الصفحة الرئيسية المقالات БА ОСИЁБИ ДУШМАН ОБ РЕХТАН НЕКНОМӢ НАМЕОРАД

БА ОСИЁБИ ДУШМАН ОБ РЕХТАН НЕКНОМӢ НАМЕОРАД

БА ОСИЁБИ ДУШМАН ОБ РЕХТАН НЕКНОМӢ НАМЕОРАД
2018-01-04
3457

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа барномарезӣ ва муайян гардид. 

Аммо набояд фаромӯш кард, ки умури ободонӣ ва созандагӣ танҳо дар муҳити амну субот ва осоишта имкони амалӣ шудан доранд. Чӣ тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар ин бобат таъкид доштанд, “амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад”.

Сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки балоҳо ва паёмадҳои ҷанги шаҳрвандиро бо чашми сар дидаанд, албатта, ин нуктаи Паёми Сарвари хирадмандашонро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор медиҳанд. Зеро ҳамагон огоҳанд, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои навадум Тоҷикистонро аз лиҳози иқтисодӣ бисёр заиф карда, тамоми инфрасохторҳои муҳими кишварро ба нобудӣ кашид. Ва маҳз бо сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо муваффақ гардидем, ки тадриҷан онҳоро барқарор намоем. 

Имсол аз таърихи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бист сол сипарӣ гардид, аммо давоми ин давраи кӯтоҳи таърихӣ мо дар тамоми бахшҳо ба чунон дастовардҳое ноил гардидем, ки аксар кишварҳоро ҳайратзада кард.

Борҳо собит шудааст, ки сиёсати рӯи даст гирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон як сиёсати дурбинона ва созанда аст.  Ҳамасола шумори кишварҳои дӯсти Тоҷикистон меафзояд ва нуфузи ҷумҳурии маҳбуби мо дар арсаи байналмиллалӣ боло меравад.

Аммо бархе аз бадхоҳон ва душманони миллат (бадбахтона худи ҳаммиллатони гумроҳшудаи мо) дидаву дониста мехоҳанд ба раванди тараққиёт ва рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон латма ворид кунанд  ва бо ин мақсад ахбороти бардурӯғ ва иғвоангезро миёни мардум паҳн мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замонҳо ин гуна “каждумҳои зери бурё” буданд, аммо асри технология ва иттилоот имрӯз кори ин зумраро осон кардааст. Онҳо бе ягон андеша аз оянда, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳар сухани ба зеҳнашон расида, ё худ хоҷагонашон фармударо паҳн карда, ба ин васила мехоҳанд  амну суботи ҷомеаи моро халалдор созанд. Бехабар аз он, ки “Ҳазорон корвон рафтанд дав-дав, Ҳанӯз ҳам ин сагон доранд ав-ав”.

Бояд онҳо дарк кунанд, ки ба осиёби душман об рехтан некномӣ намеорад. Талош барои халалдор кардани амнияти кишвар, барои сарвати ночизе худу миллати худро фурӯхтан ва бадхоҳӣ ба бародару хоҳарони ҳамватани худ кори инсонии дурандеш ва соҳибхирад нест. Балки беномусон ва гумроҳон ин роҳро интихоб мекунанд ва маънии зиндагияшонро дар дурӯза кайфу сафо мебинанд.

Пешвои мллат дар Паёми худ хитоб ба мардуми сарбаланди тоҷик карданд, ки

“ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад. Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд.

Яъне имрӯз замоне фаро расидааст, ки мо бояд бори дигар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро пеши назар биёварем ва ба фарзандонамон  фарҳанги сулҳро талқин кунем. Ба онҳо бигӯем, ки терроризму ифротгароӣ барои миллати мо танҳо бадбахтӣ меорад. Ва агар мо рушду пешрафт мехоҳем, агар мо кишвари азизамонро дар қатори давлаҳои мутараққӣ дидан мехоҳем, пас талош кунем, ки касе натавонад амнияту суобт ва ваҳдати сартосарӣ дар Тоҷикистонро халалдор созад.  

Зеро ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат, ки фармуданд: “Амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад”.

Маъруф Шонасурдинов,

мудири бахши таҳсилоти динии Кумита

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.05.2025

أكثر
الفجر03:30
الظهر12:40
العصر17:48
المغرب19:46
العشاء21:16
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

أكثر