва намозҳои ҷамоатро дар иморатҳои ба ном «клуб», «хонаи муйсафедон» ба таври пинҳонӣ анҷом медоданд.
Айни замон бошад, теъдоди масҷидҳо дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар ин росто, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромад. Имрӯз ҳатто дар як ноҳияи Тоҷикистон дар муқоиса бо пойтахти дигар давлатҳои исломӣ вобаста ба теъдоди аҳолӣ шумораи масҷидҳо бештар аст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷид, 1 Донишкадаи исломӣ ва якчанд ниҳодҳои диншиносии илмӣ фаъолият карда истодааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои расмии таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Дар пойтахти Тоҷикистон яке аз бузургтарин масҷидҳо дар минтақа бунёд карда шуд. Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад ва дар арафаи анҷомёбист.


          Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ба озодии комили ибодати Худованд ноил гардида, масҷид симои шаҳру деҳоти онҳоро зебову дилписанд кардааст. Бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бино шуда, беҳтарин армуғони Сарвари давлат ба аҳли эътиқотмандони кишвар мебошад.

Кумитаи меъморӣ ва сохмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009, № 720 ҳамчун фармоишгари расмии «Масҷиди калон дар шаҳри Душанбе», айни ҳол «Масҷиди ба номи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит» таъин гардида, рафти амалишавии корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии иншооти мазкурро зери назорати қатъӣ қарор дода буд.


Сохтмони «Масҷиди ба номи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит»-и шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2011 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, моҳи декабри соли 2019 ба анҷом расид.

Фармоишгари асосии иншоот «Мактаби хусусӣ-муҳандисии Давлати Қатар» буда, пудратчии асосии иншоот «Ҷамъияти саҳомии кушодаи Сомон-Тоҷик-Сохтмон-Иншоот» (ҶСК «СТС-Иншоот») мебошад.


         Сохтмони масҷид дар асоси шартномаи ҳамкорӣ, ки байни «Мактаби хусусӣ-муҳандисии Давлати Қатар» ва ҶСК «СТС-Иншоот» № С-11-023-DB-01 аз 10.10.2012 ба имзо расида, оғоз гардидааст. Тибқи қарордоди басташуда маблағи умумии сохтмон 91 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамаи маблағи ҷудогардида аз ҷониби пудратчии асосӣ ҶСК «СТС-Иншоот» аз худ карда шудааст.


Корҳои сохтмону васлгарӣ, меъморию ороишӣ, пардозгарӣ, васлу насби дару тирезаҳои алюминӣ ва дарҳои чӯбин аз ҷониби Пудратчии асосӣ ҶСК «СТС-Иншоот», зерпудратчиён ҶДММ «Сохтмон Ваҳдат», ҶДММ «Ҷабраил», ҶДММ «Риас Инжиниринг», ҶДММ «Шоҳрух сохтмон», ҶДММ «Меъмор 7», ҶСП «Энергосервис» ва ширкати «Димо Пушииш Созе» амалӣ карда шудааст.

Дар сохтмони бинои масҷид бештар он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои лаёқати баланди сохтмончигӣ мебошанд, ҷалб карда шуданд. Зимни сохтмон иншооти сохташуда аз андози арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шуда буд.

Бояд қайд кард, ки масоҳати умумии замини «Масҷиди ба номи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит» 12 га ва масоҳати зери сохтмони масҷиди мазкур дар 3 га замин бо санъати меъмории нотакрори миллӣ сохта шуда, дорои 3 даромадгоҳ ва 4 манора бо дарозии 75 метр, 1 гунбази калон ва 16 гунбази хурд мебошад.

Масоҳати ошёнаи якум 1844 метри мураббаъ, ошёнаи дуюм 7842 метри мураббаъ ва толори калони идонаи намозгузорӣ 9938 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои масҷид аз ду ошёна иборат буда, 5 адад толорҳои хурду калони намозгузорӣ, 12 ҳуҷраҳои корӣ, 1 маҷлисгоҳ, 2 китобхона, 6 толорҳои омӯзишӣ (синфхонаҳо), 9 таҳоратхона, 9 ҳоҷатхона, 3 ҳуҷраи барои пазироии меҳмонон бо толори интизорӣ, 1 ошхона, 17 анборхонаҳои хурд барои кормандони техникӣ, 1 утоқи назорати асбобҳои тақвияти овоз, 6 намоишгоҳ, 1 сандуқи назорати барқӣ, 1 ҳуҷраи коммуникатсия (алоқа), 1 ҷой барои шустушӯй ва кафан кардани майит ва 1 фаввора дорад.

Дар гирду атрофи бинои масҷид таваққуфгоҳ барои 500 нақлиёт ва ҳамчунин дарахтону гулҳои ороишӣ шинонида шудааст. Ғунҷоиши намозгузорон танҳо дар дохили масҷид 43 ҳазор ва дар тамоми ҳудуди масҷид 120 ҳазор намозгузор мебошад.

Ҷиҳозонидани масҷид. Дар дохили толорҳои намозгузорӣ қандилҳо (люстра) насб карда шуданд, ки гирду атрофи онҳо бо оётҳои Қуръонӣ ороиш дода шудаанд. Ҳамзамон, фарши масҷид бо қолинҳои истеҳсоли корхонаҳои саноати ватанӣ, аз ҷумла қолинҳои фабрикаи қолинбофии «Қолинҳои Қайрокқум» дар масоҳати беш аз 14 000 метри мураббаъ густурда шудааст. Инчунин бо низоми ягонаи гармӣ ва хунукидиҳанда муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки иқтидори истифодаи нерӯи барқ дар як моҳ зимни истифодабарии пурра 689 000 квт соатро дар бар мегирад. Дар бино барои назорати дохил ва беруни масҷид 43 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст, ки аз утоқи кории махсус идора карда мешаванд.


         Сохтори идоракунии масҷиди калони шаҳри Душанбе. Оинномаи ташкилоти динии масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо фармоиши Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 135 аз 17.02.2020 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динӣ ворид карда шудааст.


Ҳайати муассисони ташкилоти динии масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе 4 адад масҷидҳои марказии ноҳияҳои шаҳри Душанбе мебошанд.


          Тибқи қарори ҳайати муассисон сохтори идоракунии масҷиди калони шаҳри Душанбе муайян гардид. Дар асоси қарори он роҳбарии масҷидро Директори иҷроия ва Сархатиб роҳандозӣ менамоянд. Бо дарназардошти он, ки нигоҳубини масҷид маблағи калонро талаб менамояд, дар мадди аввал 81 воҳиди корӣ муайян карда шуд.


Директори иҷроия роҳбарӣ ва нигоҳубини бевостаи корҳои хоҷагидорӣ, молиявӣ ва техникиро ба уҳда дошта, сохтори он аз сармуҳандис, мудири хоҷагӣ, муҳосибон, муҳандисон, сантехникҳо, боғбонон, посбонон, фарошу ҳавлирубон иборат мебошад.

Сархатиб вазифаи пешбурди умури диниро ба уҳда дошта, ба ӯ ду нафар имоми панҷвақта, муаззин ва котиб кӯмак мерасонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ нақши масҷидро дар тарбияи маънавию динии мардум, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи илмомӯзӣ ва амалҳои нек борҳо таъкид кардаанд: «Масҷид дар ин марҳилаи ҳассос ва мураккаби ҷаҳонишавӣ интишори фикру ақидаҳои тундгароӣ, хуруҷи бесобиқаи ҷараёну мазҳабҳои ба ном «исломӣ»-и ба аҳли суннату ҷамоат бегона, ситезаҳову таҳдидҳо ва падидаҳои хатарноки исломихоҳони аз дур идорашаванда, ки ба фитнаангезию ҷудоиандозӣ дар давлатҳои исломӣ нигаронида шудаанд, вазифадор аст ҳамчун нерӯи солим ва созанда рисолати таърихии худро дар ҳифзи асолати дин, ваҳдат ва суботу оромии ҷомеа бо тамоми масъулият анҷом бидиҳад».

Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки роҳбарият ва ходимони «Масҷиди ба номи Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит» дастуру роњнамоиҳои Сарвари давлатро сармашқи фаъолияти худ намуда, барои асолати дин, таҳкими ваҳдат ва суботу оромии ҷомеа бо тамоми масъулият вазифаҳои хешро анҷом медиҳанд. Ҳамзамон ёдовар шудан бамаврид аст, ки сохтмони ин масҷид аввалин ва охирин нест, дар оянда низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дини шаҳрвандонро кафолат дода, ҷиҳати пешрафти ин соҳа тадбирҳо хоҳад андешид.

Дар ин росто, аз мардуми бо ору номус ва шарафманди тоҷик даъват ба амал меорем, ки сулҳу субот, тинҷиву оромии кишварро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба ҳар гуна мақолаҳои иғвоангез бовар накунанд. Ҳамзамон, мо бо боварии том гуфта метавонем, ки ҷавонони имрӯза, ки ояндаи давлат дар дасти онҳоянд, ба муқобили чунин падидаҳо муборизаи беамон мебаранд.

Шокиров Ҳусен Зокирович – мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.12.2024

أكثر
الفجر06:02
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر