МИЛЛАТИ ТОҶИК БА ТАФРИҚААНДОЗИИ ДАСИСАБОЗОН ИМКОН НАХОҲАД ДОД

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2017 дар Кохи Сомон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст.
Воқеан, мо дар чанд соли охир истифодаи меъёрҳои дугона нисбати террористонро аз ҷониби баъзе аз кишварҳои ба ном “дӯст” ва “демократӣ” баръало мушоҳида мекунем.
Масалан, баъзе кишварҳо ба таври пинҳону окшоро дар қаламрави худ барои аъзои гурезаи Ташкилоти террористӣ ва ифротии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шароити будубош ва фаъолиятро фароҳам овардаанд, ки ин бешубҳа, ба навъи худ дастгирии терроризм аст.
Ҳақиқати рӯшаншуда аст, ки ТЭТ ҲНИТ як созмони террористӣ буда, пас аз хондани навиштаҳои шоҳидони бедодгариҳои ин гурӯҳ, хулоса баровардан мумкин аст, ваҳшонияти наҳзатиҳо чандин баробар даҳшатангезтар аз аъмоли террористии ДИИШ мебошад.
Ин ҳизб дар кишвари мо дигар тарафдоре надорад ва аз ин рӯ мехоҳад домани хоҷагони хориҷияшро бо чормағзи пуч пур кунад. Бовари комил дорам, ки дигар ягон тоҷики соҳибақл ба суханони иғвоангезонаи аъзои ТЭТ ҲНИТ бовар нахоҳад кард ва фирефтаи дасисаҳои эшон нахоҳад шуд. Зеро ҷомеаи Тоҷикистон дигар он ҷомеаи пешин нест. Оатши ҷанги бародаркуши солҳои 90-уми асри гузашта мардуми моро дигар пухта кардааст ва дигар миллати тоҷик барои тафриқаандозии дасисабозон имкон нахоҳад дод!
Ҳамчунин, ТЭТ ҲНИТ такягоҳи сиёсие надорад ва бояд ҳомиёнаш дарк кунанд, ки ҳаргиз наметавонад ба нерӯи ҷиддӣ ва ояндадор табдил ёбад.
Дастгирӣ ва ё тарафдорӣ аз ин ҳизби террористӣ об дар ҳован кӯфтан ва як кори беҳуда аст. ТЭТ ҲНИТ ба амният ва суботи кишвари мо таъсире гузошта наметавонад ва баръакс, оқибат дарди сари худи ҳомиёнаш мешавад. Зеро тоҷикон тору пуди ин ташкилоти террористиро аллакай шинохтаанд.
Пешвои миллат дар Паёми худ бори дигар ба мо ҳушдор медиҳанд, ки “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Бовар дорам, ки ин ҳушдори Сарвари хирадманду ғамхор ва Пешвои муаззами миллатро мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша дар хотир нигоҳ хоҳад дошт.
Муҳаммадрасул Муродалӣ Тағоймурод,
сармутахассиси Кумита
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر