Қиссаи билқис – маликаи сабо

Ҳазрати Сулаймон (а) писари Довуд пайғомбар (а) ба ҳамагон шинос асту муаррихону муфассирон дар борааш қиссаҳои ибратангезу хондании зиёде нақлу ривоят кардаанд.
Худованди таоло дар чандин ҷойи Каломи азиму-ш-шаънаш – Қуръони карим, дар мавриди пайғомбараш Сулаймон (а) таъкид фармудааст.
Ҳазрати Сулаймон (а) мисли дигар пайғомбарони Худо дорои муъҷизоти хоси худ буда, саргузашти ӯ аз тамоми пайғомбарон фарқ мекунад. Масалан, Худованд ба пайғомбараш – Сулаймон (а) пайғомбарӣ ва подшоҳиро дар як вақт дода буд, ки ба ягон пайғомбари дигараш надода буд. Подшоҳии Ҳазрати Сулаймон (а) танҳо ба инсонҳо марбут ва мунҳасир набуда, балки тамоми махлуқот, аз ҷумла инс, ҷин (деву парӣ), паррандагону хазандагон ва чарандагону даррандагон ва ҳатто падидаҳои табии монанди боду вулқон (дар умум барру баҳр) низ зери фармон ва итоати ӯ буданд. Инчунин, Ҳазрати Сулаймон (а) забони тамоми махлуқотро низ медонист.
Дар мавриди гуфтаҳои боло қиссаҳои «Ҳазрати Сулаймон (а) ва ҳудҳуд», «Ҳазрати Сулаймон (а) ва шоҳи мӯрон», «Ҳазрати Сулаймон (а) ва маликаи шаҳри Сабо» ва ғайра маъруфанд.
Мо тасмим гирифтем, ки қиссаи маликаи Сабо – Билқисро аз «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» ба хонандагони азизи рӯзномаи «Файзи Пешво» таҳия ва тақдим намоем. Чунки хонандагони азиз, аз ҷумла мухлисону дӯстдорони фарҳанги исломӣ (ҳарчанд қиссаи аз шаҳри Сабо ва маликаи он – Билқис хабар овардани ҳудҳуд ва ба никоҳи Ҳазрати Сулаймон (а) даромадни Билқисро хондаву аз он мутталеъ шуда бошанд ҳам) шояд қиссаи худи Билқис, яъне таваллуду ба воя расидани ӯро нахонда бошанд.
Аз ин лиҳоз, қиссаи мазкурро таҳия ва манзури хонандагону дӯстдорони фарҳанги исломӣ намоем. Ногуфта намонад, ки ҳангоми таҳияи қиссаи мазкур кӯшиш намудем, то калимоти душворфаҳмро ба калимоти осонфаҳм иваз намуда, сабку услуби забонии онро, ки ба асри 9-10 тааллуқ дорад, ба сабку услуби забони адабии ҳозираи тоҷик мувофиқ созем…
Худои таборак ва таоло Сулаймонро, алайҳи-с-салом, пайғомбарӣ ва подшоҳӣ дода буд, ки ҳеч касро он чунон надода буд ва ҳаргиз низ то қиёмат набошад. Ва Худои азза ва ҷалла бодро ва мурғонро ва девонро ва париёнро – ҳама мусаххари ӯ карда буд, то ҳама фармонбардори ӯ гашта буданд ва ҳар чӣ ӯ мехост, он мекарданд. Ва Худои таоло ӯро некӯиҳо бисёр дода буд. Ва бо ин ҳама мулкат Билқисро низ ба наздики ӯ овард, то Сулаймон ӯро ба занӣ гирифт ва он тахти Билқисро девон ба наздики ӯ оварданд. Ва аз ин ҷо буд, ки Сулаймон Худои азза ва ҷалларо шукр кард, ки Билқис наздики ӯ омаду мусалмон шуд ва девон он тахти Билқис наздики ӯ беранҷ оварданд.
Ва Билқис зане буд сахт некӯрӯй, чунончи ба вақти ӯ ба ҷаҳон андар некӯрӯйтар назод ва набуд. Ва модари ӯ парӣ ва падараш одамӣ буд. Ва падари Билқис Бусараҳ ном дошт. Ва ин Бусараҳ малике бузург буд ва вилояти юнониён ҳама ӯро буд. Пас, як рӯз ин Бусараҳ бо сипоҳ ба шикор берун рафта буду бо ғуломе аз сипоҳ ҷудо афтода буд ва дар биёбоне мерафт. Аз дур нигоҳ кард, ду мор дид ба ҳам баровехта, яке аз он мор сиёҳ буду зишт ва он дигар сафед буд. Ва он мори сиёҳ бар ин мори сафед ғолиб шуда, ӯро ба зер дароварда буд ва мехост, ки бикушад. Малик Бусараҳ, ки онро бидид, ғуломи хешро бигуфт: «Бирав, он мори сиёҳро аз он сафед ҷудо кун ва он мори сиёҳро бикуш». Ғулом мори сиёҳро бикушт ва мори сафед беҳуш гашта буд. Ин ғулом ӯро бар астаре барниҳод ва пеши малик Бусараҳ овард. Бусараҳ ғуломро фармуд, то морро бар он астар ниҳаду нигоҳ дорад ва мерафтанд, то ба лаби обе расиданд ва морро он ҷо бинҳоданд ба хике об ва худ бирафтанд ва ба назди сипоҳ бозомаданд. Пас, малик ва сипоҳ ба шаҳр бозомаданд.
Дигар рӯз, чун вақти хоби нисфирӯзӣ буд, малик Бусараҳ ба хонае андаррафт ва парда фурӯ гузошту бихуфт. Ҳоҷибон ва дарбонон бар дари сарой буданд. Пас, малик як замон бихуфт, чун аз хоб бедор шуд, ҷавонмарде дид ба миёни хона истода, некӯрӯй ва дасте ҷомаи некӯ андарпӯшида. Малик Бусараҳ аз он кор сахт тарсид ва бинишаст ва ба ӯ гуфт: «Ту кистӣ? Ва ба фармони кӣ бад-ин хона даромадӣ, ки ҳоҷибону дарбонон ва навбатдорон бар дари сарой буданд, туро кӣ ба ин хона иҷозати даромадан дод»? Ҷавонмард гуфт: «Ҳеч матарс, ки ман одамӣ нестам, париям ва писари меҳтари париёнам ва ман он мори сафедам, ки ту маро аз дасти он мори сиёҳ бираҳонидӣ ва ба лаби об овардӣ, то ҳуш ба ман бозомад ва он мори сиёҳ, ки маро бихост куштан, ғуломи зангие аз они падари ман буд ва солҳои зиёд буд, ки маврид меҷуст, то маро ҷое танҳо даст барниҳад ва бикушад. Ва ба он вақт маврид ёфта буд ва маро бихост куштан. Ва ту биёмадӣ ва маро аз дасти ӯ бираҳонидӣ ва ба лаби об овардӣ, то ҳуш ба ман бозомад. Акнун бад-он омадам, то мукофоти ту ба чизе, ки ту хоҳӣ боздиҳам. Агар хоҳӣ, то ман туро табибӣ биёмӯзам, ки ҳар дарду иллате, ки фарзандони одамро бошад, ту онро илоҷ тавонӣ кардан. Агар ин нахоҳӣ, то ман туро роҳ намоям ба ҷое, ки ганҷ бошад, хоҳӣ яке, хоҳӣ ду, хоҳӣ се, ки бардорӣ».
Малик Бусараҳ гуфт: «Бад-ин ки ту ҳамегӯӣ, маро ҳеч ҳоҷат нест, аз баҳри он ки малик чун табибӣ кунад, ӯро айб бошад. Ва аммо ҳадиси ганҷ, маро худ ганҷҳо бисёр аст ва ҳама мерос ёфтаам аз падарон». Ин парӣ гуфт: «Пас, агар туро ин ба кор нест, маро хоҳаре аст, ки ҳеч одамӣ ба ҳусну дидори ӯ бар пушти замин наёбӣ. Агар хоҳӣ, то ӯро ба занӣ ба ту диҳам». Малик чун ҳадиси хоҳар шунид, гуфт: «Раво бошад, хоҳам, ки ӯро ба ман ба занӣ диҳӣ». Ин парӣ гуфт: «Агар хоҳари маро хоҳӣ, туро наздики касони ман бояд омадан». Малик гуфт: «Маро куҷо бояд омадан ва ҷойгоҳи ту куҷо бошад»? Парӣ гуфт: «Ман туро бибарам, валекин чунон бояд, ки ту танҳо бошӣ ва ҳеч халқ бо ту набошад ва ман туро ба ҷои хеш барам». Ин малик гуфт: «Раво бошад».
Пас, парӣ ҳар ду чашми малик устувор бубаст ва ӯро бо хештан миқдори масофае бибурд. Пас, парӣ ӯро биншонд ва чашми ӯ бигшод. Малик Бусараҳ дид, ки ӯ андар боғе чун биҳишт аст ва дар он боғ меваҳои гуногун буд ва пеши малик меоварданд, то ӯ бо таомҳои гуногун ҳамехӯрд. Пас, канизакон бисёр меомаданд, то як замон баромад, хоҳари ин парӣ омад. Пас ин бародар он хоҳари хеш пеши малик биншонд ва он канизаконро ҳама бар сари ӯ ба пой дошт. Малик чун бад-он зани парӣ нигарист, аз ҳусну зебогие, ки он зан дошт, ҳуш аз ӯ бирафт.
Пас, бародарашро гуфт: «Акнун ӯро ба занӣ ба ман деҳ». Гуфт: «Сипос дорам ва ӯро ба занӣ ба ту диҳам, валекин одати ӯ нахуст бо ту бигӯям ва арза дорам. Бидон, ки ту маликӣ – аз фарзандони одам ва ту аз гӯшту устухонӣ ва Худованди азза ва ҷалла туро аз гил офаридааст ва ӯро аз рӯшноӣ ва забонаи оташ офаридааст... Ва ин хоҳари ман зани ту бошад, то ту бо ӯ хуш бошӣ ва ӯ бо ту хуш бошад ва сурати ӯ ҳамчун сурати ту бошад ва бо ту ҳаме зиндагонӣ кунад ва агар бе ҳеч гуна аз муроди ӯ берун равӣ, ҳама кору кадхудоии ту зеру забар кунад ва аз сарои ту биравад ва ҳаргиз ӯро дарнаёбӣ». Малик Бусараҳ ин шартҳо бипазируфт аз ин парӣ ва гуфт: «Маро чӣ бояд кардан, то ба ҷуз аз он накунам». Гуфт: «Ҳар чӣ ӯ бикунад, туро ризо бояд додан». Гуфт: «Сипос дорам». Пас, ин парӣ хоҳари худро бад-ин шарт бад-ӯ дод ба занӣ ва ҳафт рӯз ин малик Бусараҳро меҳмон дошт ва аз ҳар навъ таом пеши ӯ ҳамедошт.
Пас, ин малик Бусараҳ дастур хост аз он парӣ ва гуфт: «Ҳама аҳли Юнон ва ҳама сипоҳи ман ба ғам сахт андаранд ва намедонанд, ки ман куҷоям». Ва ин парӣ ӯро иҷозат дод ва он хоҳари хешро бад-ӯ супурд. Ва малик Бусараҳ бархост бо зани парӣ, бад-ин ҷойгоҳи хеш бозомад ва бо ин зан зиндагӣ ҳамекард.
Ва зани парӣ аз ӯ бор гирифт ва писаре ба дунё овард, ки ҳеч одамӣ аз ӯ накӯтар ва зеботар набуд. Ва чун он писар аз модар ҷудо шуд, модараш каме шир бад-он писар дод. Пас, он гоҳ яке ҷома андарнавишт ӯро, бифармуд, то як харвор ҳезуми хушк оваранд. Ва оташи бузурге бикарданд ва ин писарро бад-он оташ андохт. Чун ин писар ба миёни оташ расид, он ҷо гум шуд ва ҳеч кас ӯро наёфт. Ва мардум хабари мужда додан сӯи малик бурданд, ки туро писаре бад-ин ҳол омад ва аз ин мужда ӯ шод шуду хост, то ӯро бубинад. Пас, ба ӯ хабар бурданд, ки малика ӯро ба оташ андохт. Малик ба хештан андарафтод ва бисёр бигирист ва бо хештан зад ва ҳеч заҳра ва ёраи он надошт, ки ба зани парӣ гуфтӣ: «Чаро кардӣ»? Аз бими он ки агар чизе гӯяд, ин зан биравад ва бознаёяд. Пас, хомӯш буд ва бо хештан гуфт: «Чӣ тавонам кардан, бояд ки яке дигар ояд». Пас, хомӯш буд ва ҳеч чиз занро нагуфт ва ҳамчунон шод ҳамебуд бо ин зан, то дигарбора зан бор гирифт.
Ва чун вақт фаро расид ва бор бинҳод, духтаре сахт некӯрӯй ва хубрӯй биёвард. Чун духтар аз модар ҷудо шуд, ӯро каме шир бидод ва ба яке ҷома андарнавишт ва овозе бидод ва чун нигоҳ кард, саге омад. Ин зан духтарро пеши саг бинҳод ва саг духтарро баргирифт ва нопадид шуд ва ҳеч ҷой он сагро наёфтанд. Пас, чун ин хабар ба малик Бусараҳ бирасид, бисёре бо хештан зорӣ кард ва бар зан ҳеч пайдо накард ва хомӯш шуд ва бо зан шод ҳамебуд, то чанд муддат баромад.
Пас, маликро душмане пайдо омад ва бар миқдори бист манзилгоҳ ба сарҳад андаромад ва ин маликро ҳеч чора набуд, ба ҷанги ӯ боист рафтан. Пас, кори ба ҳарби он душман рафтан бисохт. Ҳар чӣ ба Юнон сипоҳ буд, ҳамаро гирд кард ва ин занро аз хештан ҷудо натавонист кард, пас ӯро бо хештан бурд ва бирафтанд. Ва бад-он роҳи эшон андар биёбоне буд, ҳафтрӯза таом ва шароб барбоистӣ гирифтан.
Ва сабаби омадани он душман чунон уфтода буд, ки малике буд, ӯро Зоавон гуфтанд. Ва Бусараҳро аз он ноҳияти Зоавон вазире буд. Ва ин вазири Бусараҳ бо он малики Зоавон сир яке дошт. Ва бо ӯ рост карда буд, ки бархезад ва ба ҳадди Бусараҳ андарояд, то Бусараҳ ба ҳарби ӯ равад. Ва гуфта буд ин вазир, ки: «Чун Бусараҳ ба ҳарби ту ояд, ман ӯро осон ба дасти ту диҳам, то ҳама вилояти Юнон туро гардад».
Пас, ин малик Зоавон як шиша заҳри қотил сӯи ин вазир фиристод ва ӯро фармуд, ки: «Чун ба биёбон андароянд, ту ин заҳр ба таом ва шароби эшон андарафкан, то эшон ҳама бимиранд». Ва чун ба миёни биёбон бирасиданд, вазир он заҳр ба таоми эшон андаркард. Ва ин парӣ аз он огоҳ шуд ва низ ҳеч халқ аз он хабар надошт. Чун ба манзил бирасиданд, ин парӣ корд андарниҳод ва он машкҳо ҳама бидарид ва обро ба дашт рехт ва он харворҳо аз ӯ ҳама ба бод бардод. Ва малик Бусараҳ аз ин кор сахт дар ғазаб шуд. Ва гуфт: «Ин кор аз дурустӣ ва шодӣ гузашт ва ин биёбони хушк аст ва ин ҷо на таом ёбанд, на шароб ва мо ҳама аз гуруснагӣ ва ташнагӣ ҳалок гардем, ин ҳадис бо ӯ пайдо бояд кардан, то мо чӣ кунем». Малик Бусараҳ пеши ин зан биншаст ва гуфт: «Эй зан, бидон, ки моро яке писар буд бад-он некӯӣ ва ту ӯро ба оташ афкандӣ. Пас аз он духтаре чун нигоре, ту ӯро ба саг додӣ. Ва ман бад-ин, ки ту кардӣ, бо ту ҳеч сухан накардам. Имрӯз бо ин лашкар ҳеч таом ва шароб намонд ва ту ин таоми мо ба бод додӣ ва ин шароби мо бирехтӣ, чаро кардӣ»? Ин зан гуфт: «Ман ин хуб кардам ва ин ҳама туро бозгӯям, валекин аз паси ин сухан маро ҳаргиз набинӣ. Аммо он писар, ки ӯро бар оташ андохтам, он оташ дояи ман буд ва ӯ ба чашми мардумон чун оташ намуд ва он писар ба дасти он доя бимурд ва аҷалаш биёмад, ҳамчунон-ч дигаронро ояд. Аммо духтар, ки сагро додам, он саг набуд, дояи ман буд ва духтар ӯро додам, то шир ҳамедиҳад. Акнун он духтар ба дасти он доя ҳаст ва шир ҳамехӯрад ва калон гаштааст ва бо либос ва пирояи некӯст. Ва ҳам акнун бифармоям, то ӯро пеши ту оваранд ва ӯро ба ту супоранд, то ту ӯро бидорӣ. Аммо ин таом ва шароб, ки бирехтам ва ба бод додам, аз баҳри он кардам, ки ин вазир бо душмани ту сир яке дошт ва он душман заҳр сӯи вазири ту фиристода буд ва он заҳр ба таом ва шароби ту андаркарда буд, хост, ки туро ин ҷо бо ҳама лашкар бикушад. Ва агар хоҳӣ, ки туро ошкоро гардад, бифармой, то аз он машкҳо каме об фароҳам оваранд, гирд кун ва вазирро бихон ва ӯро деҳ, то бихӯрад».
Пас, малик бифармуд, то аз гӯшаи машкҳо қадре об, ки дар он ҷо бимонда буд, ба ҳам оварданд ва дар қадаҳе карданд ва вазирро бихонд ва гуфт: «Ин об бихӯр». Вазир медонист ва бознамехӯрд. Пас, малик ба исрор бифармуд, ки: «Агар бозхӯрӣ ва гарна бифармоям ва гарданат бизананд». Вазир битарсид ва он бозхӯрд ва дарҳол биёмосид ва бимурд. Пас, малик Бусараҳ бидонист, ки ҳама рост буд, ки занаш мегуфт. Пас, зани парӣ овозе бидод ва он саг биёмад ва он духтарро биёвард ва бузург ва некӯ шуда буд ва ҷомаҳо ва зеварҳои некӯ бар ӯ карда буд. Ва чунон некӯрӯй духтаре буд, ки ҳеч одамӣ ба ҷамоли ӯ набуданд. Ва модар он духтарро ба падар супурд ва гуфт: «Ин духтари ту аст ва туро супурдам ва ман рафтам, ки ҳаргиз маро набинӣ». Ва он зан нопадид шуд ва баъд аз он ҳаргиз малик ӯро боз надид. Ва малик духтарро ба хона бурд ва ӯро медошт ва ӯро Билқис ном кард ва ӯро ҷойнишини хеш гардонид.
Ва чун малик Бусараҳ аз дунё бирафт, подшоҳии Юнон ба Билқис бимонд ва мулкату подшоҳӣ меронд, то он вақт, ки Сулаймон, алайҳи-с-салом, ӯро бихонд ва мусалмон гардонид ва ӯро ба занӣ гирифт.
Таҳия ва тақдими Имомиддин Солиев, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Мавлоно Фатҳуллоҳи Чустӣ»
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
خطاب رئيس المركز الإسلامي

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
أكثر