Ифротгароӣ – хиёнат ба давлату миллат ва дину мазҳаб

Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд.
Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, дар низомномаҳо ва дар маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст ва ҳеҷ ҷои шаккеро боқӣ намемонад. Масалан:
- ташкилоти террористии “Ҳизби таҳрири исломӣ” солҳост, ки дар оиннома ва варақаҳои таблиғотии худ ба таври расмӣ назарияи “бунёди хилофати ягонаи исломӣ”-ро таблиғу ташвиқ менамояд, ки дар он давлатҳои мустақили минтақаи мо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, фақат ҳамчун ноҳияҳои хурди таркиби ин “хилофат” пешбинӣ шудаанд: умуман, таъсиси “хилофат” ва маҷбуран ба он тобеъ кардани давлатҳои мустақили мусулмоннишин мақсади асосии оинномавии ин ҳизби ифротӣ ба ҳисоб меравад;
- созмони даҳшатангез ва ифротгарои “Давлати исломӣ” (ДИИШ) бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо паҳн ва таблиғ мекунад: агар ба ин харита нигарем, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла, давлати мустақили мо, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд.
Ҳамин тавр, ҳаракати имрӯзаи ифротгароии динӣ ва гурӯҳҳои ифротии динӣ бар зидди мавҷудият ва истиқлолияти давлатҳои мустақил буда, ошкоро мақсад гузоштааст, ки ҳамаи давлатҳои мусулмоннишинро бо зӯрӣ ишғол карда, ба тобеияти худаш дарорад.
Ин нақшаи ифротгароёни динӣ барои мо, барои давлати мо ва барои мардуми мо аз назари амалӣ чӣ маъно ва чӣ хатар дорад? Дар ин бора бояд, пеш аз ҳама, ба ду нукта таваҷҷуҳ намоем:
Нуктаи якум: Тавре зикр шуд, ҳаракатҳои ифротгарои динӣ истиқлолият ва мавҷудияти ягон давлати мустақилро эътироф намекунанд. Пас, онҳо истиқлолият ва мавҷудияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҳамчун давлати мустақил эътироф надоранд. Бинобар ин, ҳамчун давлати мустақил аз байн бурдани Тоҷикистон ва ба як ноҳияи хурди хилофати худашон табдил додани кишвари мо яке аз ҳадафҳои ифротгароён мебошад.
Агар содатар гӯем, хатари ҷиддии ифротгароён барои Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо Тоҷикистонро аз байн мебаранд ва ҳамчун давлат нобуд месозанд. Пас, ифротгароии динӣ ба худи мавҷудияти давлати Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил хатари бевосита дорад. Он арзиши асосии мавҷудияти миллии моро, муқаддастарин сармояи таърихии моро, яъне давлату давлатдории миллии моро ҳадаф қарор додааст. Ин нуктаи муҳим ва ҳаётиро бояд ҳеҷ як шаҳрванди ватандору ватандӯсти Тоҷикистон фаромӯш накунад!
Нуктаи дуюм: Омӯзиши ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, адабиёт ва маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротгарои динӣ нишон медиҳад, ки онҳо аз тариқи фаҳмондадиҳӣ ва таблиғоти осоишта паҳн кардани арзишҳои исломиро кофӣ намедонанд. Баръакси ин, онҳо маҳз бо роҳи зӯрӣ ва ҷанг ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, дар он кишварҳо ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ ва бо зӯрӣ зери итоати худашон даровардани ин кишварҳоро ҳамчун тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Баробари ишғол кардани кишварҳои мусулмонӣ, ифротгароёни динӣ дар онҳо ҳокимияти золимонаи худро ҷорӣ карда, мардуми он кишварҳоро ғулом ва сарватҳои табиии ин кишварҳоро моликияти худ намуда, ба истифодаи бераҳмонаи ин сарватҳо оғоз мекунанд.
Масалан, ҳоло гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки баъзе аз вилоятҳои нафтхези кишварҳои Сурия ва Ироқро ишғол намудааст, захираҳои нафтии ин кишварҳоро, ки сарвати миллии мардуми Сурия ва Ироқ мебошад, бо нархи ночиз ба бозори сиёҳ бароварда мефурӯшад. Агар ҳоло нархи як баррели нафт дар бозори расмӣ ҳудудан 45-50 доллари ИМА бошад, гурӯҳи “Давлати исломӣ” нафти Ироқро ҳоло бебаркаш бо нархи 20-25 долларӣ ба фурӯш гузоштааст. Аз ин ҳисоб ширкатҳо ва давлатҳои алоҳида миллиардҳо доллар фоида ба даст меоранд.
Ҳамин тавр, фаъолсозии гурӯҳҳои ифротгароии динии имрӯзаро як роҳи нави ишғолгарӣ ва тарзи нави истисмори кишварҳои мусулмоннишин аз тарафи баъзе кишварҳои абарқудрат донистан мумкин аст. Аз ин сабаб, аз тарафи тарроҳони ин ҳаракатҳои ифротии динӣ вазифаи онҳо на паҳн кардани арзишҳои исломӣ, балки маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва сипас, ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳо муайян карда шудааст.
Аз ин нукта метавон хулоса баровард, ки ифротгароии динӣ як роҳи нави ишғолгарӣ, як варианти нав ва бисёр нозуки истисмор ва истилогарӣ мебошад, ки пеш аз ҳама, ба истиқлолият ва мавҷудияти кишварҳои мусулмонӣ таҳдид мекунад. Дарки ин нуктаи муҳим ва дарки кӣ будани ин гурӯҳҳо бояд муносибати ҳар як мусулмон ва ҳар як шаҳрвандро нисбати онҳо муайян кунад.
Бознашр аз сомонаи кумитаи дин
Мутахассиси пешбар
Сафаров Диловар
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر