الصفحة الرئيسية المقالات ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ЗАМИНАИ ВОҚЕӢ БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ

ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ЗАМИНАИ ВОҚЕӢ БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ

ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ЗАМИНАИ ВОҚЕӢ БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ
2024-12-17
106

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

           Алҳамду лиллоҳ вас салоту вас салому ало Расулиллоҳ (с).

Халқи тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун як сарчашмаи поку беолоиши маънавӣ, рўҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони бузурги миллати мо дар ривоҷу густариш ва рушду нумўи дини Ислом ва арзишҳои исломӣ саҳми арзандае доранд. Дини мубини Ислом имрўз яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва мо ҳақ надорем, ки нақши офаранда ва инсонсози онро нодида гирем.

Дар дини мубини Ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият натанҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ мақоми хос дорад.

 Худованд дар ояти 70 Сураи Исро, мефармояд:

﴿وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُمْ مِنَ الطَّيِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى كَثِيرٍ مِمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِيلاً﴾.

«Ва дар воқеъ, ба фарзандони одам (навъи башар) каромат бахшидем…» (Сураи Исро, ояти 70)

Пайѓамбари Худо – Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ дар ҳадисе мефармоянд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон меписандед, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, муъмин нестед». Дар ин ҳадис Пайѓамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани дўстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд.

Инсон узви ҷамъият ҳисоб ёфта, ба бисёр чизҳо эҳтиёҷманд аст, ки онҳоро як кас ба даст оварда наметавонад ва ҳар фард ба ёрии фарди дигар муҳтоҷ аст.

 Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ўро барорад, Худованд мададгори ў мебошад».

Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кўшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад. Шахси мусулмон бояд ҳамчун шахси инсондўст ба дўстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро қатъи назар аз нажоду миллат ба ягонагию ваҳдат даъват намояд. Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он одобу ахлоқ, дўстӣ, баробарии умум байни мусулмонон ва ҳурмату эҳтиром байни қишрҳои ҷомеа пурра тантана дошта бошад.

Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ меҳвари асосии таълимоти дини мубини Ислом хусусан мазҳаби ҳанафӣ буда, Имоми Аъзам ҳатто далелҳои худро аз назари динҳои дигар асоснок мекунад. Масалан, ба назди ў бо шикоят омаданд, ки шахсе худро мусулмон мегўяд, аммо талаботи Исломро мисли намозу рўза ба ҷой намеорад. Имоми Аъзам дар ҷавоб бо далелҳо исбот карданд, ки имон ва амал аз ҳамдигар ҷудо буда, чунин шахс албатта мусалмон ҳисоб меёбад.

Мазҳаби ҳанафӣ дар асоси таълимоти Қуръон ва суннати набавӣ ташаккул ёфта, сарчашмаи асосии он Қуръон ва суннат аст. Ин мазҳаб дар масири таърих барои нигоҳдошти якпорчагӣ ва ҳувияти миллатҳои мусулмони ҷаҳон хизмати шоистаеро ба анҷом расондааст. Мазҳаби ҳанафӣ дар доираи мактаби хеш ҳазорон донишмандон ва мутафаккирони Исломро ба камол расонид, ки эҷодиёт ва иршодоти эшон боиси ифтихори ҷаҳони инсоният мебошад.

Бузургии мазҳаби ҳанафӣ дар он таҷассум меёбад, ки Имоми Аъзам қуръону ҳадисро сарчашмаи асл нигоҳ дошта, барои маънидоди васеи он роҳ кушод, маънибардорӣ аз аҳкоми шаръиро вобаста ба манфиати умум, шароити таърихӣ, манфиати ислом ва халқҳои тасхиршуда тарҳрезӣ намуд, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмиро асос ва воситаи ҳалли мушкилиҳо қабул намуда, субот ва низоми мардумро болотар аз ҳама арзишҳо гузошт, ҳуқуқи ақаллиятҳоро ба мисли ҳаққи мусулмонон дифоъ кард, занро бо мард ва зиммиро бо мусулмон дар соири муносибатҳои ҳуқуқи қазоӣ ба ҳадди баробарӣ бароварда, дар мурофиаи додгоҳӣ инсонро бидуни мансубияти динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ дар як сатҳ қарор дод.

Мазҳаби ҳанафӣ, ки сулҳу субот, амнияти ҷомеа ва рифоҳу осоиши мардум ҳамчун рукнҳои асосии он дониста шудаанд, дар тӯли таърих дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиёи Марказӣ, махсусан тоҷикон, нақши беназир дорад. Фатвои шаръии Имоми Аъзам доир ба истифодаи забони тоҷикии дарӣ ҳангоми гузоридани намоз ва ба ҷо овардани дуову фотиҳа, инчунин ба ин забон тарҷума ва тафсир кардани Қуръони карим мақому манзалати забони моро дар қаламрави хилофат хеле таҳким бахшид ва барои забони дуюми тамаддуни исломӣ шудани он роҳи васеъ кушод.

Дар мазҳаби Имоми Аъзам таҳаммулпазирӣ дар мадди аввал қарор дорад. Бароятон чанд мисол аз фиқҳи ҳанафӣ меорем, ки дар онҳо мақоми инсон аввалиндараҷа буда, саршори раҳму шафқат мебошанд:

- Дасти кўдаки ноболиѓ ва камбаѓал барои дуздӣ бурида намешавад - Назди имом Молик бурида мешавад;

-  Зану шавҳар агар моли якдигарро бидузданд, дасташон бурида намешавад - Назди имом Молик бурида мешавад;

- Агар писаре моли падарашро бидуздад, дасташ бурида намешавад - Назди имом Молик бурида мешавад;

- Агар касе моли хешовандонашро бидуздад, дасти ў бурида намешавад - Назди имомони дигар дасти ў бояд қатъ гардад;

- Чизҳое, ки зуд вайрон мешаванд, агар дуздида шавад, дасти дузд бурида намешавад - Назди имомони дигар дасти чунин дузд бояд бурида шавад;

- Се талоқро якҷоя додан ҳаром аст ва талоқдиҳанда гунаҳгор мешавад - Назди Имом Шофеӣ ва Имом Аҳмади ҳанбал аслан ҳеҷ ишколе надорад;

           Инчунин таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстии Имом Абӯҳанифа дар масири фатво яке аз сабабҳои густариши мазҳаби ӯ дар олами Ислом ба шумор меравад. Чунончи дар масъалаи куфри як инсон Имом Абӯҳанифа ҷониби эҳтиётро риоя карда, ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳад, ки ҳукми куфри ӯро баъд аз ислом содир кунад. Ҷиҳати дигари таҳаммулпазирии ин мазҳаб қабули масоили урфӣ ва истеҳсонӣ дар бахши фиқҳ мебошад, ки ҷаҳони Ислом аз он истифода мебарад.

ҳамин тариқ метавон мисолҳои зиёде овард, ки дар онҳо мазҳаби мо дар масъалаи таҳаммулпазирӣ бартарияти назаррас дорад. Аммо ҳоло ҳам шахсоне вуҷуд доранд, ки пайравӣ ба ин мазҳаби бузургро қабул надоранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки вақтҳои охир равияҳои тундрави диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Бешубҳа, ин фикри хом ва хато мебошад. Баръакс, гуфтугўи мазҳабҳо дар чорчўби тамаддуни умумиисломӣ, дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллатҳои исломӣ зарурати ҳаётӣ ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилии мазкур мебошад. Дини мубини Ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намуда, ба воситаи фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.

Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кўмаки якдигар бошанд. Одамон нисбат ба ҳамдигар мисли аъзои як хонавода мебошанд.

Дар ояти 13-и Сураи «ҳуҷурот» омадааст:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ...

«Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба ягдигар шиносо шавед!».

Инчунин дар дигар ояти 103-и сураи «Оли Имрон» мефармояд:

وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُوا...

«Ва шумо ҳама ба ресмони (дини) Худо чанг бизанед ва пароканда машавед». Сураи «Оли Имрон», ояти 103.

Пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аъзам моро вазифадор мекунад, ки фармудаҳои Худову Расулаш (с)-ро ба ҷону дил қабул намуда, анҷом додани онҳоро фарзу суннат донем, ҳамзамон қайд кардан ба маврид аст, ки пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ, яъне пайравӣ аз Қуръону суннат мебошад.

Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи Раббил оламин.

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.12.2024

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:18
المغرب17:16
العشاء18:46
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر