Адл зербинои давлатдорист

Ба номи он, ки ҷонро офаридаст,
Ду чашму дидагонро офаридаст.
Барои гуфтани гуфтори ширин,
Лабу кому забонро офаридаст.
Ҳар сол мардуми шарафманди Тоҷикистон Паёми дурвори Президенти кишварамонро бесаброна мунтазир мешаванд. Хушбахтона, охири соли гузашта Паёми навбатии Пешвои миллатамонро барои пешрафту тараққиёти ояндаи кишварамон гӯш кардем.
Президенти кишвар дар Паёми худ аз ҳама зиёд ба тинҷию оромии кишвар, ҳифзи давлату миллат аз хатарҳои сиёсӣ ва мубориза бо тундгароии мазҳабӣ таъкид карданд. Дар ҳақиқат, ин таъкиди Пешвои миллат бисёр амри муҳим аст, чунки тинҷию амонӣ ва амният асоситарин сарчашмаи ҳама ободиҳо ва пешрафтҳо мебошад. Дар ин бора ҳадисе аз Паёмбари гиромӣ омадааст, ки фармудаанд:
نِعْمَتَانِ مَغْبُونٌ فِيهِمَا كَثِيرٌ مِنَ النَّاسِ الصِّحَّةُ وَالْفَرَاغُ
Яъне саломатӣ ва осоишу амният ду неъмати бузург ҳастанд, ки бештарини мардум қадри онро намедонанд ва шукри онро намекунанд. Пас бояд қадри ин ду неъматро, бидонем ва ҳамеша шукри онҳоро ба ҷо биоварем.
Бузургтарин неъмати Худованд бар бандагон зиндагӣ кардан дар Ватани амну амон мебошад. Дар қуръони карим дар сураи «Наҳл» чунин омадааст:
وَضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللَّهِ فَأَذَاقَهَا اللَّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُوا يَصْنَعُونَ
«Ва Худо достони деҳеро баён кард, ки эмину орамида буд, рӯзии он ба кушодагӣ аз ҳар ҷое ба ӯ меомад; пас ба неъматҳои Худо носипосӣ кард. Пас, Худо ба сабаби он чи мекарданд, гуруснагию тарси фарогирро ба онҳо чашонид». Сураи «Наҳл», ояти 112.
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Расули акрам (с) дар бораи тинҷию оромӣ ҳадисе фармудаанд:
مَنْ أصْبَحَ مِنْكُمْ آمِناً في سربِهِ ، مُعَافَىً في جَسَدِهِ ، عِنْدَهُ قُوتُ يَوْمِهِ ، فَكَأنَّمَا حِيزَتْ لَهُ الدُّنْيَا بِحَذَافِيرِهَا
ҳар касе аз шумо дар ҳоли амну амон ва бо тани дуруст субҳ бархезад, дар ҳоле ки таоми ҳамон рӯзро дошта бошад, гӯё ки беҳтарин хушиҳои дунё насиби ӯ гаштааст. (Ривояти Тирмизӣ).
Албатта, дар сурати тинҷию оромӣ ва амнияти ватанамон мо метавонем ҳам барои зиндагии дунявиамон амал намоем ва ҳам амалҳои диниамонро бо хотири ҷамъ ба ҷо биёрем. Мавлонои Балхӣ дар Маснавӣ мефармояд:
Рӯи ношуста набинад рӯи ҳур,
Ло салота гуфт, илло бил-ҳузур.
Ин насиҳат кард моро Мустафо,
Баҳс кам ҷӯед дар зоти Худо.
Пешвои миллат дар Паёми худ доир ба масъалаи терроризм ва экстремизм чунин изҳори нигаронӣ карда, иброз доштанд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст».
Албатта, терроризм ва экстремизм ҳеҷ рабте ба сарчашмаҳои дини мубини Ислом надорад. Парвардигор дар каломи худ фармудааст:
ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ
«Мардумро ба сӯи Парвардигорат бо дониш ва панди нек даъват кун». (Сураи «Наҳл», 125)
Дар ояти дигар фармудааст:
اذْهَبَا إِلَىٰ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغَىٰ فَقُولَا لَهُ قَوْلًا لَّيِّنًا لَّعَلَّهُ يَتَذَكَّرُ أَوْ يَخْشَىٰ
«Ба сӯи Фиръавн биравед, ҳамоно вай аз ҳад гузаштааст. Пас, бо вай сухани нарм бигӯед, бувад ки пандпазир шавад, ё битарсад». (Сураи «Тоҳо», 43-44).
Ин аст таълимоти илоҳӣ, ки ба ҳазрати Муҳаммад (с) фиристодааст ва он бо панду насиҳат ва равиши нарм фаро хондани мардум аст, на бо роҳи тафриқаандозӣ, куштор ва хушунат.
Расулуллоҳ (с) низ фармудаанд:
إنَّ اللهَ رفيقٌ يُحِبُّ الرِّفْقَ فِي الأَمْرِ كُلِّه
Худованд дар тамоми умур рифқ ва нармиро дӯст медорад.
Бухорӣ аз Усома ибни Зайд (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) моро ба мавзеъе, ки ҳурақа ном дошт, фиристод. Ман ва як ансорӣ, вақте ки онҳо шикаст хӯрданд, онҳоро таъқиб карда рафтем, ногоҳ як нафари онҳо гуфт: «Ло илоҳа иллалоҳ». Ансорӣ аз шамшер задан ба ӯ даст боздошт, аммо ман ӯро ба нӯги найза ба ҳалокат расонидам. Вақте ки баргаштем, ин мавзӯъ ба Паёмбар (с) матраҳ шуд. Паёмбар (с) фармуданд: Эй Усома, чаро ӯро пас аз «Ло илоҳа иллаллоҳ» гуфтанаш куштӣ? Гуфтам: Он мард аз тарс ин калимаро гуфт. Вале Паёмбар (с) гаштаю баргашта ин ҷумларо такрор мекард. Усома (р) мегӯяд, ки ба андозае аз ин калима нороҳат шудам, ки орзу кардам кошки баъд аз ин воқеа мусалмон мешудам, то муртакиби ин гуноҳи бузург намешудам ва боиси хашми Расули Худо (с) намегаштам».
Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд:
مَنْ حَمَلَ عَلَيْنَا السِّلاَحَ فَلَيْسَ مِنَّا
«ҳар ки ба сӯи уммати ман силоҳ бардорад, аз уммати ман нест». (Ривояти Тирмизӣ)
Воқеае, ки чанде пеш дар яке аз масҷидҳои Миср шуда, ба тарафи намозгузорон тир кушоданд ва сабаби кушта ва захмин шудани зиёда аз 200 нафар гаштанд ва ё воқеаи террористие, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ДИИШ дар маркази фарҳангии шаҳри Кобули давлати Афѓонистон шуда гузашт, сар то сар хилофи дастуроти Ислом мебошад, ки мо ба ин гуна мусулмонони номусулмон нафрин мехонем. ҳаққо, ки Пешвои миллат фармуданд: «Террорист дин, миллат, Ватан ва мазҳаб надорад». Инсон, ки мукаррамтарин офаридаи Худованд дар рӯи замин аст, дар назари онҳо камтарин арзише надорад.
Гурге андар пӯстини баррае,
ҳар замон андар камини баррае.
Мушкилоти ҳазрати Инсон аз ӯст,
Одамиятро ѓами пинҳон аз ӯст.
Дар нигоҳаш одамӣ обу гил аст,
Корвони зиндагӣ беманзил аст.
Ақлу фикраш бе иёри хубу зишт,
Чашми ӯ бенам, дили ӯ сангу хишт.
Пешвои миллат дар Паёмашон доир ба ҷавонон ва тарбияи дурусти онҳо чунин гуфта гузаштанд: «ҷавонони мо ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватану миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Дар бораи дӯст доштани Ватан, ки аз шохаҳои имон аст, Расули Акрам (с) фармудаанд:
اللهُمَّ حَبِّبْ إِلَيْنَا الْمَدِينَةَ كَحُبِّنَا مَكَّةَ أَوْ أَشَدَّ
Худоё, Мадинаро барои мо маҳбуб гардон, чунонки Маккаро бароямон маҳбуб гардонидӣ ё зиёдтар аз он. (Ривояти Бухорӣ)
Аз ин ҳадис дониста мешавад, ки дӯст доштани Ватан аз шохаҳои имон аст. Аммо дӯст доштани Ватан танҳо ба забон набуда, аз рӯи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат бо иҷрои ин амалҳо муҳаққақ мешавад: 1. ҳимоя кардани Ватан. 2. Бо дӯстиву рафоқат бо ҳамватанон зиндагӣ кардан. 3. Хиёнат накардан ба Ватан ва мардуми он ба хотири манфиати шахсии худ. 4. Кӯшиш кардан барои якпорчагии кишвар ва муттаҳидии ҷамъияту халқи он. 5. Боздоштани зарар аз Ватан ва аҳли он. 6. Монеъ шудан аз он чи ба Ватан ва қонунаш мухолифат кунад. 7. Дифоъ кардан аз замин, марзу бум ва манҳаҷу қонунаш, ҳар кас ба қадри тоқат, қудрат ва масъулияташ. 8. Ёрӣ додан ба касе, ки амри сиёсати мамлакатро ба даст дорад, бо амали содиқона ба онҳо ва итоати онҳо ва хайрхоҳ будан дар ҳаққи онҳо.
Дар ин бора ҳазрати Паёмбар (с) фармудаанд:
الدِّينُ النَّصِيحَةُ ثَلاَثَ مِرَارٍ ، قَالُوا : يَا رَسُولَ اللهِ لِمَنْ ؟ قَالَ : لِلَّهِ ، وَلِكِتَابِهِ ، وَلأَئِمَّةِ الْمُسْلِمِينَ وَعَامَّتِهِمْ.
Дин хайрхоҳӣ аст ва се бор инро такрор карданд. Пурсида шуд, ки барои кӣ, эй расули Худо? Гуфтанд: Барои Худо ва китобаш ва Пайѓамбараш ва роҳбарони мусулмонон ва инчунин барои ҳамаи мардум. (Ривояти Муслим).
Дар дар банди 71-72-и китоби «Ақидаи Таҳовӣ» омадааст: «Шамшер кашиданро ба ҳеҷ яке аз уммати Муҳаммад (с) раво намедорем, магар касе, ки ба ӯ воҷиб шуда бошад. Саркаширо аз итоати амри сарварони умури мусулмонон раво намебинем, агарчи ҷавру зулм мекарда бошанд, бар ҳеҷ яке аз онҳо дуои бад намекунем ва аз итоати онҳо даст намекашем, тоати онҳоро аз тоати Худованд мешуморем. Амри онҳоро бар худамон фарз медорем, модоме ки ба маъсият ва нофармонии ҳақ амр накунанд ва бояд, ки барои онҳо ба салоҳу некӯии ҳол ва некӯии дину дунё дуо кунем. Бояд аҳли адл ва амонатро дӯст дорем ва аҳли ҷавр ва хиёнатро бад бинем».
Хулоса, он чи ки дар Паёми Президенти кишварамон омадааст, ҳамааш аз рӯи адл буда, барои некӯаҳволии мардум ва хайрхоҳӣ бар халқу Ватани азизамон мебошад. Пешвои миллат дар Паёмашон фармудаанд: «Вазифаи ҳама нигоҳ доштани сулҳу субот ва тинҷию оромии мамлакат мебошад. Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд».
Чунон дину давлат ба ҳам андаранд,
Ту гӯӣ ду дурре зи як гавҳаранд.
На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой,
На бе тахти шоҳӣ бувад дин ба пой. (Фирдавсӣ).
Мо, аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии Паёми Президенти кишварамон ба Шӯрои Олии мамлакат ҳамаҷониба талош мекунем ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамонро дастгирӣ намуда, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки ҳамеша тинҷию оромӣ, сулҳу субот ва амнияту осудагиро дар кишвари азизамон пойдору устувор гардонад, роҳбари давлатамонро дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад ва саодатмандию сарбаландии дунё ва охиратро барояшон ато фармояд. Омин.
Худоё, чунон кун дар анҷоми кор,
Ту хушнуд бошию мо растагор.
Мирзоолим АЗИМОВ,
сархатиби ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, узви Шӯрои уламои
Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر