الصفحة الرئيسية المقالات МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРИ ОН ДАР ҶОМЕА

МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРИ ОН ДАР ҶОМЕА

МАВОДИ МУХАДДИР ВА ЗАРАРИ ОН ДАР ҶОМЕА
2024-10-12
325

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дини мубини Ислом инсонро ба ҳама хубиҳо ва истифода аз ҳар он чизе, ки муфид ва судманд аст, амр намуда ва аз ҳар он чизе, ки зиёновар аст, манъ менамояд, ҳамон тавре ки дар ҳадиси шариф омадааст: «Ло зарара ва ло зирор», яъне «Ба худ ва дигарон зиён марасон».

Ба ҳамин манзур дини мубини Ислом истифода аз маводи мухаддирро ҳаром қарор додааст, чунки боиси зарари ҷисмӣ ва мафосиди зиёде мешавад. ҳамон тавре ки шароб ва соири маводи нашъаовар зарарҳои бешуморе дорад, маводи мухаддир низ бо ҳама анвоъ ва ақсомаш хисороти ҷонӣ, молӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар пай дорад, зеро иллату ангеза дар байни ҳар ду яке мебошад. Ба ҳамин манзур далоили ҳаром будани маводи мухаддирро, ки қуръони кариму суннати мутаҳҳари Пайғамбари Ислом (с) ва иҷмоъи уммату қиёс баён намудаанд, дар зайл зикр мекунем.

Далел аз қуръони карим:   

Худованд (ҷ) мефармояд:

«Онҳое, ки Пайғамбари набии уммӣ (нохон)-ро пайравӣ мекунанд, ки номи ўро дар назди худ ҳам дар Таврот ва ҳам дар Инҷил навишта меёбанд, онҳоро ба маъруф, яъне кори писандида амр мекунад ва аз мункар, яъне кори нописанд бозмедорад ва барояшон чизҳои покро ҳалол мегардонад ва чизҳои палидро ҳаром месозад ва бори сангинашон ва тавқеро, ки бар гарданашон аст, бармедорад». (Аъроф; 157).

    Донишмандон аз ояти мубораки боло ин асл ва қоидаро истинбот намудаанд, ки ҳар чизи хубу покиза мубоҳ ва ҳар чизи палиду хабис ҳаром мебошад. Пас, агар мо маводи мухаддирро зери ин асл қарор диҳем, оё инсони оқил ва ҳушёр чунин хоҳад гуфт, ки ин маводи мухаддир хуб ва поку мубоҳ аст? Гумон намекунам, ки шахсе чунин бигўяд, балки ҳама мардумони оқил муттафиқ ба палидӣ ва ҳаром будани маводи мухаддир ҳастанд, чунки зарарҳо ва зиёнҳои бешумор дар он нуҳуфта аст, ки барои ҳама ҳувайдо ва ошкор аст.

  Худованд (ҷ) боз мефармояд:

«Аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд; бигў, ки дар онҳо барои мардум гуноҳи бузург ва манфиатҳое аст ва гуноҳи он аз нафъаш бузургтар аст». (Бақара; 219).

ҷойи дигар Худованд (ҷ) мефармояд:

«Эй мўъминон! Шароб, қимор, сангҳои насбшуда барои парастиш ва бахтозмоӣ ба василаи тирҳо палид аст, аз кирдори шайтон, бинобар ин аз он дурӣ кунед, то бошад, ки растагор шавед. Бегумон шайтон мехоҳад, то ба василаи шароб ва қимор душманӣ ва нафратро дар миёни шумо эҷод кунад ва шуморо аз зикри Худованд боздорад, пас оё шумо аз ин аъмоли ношоиста иҷтиноб намекунед?!». (Моида; 91).

  Дар оятҳои зикршуда, ки Худованд шаробро ба тадриҷ бар инсон ҳаром қарор додааст, зиёнҳои гуногуни онро низ баён намудааст ва калимаи «хамр» (шароб) ба маънои пинҳон ва пўшиш мебошад (яъне ақлро мепўшонад), пас ҳамин зиёнҳо, балки болотар аз онҳо дар маводи мухаддир вуҷуд дорад.

Далел аз суннати мутаҳҳар: 

  Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «ҳар чизи масткунанда шароб аст ва ҳар шароб ҳаром аст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

   Аз ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Он чи миқдори зиёдаш маст намояд, пас миқдори ками он низ ҳаром аст». (Ривояти Абўдовуд, 4/87).

   Умми Салама чунин ривоят мекунад: «Пайғамбари Худо (с) аз ҳар он чизе, ки маст менамояд ва сустию нотавониро ба бор меорад, манъ намудааст». (Ривояти Аҳмад, 4/273).

  ҳадисҳои боло ба сароҳат шароб ва ҳар чизи масткунандаро ҳаром қарор додааст ва маводи мухаддир низ монанди дигар ашёи масткунанда дар ин ҳукм дохил буда, балки дар ҳалок намудан ва аз байн бурдани инсон ба маротиб баландтар аз онҳо аст.

   Ибни ҳаҷар дар китоби «Фатҳу-л-Борӣ» чунин мефармояд: «Бидуни қайд уламо ва донишмандон аз ин фармудаи Пайғамбар (с) истинбот намудаанд, ки ҳар он чизе, ки масткунанда аст, агарчи ошомиданӣ ҳам набошад, ҳаром аст, пас чарс ва ғайра дар ин ҳукм дохил аст». (Фатҳу-л-Борӣ, 10/38). 

   Истеъмоли маводи мухаддир бар заруратҳо ва ниёзмандиҳои панҷгона, яъне ҳифзи дин, ҷон, насл, мол ва ақл хатар дорад, ҳол он ки дини Ислом дар роҳи ҳифзу нигоҳбонии онҳо бо ҳама васоилу имконот кўшидааст ва таҷовуз бар ҳар як аз ин заруратҳоро ҷинояти бузург хонда, ба хотири ҳифзу нигоҳдошти фард ва ҷомеа муҷозоти сахтеро бар ҷинояткорони ин ниёзмандиҳо вазъ намудааст. 

   Маводи мухаддир монанди шароб мусулмонро аз зикри Худованд ва аз намоз бозмедорад, ҳамроҳ бо беҳушӣ ва мастӣ инчунин сустию танбалӣ ва заъфро ба бор меорад, ки шояд соатҳо тўл бикашад. Худованд мефармояд:

  «Бегумон шайтон мехоҳад, то ба василаи шаробу қимор душманӣ ва нафратро миёни шумо эҷод кунад ва шуморо аз зикри Худо ва аз намоз боздорад, пас оё шумо аз ин аъмоли ношоиста иҷтиноб намекунед?!». (Моида; 91).  

   Истеъмоли маводи мухаддир роҳро барои ҷароим ва ҷинояти бузург ҳамвор намуда,шахси муътодро ба содир намудани ҷиноят мекашонад. Шахси муътод ба маводи мухаддир ба хотири ба даст овардани ин мавод ҷонашро дар хатари марг андохта, ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекунад, агар ночор шавад, даст ба ғорат, дуздӣ ва қатл хоҳад зад. Баррасӣ ва таҳқиқоти зиёде, ки бо баъзе зиндониён сурат гирифтааст, он чиро гуфтем, тасдиқ ва таъйид мекунад.

   Ибни Обидини ҳанафӣ фармудааст: «Хўрдани бангу чарс ҳаром аст, зеро ҳар он чизе, ки ба ақл халал ворид намуда онро аз байн мебарад, ҷоиз нест». (ҳошияи Ибни Обидин, 6/457).

  Маводи мухаддир болои фарду ҷомеа таъсироти бад ва хатарноке аз лиҳози динӣ, сиҳҳӣ (тандурустӣ), иқтисодӣ, амнӣ ва равонӣ дорад, пас инчунин зарарҳои ношӣ аз маводи мухаддир дар зоти худаш барои манъу сарзаниши истеъмолкунандаи он кофӣ аст.

وقت الصلاة في طاجيكستان

22.12.2024

أكثر
الفجر06:02
الظهر12:40
العصر15:14
المغرب17:12
العشاء18:42
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر