ЧЕҲРАИ АСЛИИ ИСЛОМРО МУАРРИФӢ КУНЕМ

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.
Сухан бузургтарин муъҷизаест, ки инсон тавассути он тамоми афкору омоли худро ба дигарон мерасонад ва дар навбати худ ба маълумоти хеш маълумотҳои нав меафзояд. Дар фазилати сухан донишмандони ҳама асру замон суханҳои арзандае гуфтаанд, аммо ёдовар шудани ҳамин нуқта дар фазилати сухан кофист, ки Худованди бузург Қуръони rаримро, ки муъҷизаи беназири ҳама асрҳост, дар либоси сухан нозил кардааст...
Фарзанди барӯманди миллати тоҷик, Асосгузори сулњу вањдати миллӣ, Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Рањмон ҳамасола дар оғози сол бо суханони созанда ва рӯҳбаландкунандаи хеш миллати худро рӯҳи тоза мебахшад. Паёми навбатии Пешвои миллат, ки дар таърихи 22.12.2017 ба тамоми мардуми Тоҷикистон пешкаш гардид, ҳар як ҷумлаи он дарбаргирандаи чандин панду андарзҳоест, ки бояд ҳар як фарди ҷомеа онро сармашқи зиндагии худ қарор диҳад, то тавонад дар зиндагии солонаи худ ба комёбиҳои рӯзафзуне ноил гардад. Оғози паём бо ҳушдор додан аз хатарҳои бузурге, ки дар олам зуҳур намудаанд ва ҷомеаи башариро таҳдид мекунанд, шуруъ шуд: “Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷањонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид”. Ин суханон моро ҳушдор медиҳанд, ки ҳар чӣ бештар ҳушёр ва бедор бошему аз ҳар гуна ихтилоф дурӣ биҷӯем, то ин вабоҳои аср ба сарзамини зебои мо зуҳур накунанд. Дар Қуръони карим Худованд ихтилофи байни мусулмонон фитнаоварандаро “куфр” хондааст, ки мегӯяд: “Ва чи гуна аз байни шумо куфр (ихтилоф) сар мезанад, ҳол он ки оятҳои Худованд бароятон тиловат мешаванд” (“Оли Имрон”, 101).
Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар натиҷаи ин зуҳуроти номатлуб “дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаи ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт”. Ин гуфтаҳо тамоми мардуми кишварамонро водор ба он менамоянд, ки дини муқаддаси исломро аз сарчашмаҳои аслии он бишиносанд, то фирефтаи ҳар гуна суханон ва шиороте, ки намуди зоҳирии динӣ доранд, нагарданд. Ва тамоми ходимони динро зарур аст, ки барои фаҳмонидани чеҳраи аслии дини мубини ислом саъйи худро дареғ надоранд ва тамоми имкониятҳое, ки дар хидмати онҳо гузошта шудааст, дуруст ва бо камоли масъулият истифода баранд.
Пайғомбар (с) дар ҳадисе фармудаанд, ки: “Касе аз шумо дар зиндагияш амният дошта бошад, тандуруст бошад, хурду хӯроки рӯзмарраашро дошта бошад, гӯё ки он шахс тамоми дунёро дорост”.
Баъд аз тамошои Паёми Пешвои миллат ва тааммули ояи қуръонии фавқуззикр метавон бо муроҷиат ба ҳамватанони азиз гуфт, ки эй шаҳрванди Тоҷикистон! Фикр кун, то неъматҳои ба ту додашударо бишносӣ, баъд аз шинохтан шукри ононро ба ҷой биёр ва бо роҳи сарфаю сариштакорӣ онҳоро ба насли оянда бирасон.
Искандаршо Умаров,
имомхатиби масҷиди ҷомеи “Сари Осиё”-и н. Исмоили Сомонӣ
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر