الصفحة الرئيسية المقالات Бадхоҳи касон ба мақсад нахоҳад расид

Бадхоҳи касон ба мақсад нахоҳад расид

Бадхоҳи касон ба мақсад нахоҳад расид
2017-12-29
3586

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони муосир баъзе ҷараён ё равияе, ки арзи ҳастӣ  мекунад, муғризона буда, ба нафъи арзу буми ягон кишвар нахоҳад буд. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки чӣ зарурат дорад, ки чунин ҷараён ва равияҳо ба вуҷуд меоянд? Сабабаш ин аст, ки баъзе ашхоси содалавҳу беандеша ё хоин баъди гирифтани маблағҳои муфт мехоҳанд андешаҳои бегонаро дар зеҳни мардум ҷой кунанд. Ташвиқ кардани як равияи бегона дар байни мардум, хусусан пайравони мазҳаби поки ҳанафӣ аз тарафи чунин ашхос камоли носипосӣ аст. Ба таври мисол қиёмиддини ғозӣ, ки ҳамчун  «генерали мардумӣ» барои ҳамагон маълум аст, аз хоҷагони хориҷияш маблағҳо ба даст оварда, мехост мардумро, ки аз мақсадҳои палиди ӯ ва хоҷагонаш огоҳӣ надоштанд, ба ваъдаҳо ва суханҳои дурӯғини худ бовар кунонад ва онҳоро аз мазҳаби аҷдодияшон бегона карда, кишвари азизамонро ноором созад.

Баромадҳои қиёмиддини ғозӣ ва ҳаммаслаконаш дар гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум дар тамоми наворҳо вуҷуд дорад, зеро қиёмиддин яке аз мубаллиғони ашаддии ҳНИТ – ҳизби террористии мамнуъшуда дар кишвар буд. Дар натиҷа аз ҷониби ин мубаллиғони дохилӣ ва хориҷӣ ҷанги шаҳрвандӣ рух дод ва чӣ паёмадҳое ба сари мардуми кишвар омад, ки чун офтоб барои ҳамагон равшан аст.

Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ мерасанд. Мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. ҳеҷ кас ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорам дигар иншоаллоҳ моро наметавон фиреб дод.

Имрӯз низ чунин гурӯҳҳои алоҳидаи ғаразнок ва манфиатхоҳ дар мисоли қиёмиддини ғозӣ Саиюнуси Истаравшанӣ мехоҳанд, ба шуури динию мазҳабии мардум, бахусус ҷавонони мо таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро коранд. Бинобар ин, вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр ва оқил дар он аст, ки ба хотири ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолияти миллӣ, амнияти саросарии кишвар ва солим нигоҳ доштани дину мазҳаб бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои нави зараровар мубориза барад.

 

Абдулвоҳид ҳомидов

мутахассиси Раёсати фаво,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи

«ҳазрати Усмон»-и н. Рӯдакӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

21.05.2025

أكثر
الفجر03:30
الظهر12:40
العصر17:49
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر