الصفحة الرئيسية المقالات Хизмат ба ислом не, сӯистифода аз ислом мекунанд

Хизмат ба ислом не, сӯистифода аз ислом мекунанд

Хизмат ба ислом не, сӯистифода аз ислом мекунанд
2018-01-16
3173

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва вазъи ҳассоси ҷомеа рӯз то рӯз ҳар гуна тангназару ихтилофангезон, шахсони манфиатхоҳ ва гумроҳ мехоҳанд бо пайвастагӣ ба дини мубини ислом ҳизбу созмон ва равияҳои гуногуни диниро созмон дода, аз номи дини мубини ислом сӯйистифода кунанд. Яъне созмон додани ҳизбу гуруҳ ва ё созмоне бо пайвастагӣ ба дини мубини ислом аз он ҷиҳат, ки мардум бештар ба ин дини муборак эътимоду эътиқод доранд сурат гирифта, саркардагони ин созмону равияҳои ифротӣ бар он назаранд, ки маҳз бо истифодаи номи поки дини ислом онҳо метавонанд сафи аъзоёни равияи хешро афзун гардонида, бо ин васила нақшаву амалҳои ихтилофангезонаи хешро ҳарчӣ зудтар анҷом диҳанд.

Дар ин маврид фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии «Ҳизби Таҳрир», «Салафия», «Таблиғ», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «Давлати исломӣ», «Толибон», «Ҳизби наҳзати ислом» ва ғайраро метавон мисол овард, ки ҳадафи аслии онҳо маҳз бо пайвастан ва истифода аз номи дин амалисозии нақшаву ниятҳои нопоки хеш маҳсуб меёбад. Агар ба моҳияи фаъолияти ин созмону равияҳо назар афканем, маълум мегардад, ки ҳадафи ниҳоии онҳо маҷбуран аз байн бурдани низоми кишварҳои мусулмоннишин ва аз ҳисоби ин кишварҳо таъсис додани «хилофати ягонаи исломист». Омӯзиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва оинномаву низомномаҳои ин ҳизбу равияҳо ин андешаро исбот намуда, аъзоёни ин созмонҳо мунтазам бо ҳар восита ба тарғиби ошкорои ҳадафи дар пешгузошташудаашон кӯшиш намуда, бар зидди истиқлолияти давлатҳои мусалмоннишин ҳамеша мубориза мебаранд. Масалан мақсади асосии оинномавии «Ҳизби Таҳрир»  «бунёди хилофати ягонаи исломӣ» буда, мунтазам ин ҳадаф дар варақаҳои тарғиботии васеъ ва ошкоро паҳн мегардад. Ҳамзамон ҳадафи гуруҳи ифротии «Давлати исломӣ» бошад чунин буда, аллакай аз ҷониби ин созмони тундгаро харитаи сиёсии хилофати исломӣ таҳия ва дар расонаҳо паҳн гардида буд.

Ҳамин тариқ ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ мақсади ниҳоияш барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар ва бо роҳи зуроварӣ ба даст овардани ҳокимият буда, бо ин васила кӯмак кардан ба гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез барои расидан ба мақсадҳои разилонаву манфурашон ба ҳисоб меравад. Аз ин бармеояд, ки онҳо нақшаву қасди куштори мардуми мусалмонро доранд. Дар ин маврид дар Сураи Нисо ояти 93 омадааст, ки: «Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; Худо бо ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст».

Бо дарки масъулияти баланд ва ифтихори миллӣ моро зарур аст, ки дар мубориза бо ин гуруҳҳои ифротӣ ҳамеша омода бошем ва нагузорем, ки ин ҷинояткорон ба истиқлолияту озодиву ободии кишвар осебе расонанд.

Рустамҷон Охунов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Қорӣ Сулаймони н. Рӯдакӣ

وقت الصلاة في طاجيكستان

07.05.2024

أكثر
الفجر03:40
الظهر12:40
العصر17:29
المغرب19:34
العشاء21:04
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر