ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон
Алҳамду лиллоҳ вас салоту вас салому ало Расулиллоҳ (с).
Халқи тоҷик ба дини мубини Ислом ҳамчун як сарчашмаи поку беолоиши маънавӣ, рўҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони бузурги миллати мо дар ривоҷу густариш ва рушду нумўи дини мубини Ислом ва арзишҳои исломӣ саҳми арзандае доранд. Дини Ислом имрўз яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва мо ҳақ надорем, ки нақши офаранда ва инсонсози онро нодида гирем. Дар Ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият натанҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ мақоми хос дорад.
Худованд дар ояти 70 Сураи Исро, мефармояд:
وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ
«Ва дар воқеъ, ба фарзандони одам (навъи башар) каромат бахшидем…» (Сураи Исро, ояти 70)
Пайғамбари Худо – Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам низ дар ҳадисе мефармоянд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон меписандед, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, муъмин нестед». Дар ин ҳадис Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани дўстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд.Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ўро барорад, Худованд мададгори ў мебошад».
Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кўшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад. Шахси мусулмон бояд ҳамчун шахси инсонпарвар ба дўстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро қатъи назар аз нажоду миллат ба ягонагию ваҳдат даъват намояд. Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он дўстӣ ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад.Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ меҳвари асосии таълимоти Имоми Аъзам буда, Абўҳанифа ҳатто далелҳои худро аз назари динҳои дигар асоснок мекунад. Масалан, ба назди ў бо шикоят омаданд, ки шахсе худро мусулмон мегўяд, аммо талаботи Исломро мисли намозу рўза ба ҷой намеорад. Имоми Аъзам дар ҷавоб бо далелҳо исбот карданд, ки имон ва амал аз ҳамдигар ҷудо буда, чунин шахс албатта муъмин ҳисоб меёбад.
Мавқеи Ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ, инсондўстӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии Ислом, хусусан мазҳаби Абўҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи Ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.
Агар мо ба таълимоти дини мубини Ислом оид ба муносибат намудан бо пайравони дигар динҳо назар кунем, мебинем, ки Худованди бузург ва Пайғамбар - Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, эҳтиром ва риоя намудани пойдории инсондўстиро борҳо таъкид намудаанд.
Худованд дар ояти 46 сураи Анкабут, мефармояд:
وَلاَ تُجَادِلُوا أَهْلَ الْكِتَابِ إِلاَّ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ إِلاَّ الَّذِينَ ظَلَمُوا مِنْهُمْ
وَقُولُوا آمَنَّا بِالَّذِي أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَأُنْزِلَ إِلَيْكُمْ وَإِلَهُنَا وَإِلَهُكُمْ وَاحِدٌ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ
«Ва бо аҳли Китоб ҷуз ба он сурате, ки некў бошад муҷодала макунед, магар бо касоне аз онҳо, ки ситам кардаанд ва бигўед: «Ба он чи ба сўи мо фуруд оварда шуд ва ба он чи ба сўи шумо фурўд оварда шуд, имон овардем ва Худои мо ва Худои шумо Яке аст ва мо Ўро фармонбардорем» (Сураи Анкабут, ояти 46).
Аз тарафи дигар дини мубини Ислом ба пайравонаш иҷозат намедиҳад, ки «Олиҳа», яъне он чизҳоеро, ки пайравони дигар динҳо мепарастанд, дашном диҳанд, зеро ин дашному таҳқири онҳо сабаби беэҳтиромӣ ва ҳақорати Худованди барҳақ мегарданд.
Дар қуръони Карим омадааст:
و لاَ تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ فَيَسُبُّوا اللَّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ...
«Онҳоеро, ки мушрикон ба ҷуз Худо мепарастанд, дашном мадиҳед, зеро ки онҳо аз рўи зулм ба ғайри дониш Худоро дашном хоҳанд дод!» (Сураи Анъом, ояти 108).
Дини мубини Ислом тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон- мусулмон ва ғайри мусулмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз пойбандии ҳавову ҳавас амр менамояд.
Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷў, ришва махўр,
К- аз дўст бароиву ба душман бирасӣ.
(Абўалӣ ибни Сино)
Дини мубини Ислом нисбат ба фарҳанги миллатҳои ғайриисломӣ бар асли таҳаммулпазирии фарҳангӣ асос ёфтааст. Бузургии мазҳаби ҳанафӣ дар он таҷассум меёбад, ки Имоми Аъзам қуръону ҳадисро сарчашмаи асл нигоҳ дошта, барои маънидоди васеи он роҳ кушод, маънибардорӣ аз аҳкоми шаръиро вобаста ба манфиати умум, шароити таърихӣ, манфиати ислом ва халқҳои тасхиршуда тарҳрезӣ намуд, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмиро асос ва воситаи ҳалли мушкилиҳо қабул намуда, субот ва низоми мардумро болотар аз ҳама арзишҳо гузошт, ҳуқуқи ақаллиятҳоро ба мисли ҳаққи мусулмонон дифоъ кард, занро бо мард ва зиммиро бо мусулмон дар соири муносибатҳои ҳуқуқи қазоӣ ба ҳадди баробарӣ бароварда, дар мурофиаи додгоҳӣ инсонро бидуни мансубияти динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ дар як сатҳ қарор дод. Дар мазҳаби Имоми Аъзам таҳаммулпазирӣ дар мадди аввал қарор дорад. Метавон мисолҳои зиёде овард, ки дар онҳо мазҳаби мо дар масъалаи таҳаммулпазирӣ бартарияти назаррас дорад. Дини Ислом моҳияти умумиинсонӣ дошта, таърихан заминаҳои мусоиди омезиши арзишҳои фарҳангии байналмилалиро муҳайё намуда, ба воситаи фарҳангҳои қабилаву қавмҳо ва халқу миллатҳои гуногун барои худ роҳ кушода, дар ҳаёти амалии онҳо нақш ва мавқеи махсус пайдо намудааст.
Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кўмаки якдигар бошанд. Одамон нисбат ба ҳамдигар мисли аъзои як хонавода мебошанд.
Дар ояти 103-и сураи «Оли Имрон» Худованд мефармояд:
وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلاَ تَفَرَّقُوا...
«Ва шумо ҳама ба ресмони (дини) Худо чанг бизанед ва пароканда машавед». Сураи «Оли Имрон», ояти 103.
Пайравӣ аз мазҳаби Имоми Аъзам моро вазифадор мекунад, ки фармудаҳои Худову Расулаш (с)-ро ба ҷону дил қабул намуда, анҷом додани онҳоро фарзу суннат донем. Яке аз чунин масъулияти муъминон ҳарис будан дар ҳимояи марзу буми Ватан аст. Аз ин рў, ҳамаи мусулмононро лозим аст, ки фарзандонро бо ҳисси баланди ватандўстӣ тарбия намоянд.
Маҳз ваҳдати миллӣ ва оромиву амнияти давлатӣ имкон медиҳад, ки ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои гуногуни умумиҷаҳонӣ буда, давлати мо ҳамчун таҷассумгари сулҳу ваҳдат муаррифӣ гардад.
Аз ин рў, моро зарур аст, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, дастуру ҳидоятҳои ўро ба ҷону дил қабул намоем ва дар татбиқи стратегияи давлатӣ саҳмгузор бошем. Зеро бо изни Паровардигор ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар тавонист халқи тоҷикро муттаҳид намуда, моро ба қуллаи мурод расонад.
Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи Раббил оламин.
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
أكثرخطاب رئيس المركز الإسلامي
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
أكثر


