ҲНИТ. ТААССУБ ВА ВОҚЕОТИ ХУНИН

Маълум аст, ки бардхурҳои сиёсию муосир рӯз ба рӯз вазъи мамлакатҳои Ховари Миёнаро нооромтар сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣба вуҷуд овардааст.
Ин гуна шароит аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозоменамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина неруманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Воқеаҳои даҳшатбори кишварҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Яман, Тунис, Лубнон ва амсоли инҳо баёнгари онанд, ки қудратҳои бузург бо истифода аз неруҳои ифротгаро ва тундрави динӣ-мазҳабӣ дар манотиқи мавриди назар ҷангу низоъҳоро роҳандозӣ намуда, бад-ин васила бенизомии иҷтимоӣ ва фарҳангиро ҳукмфармо месозанд. Созмону гурӯҳҳои алоҳида дар қолаби интишор додани хурофоту таассуби динӣ дар бофтҳои иҷтимоӣ ва дар ин замина ба амалӣ сохтани террорҳои динӣ ба манофеи сиёсӣ ва иқтисодӣ даст меёбанд.
Ақли солим хуб медонад, ки дар ҷомеа ҳар қадар таассубу хурофоти динӣ афзун гардад, ҳамон қадар неруҳои фарҳангӣ заиф мешаванд ва нофаҳмию ихтилофоти динӣ-мазҳабӣ миёни мардум роиҷ мегардад. Дар сохтани фазои хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки батадриҷ дар ҷомеаи мо реша давонда, қариб буд, боиси нобасомониҳою даргириҳои хунин гардад, нақши собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бармало буд. ТЭТ ҲНИТ ва роҳбарияти сиёсии он тайи даҳ-понздаҳ соли ахир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гила ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардид. Баъзе расонаҳои ватанию хориҷӣ чандин сол роҳбарияти ҲНИТ ва рӯҳониёни саршиноси ба он марбутро васф карда, ҳалли мушкилот ва раҳоӣ аз онҳоро дар низоми динӣ-исломӣ қаламдод карданд. Ин бозии расонаҳо роҳбарият ва ихлосмандони ҲНИТ-ро рӯҳбаланд карда, минбарро барои мавъизаҳою риёкориҳои наҳзатӣ фароҳам сохт. Вақт нишон дод, ки ҲНИТ дар даҳсолаи наздик сабабгори хурофотӣ ва мутаассиб шудани қисмати зиёди мардум гардида, қасдан шароити мусоиди таълимӣ-ибодиро, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон додааст, нодида гирифта, ҷиҳати ба шӯр овардани мардум ва аз тариқи исёни мусаллаҳона ғасб намудани қудрати сиёсӣ саъю талош кардааст. Ин нодидагирӣ, бетаваҷҷуҳӣ, бетафовутӣ ва муҳимтар аз ҳама, ихтилофангезию иттиҳомзанӣ ба кори рӯзмарраи маъмурияти ҳизб табдил ёфта, то имрӯз дар хориҷ аз кишвар (албатта, бо сарпарастии хоҷагони беруна) ҳамчунон идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ҲНИТ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард. Дар доираи озодиҳои қавонини сохти сиёсии дунявӣ амал кардан барои ҲНИТ камӣ кард, даъвои бузургманишӣ ва султагирӣ пеш оварда, тарҳи табаддулоти сиёсиро моҳи сентябри соли 2015 роҳандозӣ намуд.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИТ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз мусибати басаромада ранҷ мебарад.
Маҳз табақабандии иҷбории мардуми шаҳру навоҳии кишвар ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ-мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни ақаллиятҳои этникӣ ва мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва Ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст.
Бозичаи дасти бозингарони бузурги минтақавӣ будани элитаи сиёсии ҳизб ва рӯҳониёни саршиноси ба наҳзат вафодори ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Имкониятҳои молиявии ҳизб, чи дар ибтидои солҳои навадум ва чи то соли 2015, аз ҳисоби маблағҳои «хоҷагони беруна» афзун гашта, ҳатто имрӯз ҳам ошкору пинҳон ба мухлисони он ёрии маънавию молиявӣ расонда мешавад. Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ҲНИТ, чи дар гузашта ва чи имрӯз, инро мехостанду мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолат, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 «самар» дод ва ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ табдил ёфта буд ва бо фармоиши як муллои чаласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гардад. Қатлу кушторе, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, бо «ибтикори» ТЭТ ҲНИТ ва назарияпардозони он сурат гирифта буд, дар ҷабини миллат ҳамчун доғ боқӣ хоҳад монд. Далелҳои муътамаде, ки дар бойгонии миллат қарор доранд, бозгӯкунандаи онанд, ки ҲНИТ ҳеҷ гоҳ барои иттиҳоди мардумӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди миллӣ талош накардааст ва намекунад. Эътиқоди мардумро ҳамчун объекти расидан ба ҳадафи ниҳоӣ қарор додан хашинтарин шакли муборизаи сиёсӣ буд, ки наҳзатиҳо дар гузашта ва то соли 2015 аз он истифода карданд.
Ҳамин тариқ, роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар симои Кабирӣ ва як идда мухлисонаш дар хориҷ аз кишвар доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоҳу ноогоҳи ҷумҳурӣ, ки дар фазои амну суботи сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, тухми кинаву адоват ва туғёну исёнро мекоранд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехӯрад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад.
Нодир Зиё
Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر