الصفحة الرئيسية المقالات ҚАДРШИНОСИИ ЗАҲМАТҲОИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ ИН БА ҶО ОВАРДАНИ ШУКРИ ОФАРИДГОР АСТ!

ҚАДРШИНОСИИ ЗАҲМАТҲОИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ ИН БА ҶО ОВАРДАНИ ШУКРИ ОФАРИДГОР АСТ!

ҚАДРШИНОСИИ ЗАҲМАТҲОИ ШАХСИЯТҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ ИН БА ҶО ОВАРДАНИ ШУКРИ ОФАРИДГОР АСТ!
2024-11-16
224

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

      Хонандаи гиромӣ, чӣ хеле ки мову шумо огоҳ ҳастем, яке аз хислатҳои ҳамидаи мусалмонон роҳнамоии мусалмонон ба роҳи рост, худотарсӣ, огоҳ кардан аз баду нек, донистани қадри ҳамдигар, ба ҷо овардани хизмати падару модар, қадршиносии заҳматҳои нафароне мебошад, ки дар амнияту осоиштагии мову шумо саҳм доранд.

Чунончи Худованд дар охирин ояти сураи “Зуҳо” мефармояд:

“Ва неъматҳои Парвардигоратро бозгў намо”.

Дар мазмуни ҳамин ояти карима дар ҳадиси шариф омадааст, ки “Сухан гуфтан дар бораи неъматҳои Парвардигор, ин аломати шукргузорӣ аст.

Сухан нагуфтан, чашм пўшидан ва нодида гирифтани неъматҳо ин носипосӣ назди Офаридгор аст.

Касе, ки неъмати ками худро нодида гирифта, шукргузорӣ намекунад, ў ҳеҷ гоҳ шукри неъмати бисёрро ба ҷо оварда наметавонад.

Кадом шахсе, ки шукри инсонҳоро ба ҷо оварда наметавонад, шукри Худовандро ба ҷо оварда наметавонад.

Баракат дар сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ аст.

Дар ҷудоихоҳӣ парокандагӣ ва азоб аст.

Офият, амонӣ, оромӣ ва тансиҳатӣ ин беҳтарин неъматҳои дунё ба ҳисоб мераванд, ки ҳамаи онҳо танҳо дар заминаи ба даст омадани сулҳу субот, оромӣ, соҳибдавлатӣ, соҳибзабонӣ, муттаҳидӣ, сарҷамъӣ ба мову Шумо насиб гардидааст. Чуноне ки Саъдии бузургвор фармудааст:

Бақои давлат андар ҳақшиносист,

Заволи неъмат андар носипосист.

Агар фазли Худо бар худ бидонӣ,

Бимонад бар ту неъмат ҷовидонӣ.

Чӣ монад аз лутфу эҳсону накўӣ,

Ҳаромат бод агар шукраш нагўӣ.

Чуноне ки ба ҳамаи мо, хусусан насли калонсол маълум аст, ҳамаи ин неъматҳои дунё, ки дар кишвари азизи мо, ватани мо, сарзамини муқаддаси мо, охирин умеди тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон, ки ўро бо номи зебои Тоҷикистон мешиносанду насиби мо гардидааст, маҳз бо талошу кўшишҳо, ҷоннисориҳо ва заҳматҳои беназири роҳбари давлати мо, сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти муҳтарами кишварамон ба даст омадааст.

Бо такя ба ҳидиси шариф, ки дар боло зикраш гузаштам “Кадом шахсе, ки шукри инсонҳоро ба ҷо оварда наметавонад, шукри Худовандро ба ҷо оварда наметавонад”. Зимнан мо ҷавобан ба заҳматҳо ва ҷоннисориҳои ин Роҳбари маҳбубамон ҳамеша шукргузорӣ мекунем.

Хушбахтона ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун рамзи қадршиносии заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар роҳи бунёди давлатдории миллии тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва рушди Тоҷикистони азиз ҳамчун Рўзи Президент ҷашн гирифта мешавад.

Бо ифтихор ва ҳувияти миллӣ ҳар шахси оқил, некбин, бохирад, дурандеш ва худогоҳ хизматҳои арзандаи Роҳбари давлати моро пеши назар орад ва онро бо лаҳзаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки аз сари мо насли калонсол гузашт муқоиса кунад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки Худованд ба мо Роҳбари хирадманд, дурандеш ва давлатмеҳварро насиб гардонид. Дар пайи ободии ин кишвар, саҳми Пешвои миллати тоҷик ҳамчун сиёсатмадоре, ки бо инояти Парвардигор сарзаминро аз асорати ҷангу хунрезӣ раҳонид, шахсияте, ки умри ҷавони худро фидои бозсозиву ободкории Ватан намуд ва Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, беназир аст.

Худ қазоват кунед!

Аз кишваре, ки дар он аз иқтисоду тиҷорат ва сохтори давлатӣ нишонае намонда буд, ҷумҳурии соҳибихтиёри худкифо сохтан ба ақл рост намеомад.

Дар ин марҳилаи ҳассос ва буҳронӣ Пешвои миллат рустамвор ба арсаи кору пайкор омад, бо фарҳанги волои мудирият, бо зеҳни закӣ ва бо ҷоннисории хоси худ аз пайи дубора обод кардани хонаи вайронаи мо шуд. Ҳамин хислати ватандўстии Президенти муҳтарамамон буд, ки ў дар назди ҳама маҳбубу соҳибэҳтиром гардидааст.

Дар шароити муосир, ки вазъи кишварҳои минтақа бо ҳар баҳонаву омил мураккаб ва пешгўинашаванда боқӣ мемонад, вуҷуди роҳбарони хирадманде дар мисоли Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неъмати бузург аст. Аз ин лиҳоз, месазад ва ҷо дорад, ки дар ин рўзҳо аз ҳар вақти дигар бештар дар атрофи Пешвои миллати худ муттаҳиду сарҷамъ бошем. Чунончи Худованд дар ояти 59-уми сураи “Нисо” мефармояд:

 “Эй мўъминон, Худоро фармонбардорӣ кунед ва Пайғамбару фармонравоёнро аз ҷинси хеш фармонбардорӣ кунед!”.

Барои ҳар як миллате, ки давлати миллии худро бунёд менамояд, Президент ҳамчун рамзи ормонҳои миллат таҷассум меёбад. Барои миллати мо бошад, ҷойгоҳи Президент аҳаммияти хос дорад.

 Сарвари давлати мо дар шароити мураккаби сиёсие роҳбарии давлатеро ба уҳда гирифтанд, ки иқтисодаш комилан касод ва амнияташ хароб буд. Дар чунин шароити мураккаб Худованд ба миллати мо бо назари раҳмат нигарист ва ҷавонмарди бонангу номус, тоҷики асил, боғайрат, ватандўст ва миллатпарвар Эмомалӣ Раҳмонро сарварӣ бахшид.

Мову шумо савганди таърихии Сарвари давлатро хуб дар ёд дорем, ки дар вазъияти бисёр мураккаби сиёсии кишвар гуфта буданд: «Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам ё дар ин роҳ ҷони худро медиҳам......». 

Хонандаи азиз! Имрўзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъҳо ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал гардида, дар аксар давлатҳо ҳамчун дастурамал барои ба даст овардани сулҳ қарор дорад.

Шукрона кунем, ки имрўзҳо сулҳу ваҳдат дар саразамини мо таъмин аст ва бешак меъмори ин сулҳу ваҳдат Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Мо насли имрўзи Ватан вазифадорем, ки ҳамчун мояи ибрат ва тарбия оқибатҳои фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба насли ояндаи худ расонем.

Фаромўш набояд созем, ки дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кўдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмўъ ба иқтисодиёти давлати мо беш аз 10 миллиард доллар зарар расид!

Бар замми ин, ҳазорон хонаҳои истиқоматӣ вайрон гардиданд, мактабу шифохонаҳо сўхтанд ва роҳу пулҳои зиёд харобу валангор шуданд.

Хушбахтона бо нангу номуси тоҷикӣ ва эҳсоси баланди ватандории Сарвари давлат ҳамаи гурезагонро ба Ватан баргардонд, ҷиҳати дубора барқарор намудани ҳазорон хонаҳои истиқоматии дар натиҷаи ҷанг харобгардида шароит фароҳам овард, ба бунёди садҳо муассисаи таълимӣ барои ба таълиму тарбияи шоиста фаро гирифтани насли наврас иқдом гирифт, барои таҳсили ҷавонон аз минтақаҳои дурдаст, махсусан духтарон квота ҷудо намуд. Бо ин ҳамаи заҳматҳо дар умум дар роҳи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар Сарвари давлати мо рисолати ҷавонмардии таърихии худро адо кард.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар кишвари мо қариб чор ҳазор иншооти нави соҳаи маориф ва ҳудуди ду ҳазор муассисаи нави тиббӣ бунёд гардид.

Бунёди роҳу нақбҳо аз муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки бо иродаи устувори Пешвои миллат бунёд ёфтанд.

Имрўз бо бунёду навсозии роҳу пулҳо, инчунин сохта ба истифода додани нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон” ва “Озодӣ” ва долонҳои зиддитармавӣ,  ҳамватанони мо метавонанд дар чаҳор фасли сол аз дилхоҳ минтақа ба минтақаи дигар озод сафар намоянд.

Сарвари давлати мо ба ҳар коре, ки иқдом кардаанд, пеш аз ҳама онро ба манфиати Ватан ва ба суди миллат анҷом додаанд.

Бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ афсонаеро мемонд. Аммо Пешвои миллати мо бо азму иродаи қатъӣ ва бо такя ба миллати сарбаланди тоҷик дар бунёди он иқдом гирифтанд. Ин аст, ки имрўз аллакай ду агрегати НБО-и “Роғун” ба истифода  дода шудааст.

Имрўз рисолати ватандорие, ки Пешвои миллат бо сарбаландӣ анҷом медиҳанд, бешак як мактаби бузурги омўзишие барои насли ҷавон аст.

Фаъолиятҳои пурсамари Сарвари давлат имрўз як намунаи барҷастаи ибрати ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷасорат, садоқат, самимият, хирадсолорӣ, муҳаббат ба Ватану миллат, меҳмоннавозӣ, зинда кардани урфу одатҳои аҷдодӣ ва адои қарзи ватандориро имрўз ҷавонони мо бояд аз ҳамин мактаби давлатдории Пешвои миллат омўзанд. Зеро ҳамин аст ватандорӣ ва ҳамин аст фарзанди сазовори Ватану миллат будан!

Дар ҳамин шароит бояд ба дунё бо чашми ақлу ибрат нигарем, чунончи устод Рӯдакӣ гуфтаанд:

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
 Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

Бояд дарк намоем, ки сабабгори асосии ҷангҳои шаҳрвандӣ ва нооромиҳои сиёсӣ дар ҳамаи кишварҳои мусулмоннишин сўиистифода гардидани Ислом ва арзишҳои исломӣ мебошад.

Дар ҳоле ки Ислом танҳо дин аст, эътиқод аст, имон ба Худои азза ва ҷалла ва Паёмбари барҳақи ў мебошад.

Сиёсат бошад, бозиҳои абарқудратҳост, ки аз фақру нодонии мардуми мусулмон истифода карда, онҳоро ба ҷангу хунрезӣ ва ҳамдигаркушӣ мекашанд. Мардуми мусулмонро ба гирдоби кашмакашиҳо андохта, худашон аз ин вазъ истифода мекунанд.

Донишмандон бар он назаранд, ки имрўз ҳар давлати воқеӣ ба киштии Нўҳ монанд аст. Бораи он киштӣ марзу буми аҷдодӣ, ҳастии миллат, рўҳу равони халқ, одобу ахлоқ, расму оинҳои дар тўли садсолаҳо андўхтаи мардум аст ва танҳо киштибони Худододи ҷасур ва обутобдида метавонад ин киштиро аз байни тўфону туғёнҳои баҳри пурхавфу бими воқеият, аз даму нафаси наҳангони бераҳму бемуруввати ин баҳр эмину бешикаст ба соҳили муроди мардум бирасонад. Хушбахтона имрўз чунин шахсияти баркамоли сиёсии Тоҷикистон Президенти мо, Пешвои миллати мо аст. Ин дастоварди миллӣ ифтихори мову Шумост, ки дар пайи ҳифзи ин неъмати бебаҳо моро зарур аст, муттаҳид, сарҷамъ, содиқ ба Ватан ва давлати хеш бошем. Эҳтироми хизматҳои арзандаи фарзандони фарзонаи ин сарзаминро пос дорем.

Як сухани тиллоии Сарвари давлатро ба ёд меорем, ки гуфта буданд:         

«Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудаанд, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад».

Хизмати дигари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат ин аст, ки бо фармони бевоситаи ў китоби муқаддаи мо мусулмонон Қуръон бо забони тоҷикӣ (хатти кирилӣ) тарҷума гардида, пешкаши мардуми мо карда шуд, ки савоби беназир мебошад.

Ҳамзамон, бо ибтикори Пешвои миллат соле қабл дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе масҷиди зебову бузурге, ки дар минтақа ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд, ки аз хидматҳои дигари ин фарзанди фарзонаи миллат шаҳодат медиҳад.    

Яъне Сарвари давлати мо бо таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳиро яке аз муҳимтарин роҳҳои расидан ба рушди воқеӣ медонанд.

Аз ин хотир, мо имрўз бояд ҷавобан ба ҳамаи заҳматҳои Пешвои миллат муносибати қадршиносона дошта бошем ва шукргузорӣ ин ҳама неъматҳо бошем. Зеро аз дидгоҳи шариати исломӣ ҳам инсони мўъмин бояд қадршиносу намакшинос бошад. Дар ҳадиси саҳеҳи Паёмбар (с) мехонем, ки мефармоянд: “Касе шукргузори мардум нест, Худоро шукр намегузорад”. Пас, шукргузории мо боз ҳам ҳамон дарки масъулияти шаҳрвандию имониамон дар роҳи ҳифзи сулҳу оромии Ватан ва сарҷамъӣ атрофи ғояҳои созандаи Сарвари давлатамон мебошад.

وقت الصلاة في طاجيكستان

04.12.2024

أكثر
الفجر05:49
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:10
العشاء18:40
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر