Мазҳаби мо –наҷоти мо

Солҳои охир ҷаҳони ислом ғўтавари воқеаҳое гаштааст, ки ҳам аз назари шариат ва ҳам аз дидгоҳи ақли солим қобили қабул нест. Кас наметавонад бовар кунад, ки ин ҳама куштору даҳшат аз рӯи Қуръону суннат бошад. Имрӯз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, кидар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа сар задании ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.
Дарди ихтилофу тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифта, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки ба номи ислом мусулмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ намудани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Имоми Аъзам (р) онҳоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динӣ медиҳанд. Дар ҳаққи чунин «даъватчиён» Расули Худо фармудаанд:
«Гурӯҳе аз доиён бар дари ҷаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, хусусан байни кишварҳои мусулмонӣ ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф шинохта шуда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар саросари олам иқдомҳое роҳандозӣ мешаванд, ки барои таҳкими робитаҳо ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми сайёра кумак мекунанд.
Чунин хизматҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи 500 мусулмони пурнуфузтарини ҷаҳон қарор дода шуданд.
Дар ҳақиқат ҷои шукургузорист, ки мо имрӯз дар Ватани зебову гулгулшукуфон ва дар фазои сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ хушҳолона умр ба сар бурда истодаем, ки ин неъмати бебаҳоро ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад.
Бинобар ин, мо бояд ба қадри ваҳдати миллӣ бирасем ва мазҳаби аҷдодиро дар Тоҷикистони азизамон устувор нигоҳ дорем. Зеро ваҳдату мазҳаби мо роҳи наҷоти мо аз ҳар гуна афкору андешаҳои ифротиву тафритист.
Абдурақиб Маҳмадиев,
имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи
Имоми Аъзами шаҳри Роғун
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر