ҲНИТ ВА ИХВОНУ-Л-МУСЛИМИН - ЯК ТАШКИЛОТИ ИФРОТӢ БО ДУ НОМИ ИСЛОМӢ

Давоми соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар заминаи дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти Олии кишвар сохтори давлатдориамон ба низоми муайян ворид гардида, дар тамоми соҳаҳо зина ба зина бо мурури вақт пешравиҳо ба вуқуъ мепайванданд. Ҳарчанд дар ин марҳилаи рушди давлатдориамон дину мазҳаби аслиамон сайқал ёфт, аммо баъзе аз нотавонбинон ин ҳама дастовардҳоро нодида мегиранд.
Мушкилоте, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин зиёд гардидани амалҳои террористӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои тундгаро дар минтақаҳои гуногун мебошад. Ба ҷомеаи Тоҷикистон ҳам чунин хатарҳо мушоҳида мешаванд, ки ин ҳама дар заминаи барномаҳои пешбинишудаи ҳизби мамнуъшудаи ҲНИТ сурат мегирад. Аз бештари маводи интишоршуда дар ВАО маълум гардид, ки сабабгори асосии ҷанги таҳмилӣ дар кишвар, маҳз чунин аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистӣ будаанд. Ҳоло кирдорҳои ноҷавонмардонаи чунин ашхос ба пуррагӣ исбот шудааст.
Коршиносон ва аҳли зиёи кишвар барои баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон бо истифода аз имконоти ВАО дар ин самт суҳбату вохӯриҳо намуда истодаанд. Исломиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мақолаи худ «Ҳақиқат дар бораи наҳзатиҳо» ҲНИТ як шохаи «Ихвон-ул-муслимин» аст ва аз терроризми ақидавӣ ва амали кор мегирад» навиштааст: «Яке аз равияҳои куҳнатарини исломи сиёсӣ, ки соли 1928 аз тарафи Ҳасан-ал-Банно, олим ва муаллими мактаб дар шаҳри Исмоилияи Миср таъсис ёфт, ҳаракати панисломии «Ихвон-ул-муслимин» ё «Бародарони мусулмон» ба ҳисоб меравад. Тибқи принсипҳои «Ихвон-ул-муслимин», ҳадафи якуми онҳо аз он иборат аст, ки бояд шариат танзими асосии умури иҷтимоию давлатиро дар дасти худ дошта бошад. Ҳадафи дуюми онҳо муттаҳид кардани кишварҳои исломӣ ва ба вуҷуд овардани хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст. Дар ин ҳадафи ниҳоӣ ва фундаменталӣ байни ҷараёнҳои гуногуни исломи сиёсӣ, аз ҷумла: ваҳҳобия, ал-қоида, салафия, ҳизби таҳрир, ДИИШ фарқияти принсипиалӣ вуҷуд надорад.
ҲНИТ барои расидан ба ҳадафҳои хеш дар зоҳир оромона ва мисли ихвониҳо кӯшиш менамоянд, ки чунин боварро дар зеҳни авом ба вуҷуд оваранд, ки гӯё ягона пушту паноҳи ислом ва мусалмон онҳоянд ва бояд мусалмонон ба онҳо дар ҳама маврид такя намоянд. Чунин найранг дар зеҳни мардум метавонад ҳолатеро ба вуҷуд оварад, ки ихвониён ба хотири манфиатҳои онҳо фаъолият мекунанд. ҲНИТ баъди расидан ба оштии миллӣ тайи солҳои 1997-2015 аз ин шеваҳои ихвонӣ кор гирифта, сараввал сарони ин ҳизб марказҳои тиҷоратии мухталиф таъсис доданд ва шаклҳои гуногуни тиҷоратро, аз ҷумла бо роҳи ҷамъоварии эҳсону хайрия ба роҳ монданд, баъдан бо роҳи худнамоӣ ва таҳти таъсир гирифтани фазои иттилоотӣ корҳои оддитарини хешро мавриди таблиғ қарор доданд. Айни ҳол дар хориҷ аз Тоҷикистон ҲНИТ ҳизби мамнӯъи террористӣ эълон шуда, аз ҳисоби ячейкаҳои дигари ихвонӣ таблиғоти густурдаро алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд зеҳнҳоро мағшуш намояд»
Бо гузашти вақт симои аслии ҲНИТ барои натанҳо аҳли ҷомеа, балки барои худи аъзоёни он маълум шуд. Аъзоёни ин ҳизб тавонистанд чеҳраи аслии ин ҳизбро шиносанд ва худро аз халқаи доми фиреби роҳбарони ин ҳизб раҳониданд. Муҳаммадиқболи Бохтарӣ хатмкардаи Донишкадаи Исломии Тоҷикистон, узви ҳизби мамнуъшудаи ҲНИТ то соли 2013, дар мақолаи худ «Чаро роҳбарони ҲНИТ мазҳаби ҳанафиро фурӯхта мазҳаби бегонаро қабул карданд? бо далелҳо исбот намудааст, ки роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизб ба ҷои қуръону суннат китобҳои мазҳаби шиаро мехонданд ва ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарзандони худ номҳои пешвоёни шиа аз ҷумла Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Ҳумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳҳарӣ, Руҳуллоҳ, Ҳусайнӣ, Боҳунарро мегузоштанд. Мақсади асосии роҳбарону аъзоёни ҲНИТ халалдор намудани субботи кишвар буда, дар ҷомеа ихтилоф ба вуҷуд овардан аст. Имрӯз саркардагони ин равияи тундгаро кӯшиш намуда истодаанд, ки ба зеҳни ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонанд, аммо халқи тоҷик дигар ба фиребу найранги онҳо бовар накарда, дар пайи ободкориҳо ҳастанд.
Бояд кайд кард, ки “8 июли соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи кумитаи котибони Шўроҳои амнияти давлатҳои узви созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъи таҳти раёсати ҷониби Арманистон баргузор гардид. Дар ин ҷаласа ҲНИТ ба монанди Ал-қоида, ДИИШ, Ихвон-ул-муслимин, Ансоруллоҳ ҳамчун ташкилоти эктремистӣ террористӣ таҳти рақами №65 эълон шуд.
Тибқи маъхазҳои шаръӣ Ислом динест, ки ба ҳизб эҳтиёҷ надорад ва тавре Худованд дар Қуръони карим мефармояд, “Имрӯз дини шуморо комил гардонидам”. Пас суоле ба миён меояд, ки чунин аҳзоби ба ном исломӣ чӣ хзматеро барои дин анҷом хоҳанд дод?
Бояд донист, ки бо ин ҳама зери ниқоби ислом намояндагони ҲНИТ ҳадафҳои худро пиёда кардан мехостанд, вале тири мақсадашон хок хурд...”. Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозон барои ҳифзи якпорчагии сарзамин аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, намегузаранд, ки нохалафе ва ё гурӯҳҳои тундгаро ба амнияти кишвар халал ворид намоянд.
Бояд волидон, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар боло рафтани ҳисси худшиносии насли наврас, хоса ҷавонон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд. Мо мебояд дар якҷоягӣ ҳамаи амалкардҳои ҲНИТ-ро маҳкум намуда, бо омода кардани барномаҳои хеш сатҳи огаҳии мардумро боло барем ва дар якҷоягӣ сулҳро ҳифз намоем.
Бо назардошти ин мушкилоти ҷомеа ва бо мақсади боло бардоштани сатҳи маънавиёти мардуми вилоят, ки ин ҳама ташаббусҳои созанда аз рӯҳияи ватанпарварӣ ва худшиносию худошиносиамон сарчашма мегирад, мо ходимони дини вилояти Хатлон азм дорем, пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро сайқал диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба маҷлиси Олӣ ба тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи ғамхорона зоҳир намуда, баҳри пешрафти кор дастуру супоришҳои судманд доданд. Мо ходимони дини вилояти Хатлон дар баробари иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, тасмим дорем ҷиҳати ҷалби мардум ба омӯзиши касбу ҳунар ва корҳои ободонӣ таъсир расонем. Бад-ин васила умедворам соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби сокинони вилоят хуш пазируфта шуда, чорабиниҳои мақсаднок давоми сол роҳандозӣ мегардад. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки мо мардуми хушбахти даврони худ буда, аз ташаббусҳои Пешвои муаззами хеш ифтихор дорем ва орзуманду дуогӯи он ҳастем, ки ҳамеша фазои сулҳу субот дар партави сиёсати башардӯстонаи Президенти мамлакатамон побарҷо буда, Тоҷикистон дар радифи кишварҳои мутараққӣ қарор гирад.
Усмоналӣ Нуров,
сархатиби шаҳри Қӯрғонтеппа
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر